Ҷумла аз калима ва ибораҳо сохта шуда, фикри томро ифода мекунад. Калима бошад, аз ҳиҷо ва овозҳо сохта мешавад. Масалан, калимаи «адабиёт»-ро гирем. Ин калима аз чор ҳиҷо иборат аст: а-да-би-ёт. Ҳамин тавр, дар калима миқдори ҳиҷоҳо ба миқдори садонокҳо вобаста аст. Бинед, дар калимаи «адабиёт» чор садонок омадааст (а, а, и ва о) ва калима ҳам аз чор ҳиҷо таркиб ёфтааст. Калимаи «рӯзгор» аз ду ҳиҷо, «қоматбаланд» аз чор ҳиҷо, «чашм» аз як ҳиҷо таркиб ёфтаанд, ки миқдори онҳо ба теъдоди садонокҳои он баробар мебошад.
Ҳиҷоҳо ҳам дар асарҳои назмӣ ва ҳам насрӣ як хеланд. Масалан, мисраи «Маёсой аз омӯхтан як замон» аз даҳ ҳиҷо иборат аст.
«Дарахти зардолу гул резонд».
Ин ҷумла аз нуҳ ҳиҷо иборат аст ва садонокҳояш ҳам 9-то мебошанд.
Вале бояд хотиррасон кард, ки дар назм ҳиҷоҳо ба кӯтоҳ, дароз ва якунимҳиҷоӣ тақсим мешаванд. Садонокҳои о, ӯ, ё ва ӣ ҳиҷоҳои дарозро ташкил медиҳанд.
Садонокҳои а, у, и, ю бошанд, ҳиҷоҳои кӯтоҳро месозанд. Бо як низоми муайян омадани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ, зада, оҳанги марғуб вазни шеърро ташкил медиҳад. Ҳангоми қироати шеър ё сурудани мутрибон шунаванда ба порчаҳои назмӣ, яъне рукн тақсим шудани мисраъ ва байтҳоро хуб эҳсос менамояд, ки ҳамаи ин мизони шеър ва муқаррароти онро ташкил мекунад. Дар маҷмуъ, дар фанни шеър онро «вазн» мегӯянд. Дар вазн порчаҳои назмӣ ё шеърӣ, яъне рукн, мақоми воло дорад. Маҳз вазни шеър аз рӯйи рукнҳо муайян мегардад.
Масалан:
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеч н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Ҳамин тавр, байти Рӯдакӣ аз шаш рукн иборат аст.
- v - - | - v - - | - v ~
- v - - | - v - - | - v ~
Дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ аз замонҳои қадим ду вазн мавриди истифода қарор дошт ва имрӯз ҳам истифода мешавад. Бештари назми шифоҳӣ (фолклор) бо вазни ҳиҷо эҷод шудааст. Моҳияти вазни ҳиҷо он аст, ки бояд миқдори ҳиҷоҳои мисраъҳо ё байтҳо баробар бошанд. Чунончи:
Олуча гули бодом, – 7 ҳиҷо.
Ман духтараки додом. – 7 ҳиҷо.
Додом шинад, чой нӯшад, – 7 ҳиҷо.
Ман чойрезаки додом. – 7 ҳиҷо.
Баъзе шоирон асарҳои хешро бо вазни ҳиҷо иншо кардаанд. Масалан, адиби тоҷик Мирсаид Миршакар шеъри бачагонаи хубе дорад, ки бо вазни ҳиҷо онро эҷод кардааст:
Гумон набаред, – 5 ҳиҷо
Ки ман хурд ҳастам. – 5 ҳиҷо
Ана, мебинед, – 5 ҳиҷо
Ҷорӯб дар дастам. – 5 ҳиҷо
Бо ин ҷорӯбам – 5 ҳиҷо
Хона мерӯбам. – 5 ҳиҷо
Дегу табақро – 5 ҳиҷо
Худам мешӯям. – 5 ҳиҷо.
Вазни ҳиҷо дар байни мардуми мо таърихи қадимӣ дорад. Як қисми китоби «Авесто», махсусан фасли Готҳо ва Яштҳо, достони «Ёдгори Зарирон» низ бо ҳамин вазн гуфта шудаанд.
Ин ду ҷону ҷигарбанд
Аз хурдӣ бо ҳам буданд.
Аз хурдӣ рози дилро
Ба якдигар кушуданд.
Савол ва супориш
1. Ҳамин порча аз чанд байт ва чанд мисраъ иборат аст?
2. Дар кадом вазн эҷод шудааст?
3. Миқдори ҳиҷоҳои ҳар як мисраъро муайян намоед.