Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст, Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст. Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест, Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст. Ҳошо1, ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман, Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст. Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад, ҷои миннат аст, Зеро ки нест ҳеч вафо чун ҷафои дӯст. Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ, То ошнои ман набувад ошнои дӯст.
Дар ҳалқаи сагони дараш меравам, ки боз Аҳбоб2 саф зананд ба гирди сарои дӯст. Дасти дуо кушод Ҳилолӣ ба ҳазратат, Яъне, ба даст нест маро ҷуз дуои дӯст.
ДАР БОРАИ ОДОБ
Надонам, к-ин ҳама тарки адаб чист?
Ҳади худро намедонӣ, сабаб чист?
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой.
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурӯғи зоҳир2 аз ороиши ӯст,
Фароғи ботин3 аз осоиши ӯст.
Адаб маҷмуаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол4 аст.
Ҳама корат ба қадри хеш бояд,
Зи қадри худ на кам, на беш бояд.
Ба ин мизон агар худро бисанҷӣ,
Наранҷанд аз туву худ ҳам наранҷӣ.
Чу биншинӣ, чунон бояд, ки шояд,
Чу бархезӣ, чунон шояд, ки бояд.
Чароғи дида шаб ҷое маяфрӯз,
Ки гардад тира, чун равшан шавад рӯз.
Луғат
1. Ҳошо, ки – абадан, ҳеҷ гоҳ.
2. Аҳбоб – дӯстон.
3. Фурӯғи зоҳир – зебоии зоҳир, ороиши зоҳир.
4. Фароғи ботин – оромии ботин, осудагии ботин.
5. Эътидол – муътадилӣ, мавзунӣ.
Савол ва супориш
1. Ба ақидаи адиб барои боадаб шудан чӣ бояд кард?
2. Адаб дар зиндагӣ чӣ аҳаммият дорад?
3. Муродифҳои адабро номбар кунед.