Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем!
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ дар деҳа хатту савод омӯхта, пас аз он барои такмили дониш ба шаҳри Бухоро омад. Бемории вабо падару модари Садриддини хурдсолро ба коми худ фурӯ бурд. Баъд аз ин бори зиндагӣ ба сараш афтод, ки дар ин бора дар «Ёддоштҳо»-яш бисёр бадард қисса кардааст. Устод соли 1954 дар Душанбе вафот кард.
Хидматҳои устод Садриддин Айниро ба назар гирифта, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардид.
Асарҳои арзишманди устод Айнӣ «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр», «Одина», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва ғайра хазинаи адабиёти тоҷикро ғанитар гардониданд.
Устод Садриддин Айнӣ на танҳо нависанда, балки забоншинос, фарҳангнигор, адабиётшинос ва таърихшиноси мумтоз аст ва осори пурарзиш иншо кардааст. Асарҳои илмию бадеии устод барои олимон, адибон ва хонандагон мактаби омӯзишанд.
Ҳоло пораеро аз «Ёддоштҳо» ва пораеро аз «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» барои мутолиа пешкаши шумо мегардонем.