Иди Наврӯз

Иди Наврӯз аввали сол аст,

Рӯзи айшу нишоти атфол1 аст.

Ҳама он рӯз рахти нав2 пӯшанд,

Чою шарбат ба хушдилӣ нӯшанд.

Писари хуб рӯзи ид-андар

Равад аввал ба хидмати модар.

Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,

Сару дасташ бибӯсад аз сари шавқ.

Гӯяд: «Ин иди нав муборак бод,

Сад чунин Соли нав бибинӣ шод!»

Баъд ояд ба дастбӯси падар,

Бӯса бахшад падар ба рӯйи писар.

Писари бад чу рӯзи ид шавад,

Мавқеи диду боздид3 шавад,

На падар дӯст дорадаш, на аму,

На касе идӣ оварад бари ӯ.

Идӣ он рӯз ҳаққи он писар аст,

Ки наҷибу шарифу боҳунар аст.