Рӯзе аз рӯзҳо магар Беҳрӯз
Рафт берун ба толеи фирӯз.
Дид биншаста паҳлуи Баҳром
Чанд фард аз авом каланъом1.
Ваҳ, чӣ анъом2, аз сибоъ3 батар,
Шаклашон дода аз низоъ хабар.
Ҳама авбошу4 муфсиду5 бебок,
Покашон қалбу қалбашон нопок.
Ду-се ноодаме лаванду дағал,
Нохушоянда ҳамчу бӯйи бағал.
Чашми Беҳрӯз чун бар ӯ афтод,
Оташи ғайрат андар ӯ афтод.
Хонд Баҳромро ба ҷониби худ,
Сохт дар хонааш мусоҳиби худ.
Гуфт: «Маншин бад он табаҳкешон,
То насӯзӣ ба оташи эшон».
Ҳар кӣ шуд ҳамнишини шуъла чу дуд,
Шуъла дар вай гирифта бинӣ зуд.
Чун ба гургон рафиқ гардад меш,
Оқибат дар фано ниҳад тани хеш.
Кас, ки бо нокасон қарин шуд, рафт
Хас, кӣ бо шуъла ҳамнишин шуд, рафт.
Ҳар кӣ атвори неку бад гирад,
Ҳама аз ҳамнишини х(в)ад гирад.
Нек бо бад на кори фарзонаст,
Нон фикандан ба қалби девонаст.
Нек бо бад макун, ки дар монӣ,
Абадуддаҳр дар зарар монӣ.
Накунӣ, хоҷа, ёрии золим,
В-ар кунӣ, кай гузорадат солим?
Луғат
1. Каланъом – монанди чорпоён.
2. Анъом – чорпоён.
3. Сибоъ – дарандагон.
4. Авбош – нокас, дузд, беҷогард.
5. Муфсид – вайронкор, бадкор.
Савол ва супориш
1. Ҳикояро хонед ва ташбеҳу маҷозҳояшро ёбед.
2. Чаро Беҳрӯз аз дидани рафиқони Баҳром нороҳат шуд? 3. Сифатҳои ҳамнишинони Баҳромро баён кунед. 4. Чаро бо ашхоси бад нишинӣ, бад мешавӣ?
5. Андешаатонро дар бораи рафиқи бад бо чанд ҷумла баён кунед ва мақоли «аз одами бад ҳазар»-ро истифода баред.