Сардори лашкари Тӯрон ба лашкари худ омадани Эраҷро фоли нек донист.
Аз шодӣ Эраҷро хоб намебурд, бо ин лашкар тасодуф омадан ва дар рӯзи аввал кушта шудани Ҳингилдевро барои худ фоли нек ҳисоб кард.
Дар ҷониби девҳо Ҳуртундев монанди хирси тирхӯрда ғурриш намуда, аз зарбаи дирӯза дар ташвиш монда буд. Бо фармони Ҳуртундев тамоми ҷодугарон ва саркардагони сипоҳи девон ҷамъ шуданд. Дар ҷамъомад Ҳуртун бо тамоми овози пурдаҳшати худ наърае кашида, ба ҷодугарон рӯ оварда гуфт:
– Солҳост, ки неъмати давлати девонро хӯрдед, акнун вақте расидааст, ки дар ин рӯзҳои хатарнок ба мо ёрӣ расонед.
Ифрити оташнафас аз ҷой бархоста гуфт:
– Фардо бо илми ҷоду чунон оташ боронам, ки аз лашкари Тӯрон касе зинда намонад.
Қанноти ҷоду аз ҷой бархоста, ба Ҳуртун тасаллӣ дода гуфт:
– Фардо бо илми ҷоду чунон санг боронам, ки ба сари ҳар як сарбози Тӯрон ҳазор санг афтад.
Дигар сардорони лашкари девҳо ҳам дар навбати худ ваъдаҳо дода, ба ҷойҳои худ баргаштанд, вале аз ташвиши фардо дар лашкари девҳо касеро хоб набурд.
Ҳуртун махфиёна ба Говсаридев нома навишта, аз вай мадад талабид.
Субҳ ҳанӯз офтоби оламтоби зарриншуоъ1 набаромада буд, ки Эраҷ аз хоби роҳат сар бардошт ва худро бо либоси одӣ ороста, дар байни лашкари Тӯрон монанди кӯҳ истод. Лашкари Тӯрон ҷасорати ӯро дида, ба вай муҳаббат баста буд, ҳар яке ба сӯйи ӯ нигоҳ мекард. Сардори лашкар аз хаймаи худ баромад ва дасти Эраҷро фишурда, ҳолпурсӣ кард.
Дар ин ҳангом аз ду тараф ҳам карнайи ҷанг навохта шуд.
Сипоҳи девҳо аз бисёрӣ майдони ҷангро монанди намади сиёҳ фаро гирифта буд. Лашкари Тӯрон ҳам саф кашид. Аз тарафи тӯрониён ҷавони далери бошуҷоате ба майдон баромада, ҳариф талаб кард. Аз тарафи девҳо деви зангӣ, ки саркардаи ҳазор дев буд, ба майдон даромад. Ин ду мубориз дар майдони ҷанг ба якдигар рӯбарӯ шуданд. Дар ин ҷанг шамшеру камону найзаву гурз ба кор нарафт. Ҳар ду аз асп фуромада, даст ба камарбанди якдигар зада, ба гуштигирӣ пардохтанд. Паҳлавони тӯронӣ як наърае кашида, девро ба замин зад ва бо ханҷар вайро кушт. Ҳамин тавр, он паҳлавони фарғонагӣ боз ҳафт деви калонро мағлуб карда кушт. Ногоҳ гурӯҳи бисёре аз девҳо якбора ба сари ин ҷавон ҳуҷум оварда, ӯро асир карда, ба қалъа бурданд. Ин дафъа худи сардори девҳо Ҳуртун ба майдон омада, чунон наърае кашид, ки тамоми замини атроф ба ларза даромад ва аспҳо аз даҳшати овози ӯ рамиданд:
– Эй тӯронии хирасар! Эй қотили Ҳингилдев! Агар аз мардонагӣ нишон дорӣ, ба майдон даро, то ки гардатро ба ҳаво барорам!
Ҳеҷ кас аз лашкари Тӯрон ба муқобили Ҳуртун нарафт. Сардори лашкар хост, ки худаш равад. Эраҷ сари роҳи ӯро гирифт.
– То ман зинда ҳастам, шуморо ба майдон рафтан намемонам, – гуфт Эраҷ ва сипари ӯро ба даст гирифту ба майдон даромад. Вай чунон асп давонд, ки ғайр аз чанги пойи аспаш касе чизеро намедид. Ӯ монанди уқоб ба муқобили Ҳуртун омада истод. Вақте ки чашми Ҳуртун ба Эраҷ афтод, дилаш ларзид, вале сир бой надода хандид ва гуфт:
– Эй кӯдак, ҳанӯз вақти бо паҳлавонон ҷанг кардани ту нарасидааст!
