Сафари обӣ. Домбурӣ

Баъд аз фоҷиаи Хуҷанд кори Темурмалик рӯз то рӯз душвор шудан гирифт: озуқа ва яроқу аслиҳа аз ҳеҷ ҷо ба ӯ намеомад, аз ваҷҳи шамшер, найза, гурз ва табарзин барин яроқҳо бисёр тангӣ накашад ҳам, тир, ки як чизи бисёр сарфшаванда ва яроқи умумии асосӣ буд, кам шудан гирифт; – барои тирсозӣ чӯб ва пару пайкон ҳам дар дасти ӯ кам монда буданд; дар ҷангҳои шабехунӣ ҷанговаронаш ҳам кам шудан гирифтанд. Муғулон бошанд, торафт аскар ва ҳашари худро зиёд карда, кори дар об роҳи хушкӣ сохта ба қалъаи обӣ расонданро пеш мебурданд.

Темурмалик дид, ки дигар дар он ҷо пойдорӣ карда истодан ҳеҷ фоида надорад, пас, ба ин фикр омад, ки аз он ҷо сафар кунад, то ки дар ягон ҷойи муносиби дигар аз душманон бисёртар кушад ва дурусттар интиқом гирад ва ӯ барои ба амал овардани ин фикр шабе ба ҷанговарони худ фармуд, ки ҳар чизеро, ки дар қалъа ҳаст, ба киштиҳои сарпӯшида бор карда, онҳоро барои сафар тайёр кунанд, худаш ба қаиқе савор шуда, ба хушкӣ баромаданӣ шуд.

Рафиқони Темурмалик аз ин ҳаракати ӯ дар шубҳа афтода, дар дили худ гузарониданд, ки мабодо ӯ ба хушкӣ баромада, худро яккаву танҳо ба урдуи муғулон зада талаф шавад ва ба ин мулоҳиза ба хушкӣ баромадани ӯро манъ карданд.

Дар шаҳри сӯхта хокистаргардида ва аҳолияш кушташуда акнун туро чӣ мондааст? Агар дар пайи зану фарзандат мерафта бошӣ, бояд донӣ, ки тақдири онҳо ҳам аз тақдири хешу табори мо ва ҳамаи мардуми шаҳри мо фарқ накардагист. Дар вақте ки мо ба ин мусибати ҷонгудоз сабр мекунем, дар суроғи бозмондагони худ рафтани ту ба шаъни ту муносиб нест, ки дар пайи ҷустуҷӯйи бефоида худро ба таҳлука андозӣ. Ба ту лозим аст, ки зиндагии худро нигаҳдорӣ карда, моро дар интиқомгирӣ аз душманон сардорӣ кунӣ.

Ман, – гуфт Темурмалик, - аз он вақт боз, ки ҷанг сар шудааст, ҳеҷ гоҳ зану фарзанди худро аз аҳли хонаводаи дигарон фарқ кунонида, барои онҳо ғамхории ҷудогона накардаам. Ба ин кори ман худи шумо шоҳид ҳастед, аммо маро дар хушкӣ як чизи дигари пурқимат ҳаст, ки ман вайро аз ҳар чиз зиёдтар дӯст медорам. Ман мехоҳам, ки як миқдори он чизро бо худ гирам, ки агар дар ғарибӣ афтам, вай барои мани аз ватан дурафтода тасаллои дили ҳиҷронзада мешавад.

Агар ба ҳама ҳол ба хушкӣ баромадан хоҳӣ, чанде аз моёнро ҳамроҳи худ гир, ки дар таҳлукаҳо ба ту ёрӣ расонем, – гуфт яке аз ҷанговарон.

Дар сафарҳои пинҳонӣ ҳамеша аз чанд тан як тан камтаҳлукатар ва номаълумтар аст, – гуфт Темурмалик ва ба қаиқ савор шуда, вайро ба тарафи хушкӣ ронда рафт.

Вақте ки ҷавонон фармоиши Темурмаликро ба амал оварда, киштиҳоро барои сафар тайёр карда буданд, ӯ ҳам аз хушкӣ баргашта омад ва дар дасти ӯ ғайр аз як халтачае, ки дар даруни вай будани як чизи андаке маълум мешуд, дигар чизе набуд. Вай дар он ҷо он халтачаро дар як миёнбанд ба миёни худ баст ва либосҳои ҳарбиро пӯшида, бар сафар тайёр шуд. Ҷанговарон, ки як қаиқ тиллову танга гирифта омадани ӯро мунтазир буданд, бо дидани ин як халтачаи назарногир дар тааҷҷуб афтоданд ва дар дили худ гузарониданд, ки шояд дар даруни ин халтача алмос ё сангҳои пурқимати дигар бошад, ки ба хироҷи як мамлакат меарзида бошад.

Ҷавонон дар ин хусус бисёртар тааҷҷуб мекарданд, ки аз он пеш Темурмалик ба молу чизи дунё муҳаббат нишон намедод. Ҳоло ба ӯ чӣ шудааст, ки якчанд сангчаро ин қадар эҳтиёт мекунад ва барои овардани вай худро дар таҳлука меандозад? Дар ҳар ҳол бо вай дар бораи чӣ будани он чиз сухан кушоданро муносиб надиданд.

Темурмалик ҷавононро тақсим карда, дар дувоздаҳ киштии болопӯшида ҷой дод ва худаш дар киштии пешгард, ки ба киштиҳои дигар вазифаи роҳнишондиҳиро адо мекард, ҷой гирифта, ба ҳаракат фармон дод ва ба тарафи шаҳри тамоман сӯхтаи Хуҷанд нигоҳи пурҳасрате карда, оҳи ҷонкоҳе кашид ва худ ба худ мазмуни ин байтро суруд:

Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,

Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам!

