Танга дар зери курсӣ

Рӯзе амири Сомонӣ Синоро имтиҳон карданӣ шуд. Ӯ амр намуд, ки дар зери чор пояи курсии Абуалӣ чор танга гузоранд. Амри ӯро ба ҷо оварданд. Абуалӣ омада ба курсӣ нишаст, рӯй ба ҷониби осмон кард ва боз ба ҷониби замин нигоҳ намуда, аз тааҷҷуб ва ҳайрат сари худро ҷунбонидан гирифт.

Амири Сомонӣ гуфт:

– Ҳакими замонро чӣ чиз дар тааҷҷуб андохтааст, ки ин қадар муттаҳайиранд?1

Абуалӣ гуфт:

– Ман имрӯз чунин дармеёбам, ки тахти ман ба миқдори пушти корде баланд гаштааст ё осмон ба ҳамин миқдор ба замин наздик шудааст.

Амири Сомонӣ ва аркони давлаташ2 бар камоли ҳис ва эҳсосоти ӯ таҳсин ва офарин намуданд.

МОР ВА КОСАИ ШИР

Беморонро аз ҳар куҷо оварда, дар сари роҳи Сино менишониданд. Ҳар субҳ Абуалӣ аввал беморони дар интизораш нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва илоҷи дардашонро мегуфт.

Рӯзе ба беморе бодиққат нигоҳ карда, дар илоҷи дарди вай чизе нафармуд.

Он бемор аз зиндагонӣ тамоман дил канд ва аз сиҳҳат ёфтан даст шуста, хоҳиш намуд, ки ӯро зуд бардошта ба хонааш баранд. Дар хона ба наздикони худ гуфт:

– Эй азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман нашуд. Сино донистааст, ки дарди ман илоҷпазир нест, бинобар ин давоеро пешниҳод накард.

Он бемор дар хонааш мунтазири марги худ буд, ки аз сӯрохи кунҷи хона море берун шуд. Мор омада шири косаи байни хонаро хӯрд ва дубора шири хӯрдаашро қай кард.

Вақте ки мор ба сӯрохи хона даромада аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун ман мурданӣ шуда ва дигар умедворӣ надораму ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст, ки ин ширро хӯрда бимирам ва ҷонамро аз азоб халос кунам».

Ӯ бо ҳамин фикр косаро гирифта ширашро дам кашид, вале, баръакси интизории бемор, бемории ӯ соат ба соат сиҳҳат ёфтан гирифт. Баъд аз чанд рӯз, ҳангоме ки худашро тамоман солим ҳис кард, фармуд, ки ӯро дубора ба сари роҳи Сино баранд.

Хоҳиши ӯро иҷро карданд. Вақте ки Сино аз хона баромада ӯро дучор омад, дар тааҷҷуб афтода пурсид:

– Эй мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо пайдо кардӣ, ки илоҷи бемории ту вобаста ба хӯрдани он буд?

Луғат

1. Мутаҳаййир – ҳайрон, баҳайратомада, андешанок.

2. Аркони давлат – роҳбарон, сардорони давлат.

Савол ва супориш

1. Бигӯед, ки кадом лаҳзаҳои зиндагии Абуалӣ ибни Сино бароятон ибратомӯз аст?

2. Чаро Синоро олим, мутафаккир, донишманд ва адиб мегӯянд?

3. Дар ҳикояи «Танга дар зери курсӣ» кадом хислати Ибни Синоро ҳис кардед?

4. Оё беморро ҳолпурсӣ накардани Сино аз рӯйи инсоф буд? Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?