Эраҷ аз таҳқири вай дар ғазаб шуд ва гуфт:
– Ман акнун туро ба пеши Ҳингилдев мефиристам!
Ҳуртун аз ин хашмгин шуд ва гурзи калону гаронвазни худро гирди сар чархонда хост, ки ба сари Эраҷ занад, вале вай бо чобукӣ худро ба зери сипар гирифт ва зарбаи аввалини ӯро рад намуд. Аз зарбаи сеюм камари аспи Эраҷ шикаст. Лашкари ҳар ду тараф гумон карданд, ки Эраҷ ҳалок шуд. Аммо Эраҷ якбора аз зери сипар монанди офтоби аз паси абр баромада намоён шуд. Ба вай зуд аспи дигаре расонданд. Эраҷ савори асп шуда, бо шамшери ҷонситон ба Ҳуртун ҳамла овард. Ҳуртун худро бо сипар пинҳон кард. Эраҷ бо шамшер аз зери дасти росташ чунон зад, ки дасти росташ бо сипар дур рафта, ба замин афтод. Вай фарёд кашида мадад талабид, тамоми девҳо ба ҳуҷум гузаштанд. Лашкари Тӯрон ҳам бо фармони сарлашкари худ ба ҳуҷум даромад. Ҷанги мағлуба сар шуд ва сару пойи деву одамӣ монанди барги хазон ба замин мерехт. Лашкари девҳо мағлуб шуда, ба тарафи қалъаи тилисм гурехт. Лашкари Тӯрон онро таъқиб намуд.
Ифрити оташнафас ва Қанноти ҷоду душвории аҳволро дида, ба амалиёти худ сар карданд. Якбора аз тарафи тилисм оташу санги беҳисобе мисли борон ба боридан сар кард, лашкари Тӯрон ба назди тилисм рафта натавонист, ҳаво ҳам торик шуд, касе касеро намедид. Аз ин ҳол лашкари Тӯрон ба ваҳм афтод. Эраҷ, ки ба наздики қалъа расида буд, ба оташу санг дучор шуда, дигар пеш рафта натавонист. Ва ногоҳ дафтарчае, ки устоди пир дода буд, ба ёдаш омад, онро аз ҷайбаш бароварда нигоҳ кард. Дар он чунин навишта шуда буд: «Эй Эраҷ! Ту бо панҷ нафар ҷавони далер ба пушти қалъа гузар, дар он ҷо дар мобайни ғоре Ифрити оташнафас ҳаст. Аз пасаш рафта, ӯро ба даруни тӯрба андоз, ки чашмаш ба ту наафтад ва Қаннотро бо як зарбаи шамшер бикуш ва мағзи сарашро бо худ нигоҳ дор».
Эраҷ аз рӯйи ҳамин дастур Қаннотро кушт. Ифритро асир карда, ба даруни тӯрба андохт. Пас аз ин якбора борони оташу санг қатъ ёфт. Бо ҳамин тилисми якум шикаста шуд. Лашкари Тӯрон дохили қалъа гардид ва он девҳое, ки зинда монда буданд, бо ҳамроҳии Ҳуртундеви захмишуда бо ваҳму тарс ба қалъаи тилисми дуюм паноҳ ёфтанд.
Эраҷ бо чанд нафар сипоҳӣ барои халосии асироне, ки дар зиндони девҳо буданд, рафт. Онҳо қуфлҳои бузурги зиндонро шикаста, ба даруни он даромаданд ва зиндониёни беҳолу бемадор – ҳамватанони худро ба оғӯш кашида бӯсиданд. Эраҷ ҳам маҳбусонро оғӯш намуда, онҳоро дилбардорӣ менамуд. Вале ӯ дар байни онҳо падарашро нашинохт. Дар ин миён марди тахминан панҷоҳсолаи лоғару нимҷоне бо чашмони ҳайрон касеро ҷустуҷӯ менамуд. Ӯ падари Эраҷ – Хирадманд буд. Ӯ гӯё дар ин ҷо будани писарашро ҳис менамуд, вале азбаски ӯро аз синни кӯдакӣ то кунун надида буд, шинохта наметавонист. Чашмонаш ҳам аз азоби зиндони торики девҳо хира шуда буданд. Дар байни ҷавонони далеру тануманд ситораи Эраҷ ба чашми ӯ гарм метофт. Дар ин вақт яке аз ҷавонон номи Эраҷро гирифта фарёд зад. Ин ба чашми хирагаштаи падар нур, ба тани нимҷонаш қуввату зӯр бахшид ва ӯ бо тамоми қувваташ фарёд зад:
– Писарам, Эраҷ!