Киштиҳои сарпӯшидаи Темурмалик бо ёрии шамоли мувофиқ дар рафти об монанди барқу бод мерафтанд. Муғулон баъд аз сафед шудани рӯз аз сафар кардани Темурмалик хабардор шуда, аз ду канори об савора дар тохт шуданд, ки он сайди аз дом ҷастаро ба даст дароранд. Саворони муғул чандин бор ба канор – дар рӯбарӯйи киштиҳо рафта бошанд ҳам, дар ҳар бор баъд аз талафоти бисёр додан маҷбур шуданд, ки худро аз доираи тиррас дур кашанд. Оқибат онҳо ба киштиҳо наздик нарафта, аз дур назорат карда рафтанро барои худ мувофиқ ёфтанд.

Улоқнӯён ба Банокат – ба аскарони муҳофизи (гарнизони) муғул хабар фиристод, ки дар он ҷо дар роҳи киштиҳои Темурмалик занҷири гароне бикашанд, то ки киштиҳои вай ё дар он ҷо ба занҷир бархӯрда шикананд ва ғарқ шаванд, ё ки аз роҳ бозмонда дар муҳосира афтанд.

Темурмалик роҳи худро давом медод. Вақте ки ӯ ба пеши Банокат расида дид, ки муғулон роҳашро занҷирбанд кардаанд, дар лаби ӯ табассуми истеҳзокоронае пайдо шуд ва дар дили худ «агар роҳи сели ҷӯшон ва оташи хурӯшонро бастан мумкин мебуд, аҷаб набуд, ки муғулон роҳи маро баста тавонанд. Аммо чунон ки он дар дунё мумкин нест, ин ҳам имкон надорад» гуфт ва табарзини пӯлодини худро ба даст гирифта, дар пеши як даричаи киштӣ нишаст ва киштирононро фармуд, ҳамон паҳлуи киштиро, ки ӯ дар он ҷо нишастааст, ба занҷир наздик баранд.

Киштӣ бо як паҳлу ба занҷир наздик расид. Даричаи киштӣ кушода гардид, дасти пурзӯри Темурмалик бо табарзин, ки монанди моҳи чор-панҷ рӯза бар рӯйи оби зулол дар ҳавои соф бо акси нури офтоби шаъшаапоши нимрӯзӣ медурахшид, намоён шуд.

Табарзин дар ҳаво баланд баромад ва бо тезии барқе, ки аз ҳаво меҷаҳад, поин фуромад. Баъд аз дар об фурӯ рафтани занҷири кандашуда садои шараққоси бурида шудани вай ба гӯши муғулон, ки аз дур нигоҳ карда истода ғарқ шудан ё ба муҳосира афтодани қаҳрамони пуртавонро нигарон буданд, расид ва дар паси садои занҷир садои кафи дасти чингизиён ҳам баланд гардид. Аммо маълум нашуд, ки онҳо ин кори муъҷизавори баҳодури номдорро бо қарсакзаниҳо таҳсин мекарданд, ё ин ки ба сабаби аз доми занҷирашон ҷастани ин шери далер кафи афсӯс ба ҳам месуданд.

Киштиҳо бо низому тартибе, ки адмирали худраси тоҷик – Темурмалик нишон медод, роҳи худро давом доданд. Чингизиён монанди девонагони занҷиргусаста саросемавор ба ҳар сӯ медавиданд, аммо ҷуръат надоштанд, ки ба киштиҳо наздик оянд ва бо киштинишинон мардонавор мубориза намоянд.

Улоқнӯён барои хабардор кардан аз ин аҳвол ба пеши Ҷӯҷӣ чопар фиристод. Ҷӯҷӣ фармуд, ки саворони муғул дар ду тараф ва дуртар аз канор дар ҷойҳои пинҳон ва пасхам камин гиранд ва худро ба темурмаликиён ҳеч нишон надиҳанд. Ҳар гоҳ, ки Темурмалик аз об ба хушкӣ барояд, бо ӯ мубориза сар кунанд. Вақте ки бо қувваи бисёр бо ӯ биҷанганд, оқибат ё талаф мешаванд, ё дастгир ва ё асир.

Ин фармони Ҷӯҷӣ ба амал омад. Дар назари киштинишинон то ҷойҳои дур ягон муғул ҳам намоён намешуд. Киштиҳо хеле поин ба қисми поёни рӯди Сир расида буданд. Темурмалик то охир бо ин роҳ сафар карда наметавонист, чунки охири ин роҳи обӣ ба баҳри Арал мерасид, ки атрофи вай дар дасти муғулон буд. Чун ӯ дид, ки дар он наздикиҳо аз душман хавфе нест, фармон дод, ки бору буна ва аспу аробаҳоро ба хушкӣ бароранд.

Савол ва супориш

1. Чаро сарбозон аз рафтори Темурмалик, ки ӯ ба хушкӣ танҳо рафтанӣ буд, норозӣ шуданд?

2. Ба андешаи шумо Темурмалик аз хушкӣ чӣ гирифт? Лаъл, ёқут ё чизи дигар?

3. Бо кадом мақсад Темурмалик ва ҷанговарони ӯ соҳили назди Хуҷандро тарк карданд?

4. Дар ин қисмат корнамоии Темурмаликро шумо дар чӣ мебинед?

5. Пас аз мутолиаи ин боб калимаҳои бароятон номафҳумро ҷудо карда, аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» маънии онҳоро ёбед ва ҳифз намоед.

6. Аз харита рӯди Сир ва баҳри Аралро ёбед.

7. Дар байти зер:

Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,

Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам,

кадом санъати шеърӣ истифода шудааст?