Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

Маънои назм ба низом даровардан аст. Назм бо якчанд хусусияти худ аз наср фарқ мекунад. Аввал, дорои вазн ва оҳанги махсус аст. Дувум, радифу қофия дорад. Масалан, барои исбот байти зерро аз назар мегузаронем:

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Байти боло дорои пораҳои васфӣ буда, дар як вазн омадааст. Ҳар ду мисраъ бо ҳам баробар ва ҳамвазнанд. Инчунин, «ояд» дар байт радиф аст. Ба ҳамин тариқ, қофия гуфта калимаҳоеро мегӯянд, ки қисми охирашон ба ҳам монанд бошанд. Мисли ман бо суман, чаман, зан, даман ва ғайра. Агар дар охири шеър калима ё ибора такрор шавад, онро радиф мегӯянд. Дар байти боло «ояд» такрор шудааст ва радиф аст.

Аммо наср ин хусусиятҳоро надорад, вале гоҳ-гоҳ дар наср ҳам қофия меояд. Ин навъи насрро насри мусаҷҷаъ (саҷъдор, қофиядор) мегӯянд.

Савол ва супориш

1. Шеърҳои устод Рӯдакиро аз ҳамин нигоҳ назар кунед. Аз онҳо қофия ва радифҳояшро муайян намоед.

2. Асарҳои насриеро, ки пеш хондаед, номбар кунед.

3. Латифаҳои дар китобатон овардашуда бо наср иншо шудаанд ё бо назм?

4. Шеъри «Хандаи лола»-ро ба наср баргардонед. Агар дар ин кор душворие пеш ояд, ба омӯзгор муроҷиат намоед.

5. Зарбулмасалу мақолҳои халқиеро, ки дар дарсҳои пеш хондед, бо наср иншо шудаанд ё бо назм? Аз мисолҳои китобатон зарбулмасалҳоеро ёбед, ки онҳо бо назм омада бошанд.

6. Аз пораи дар бораи дониш эҷодкардаи устод Рӯдакӣ байтеро пайдо кунед, ки ҳам қофия ва ҳам радиф дошта бошад.