Эраҷ ба симои ин мард нигоҳ карда, нишонаҳои падарашро, ки модараш гуфта буд, шинохт ва «падарҷон!» гӯён падари аз ҳушрафта ба заминафтодаи худро бардошт. Сарашро ба болои зонуяш гузошта, ӯро оғӯш намуд ва бо меҳру муҳаббат бӯсид. Аз шодӣ ва ҳаяҷон аз чашмонаш ашк мисли марҷон беихтиёр мерехт. Падараш баъди чанде ба ҳуш омада, худро дар оғӯши писараш дид ва ӯ ҳам писарашро ба синааш зер карда, бо муҳаббат бӯсид. Аз дидагонаш ашки шодӣ равон шуд.
Эраҷ пас аз пурсупос ба падараш нигоҳубин карданро ба яке аз ҷавонҳо супорид ва худаш барои ба анҷом расонидани кори шикасти тилисм ва таъқиб намудани девҳо рафтанӣ шуда, аз падараш иҷозат пурсид. Падараш дар ҷавоб гуфт:
– Рав, рав, писари далеру қаҳрамонам, роҳат сафеду ёрат зафар бошад! Аз девҳои малъун ва золим, аз душманони инсонияти озодихоҳ барои ватанат, барои ҳамватанони қурбоншудаат ва барои падарат интиқом бигир!
Эраҷ барои фатҳи тилисм боз ба кор шурӯъ намуд. Вақте ки ӯ каме пеш рафта, ба тарафи чап нигоҳ кард, ба назараш қафаси оҳанине намуд, ки чарх мезад ва дар дарунаш як духтар ва як писари зебо гоҳ ба ҳолати одамӣ менамуданд ва гоҳ санг мешуданд. Эраҷ бо ҷавонон ба қафас ҳуҷум карданӣ шуд, ки якбора қафас ҷавононро ақиб ронд ва ҳар яке ба масофаи даҳ газ дур рафта ғалтиданд. Эраҷ донист, ки ин кори ҷодуст. Ифрити оташнафасро овард. Аз вай роҳи вайрон кардани қафасро пурсид. Ифрит рад кард. Эраҷ бо дастони қавии худ, бо ду ангушт паси гардани Ифритро чунон фишор дод, ки аз даҳону бинияш хун фаввора зада баромад. Ифрит розӣ шуд, ки бигӯяд:
– Дар зери ин қафас,– гуфт вай, – шере хобидааст, ки агар чашми ӯро кӯр кунӣ, қафас аз ҳаракат бозмеистад ва ҷоду вайрон мешавад.
Вақте ки Эраҷ зери қафас даромад, шере дид монанди аждаҳо. Шер чунон наъра зад, ки аз ҳайбати ӯ Эраҷ се қадам ақиб рафт, вале бо ҷасорати тамом шамшери ҷонситонро гирифта ба даҳони монанди ғор кушодаи шер чунон зад, ки он ба ду қисмат ҷудо шуд. Қафас аз ҳаракат монд. Эраҷ он ду ҷавонро аз қафас озод кард. Ӯ гурӯҳе аз сипоҳиёни3 далерро ба таъқиби девҳо фиристод ва гурӯҳеро ба ҳар тарафи қалъа ба дидбонӣ гузошт. Қисми дигареро барои нигаҳдории интизоми шаҳр ва кофтукови девони боқимонда таъйин намуда, худаш ба пеши сарлашкар рафта гуфт:
– Акнун бояд хабари фатҳро ба ҳамаи халқи Тӯронзамин бифиристем.
Луғат
1. Зарриншуоъ – дорои шуоъҳои заррин.
2. Ҷанги мағлуба – ҷанги сахт
3. Сипоҳ – сарбоз, аскар, лашкар.
Савол ва супориш
1. Дар сархатти якуму дуюм ибораи «фоли нек» такрор шудааст. Бигӯед, ба ҷойи ҳамин ибора муродифи онро истифода бурдан мумкин аст?
2. Чаро мо Эраҷро қаҳрамон мегӯем? Оё ӯ ба ин ном сазовор аст?
3. Дар бораи кору рафтори Эраҷ ҳикоячае нависед, ки ҷумлаҳо бо калимаи «Эраҷ» оғоз ёбанд.
4. Муайян намоед, ки дар ибораи «ситораи Эраҷ» чанд ҳамсадо истифода шудааст ва аз онҳо чандтояш ҷарангдор ҳастанд?