Зафарнома

Дар рӯзгори Анӯшервони Одил1 ҳеч чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои он аср ҳама парҳезгор будаанд.

Як рӯз Анӯшервон вазираш Бузургмеҳрро талаб кард ва гуфт:

– Мехоҳам сухане чанд муфид дар лафзи андак ва маонии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё ва уқбо2 судманд бошад.

Бузургмеҳр як сол муҳлат хост ва ин чанд калимотро ҷамъ кард. Ва ба назди Анӯшервон бурд ва ӯро хуш омад ва фармуд, ки калимотро ба оби зар нависанд ва онҳоро доим бо худ медошт ва аксари вақтҳо мутолиаи ин китоб менамуд.

Бузургмеҳр забон бикушод ва гуфт:

– Аз устоди худ пурсидам: «Эй устод, аз Худои азза ва ҷалла3 чӣ хоҳам, ки ба ҳамаи некуиҳо хоста бошам?

Гуфт:

– Се чиз: тандурустӣ, амонӣ ва тавонгарӣ.

Гуфтам:

– Корҳо ба кӣ супорам?

Гуфт:

– Ба он кас, ки шоиста бошад.

Гуфтам:

– Аз кӣ эмин4 бошам?

Гуфт:

– Аз дӯсте, ки ҳасуд5 набошад.

Гуфтам:

– Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар намояд?

Гуфт:

– Ҳунари худ гуфтан.

Гуфтам:

– Чун аз дӯст коре ношоиста падид ояд, чӣ гуна аз вай дӯстӣ бибояд бурид?

Гуфт:

– Ба се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.

Гуфтам:

– Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некутар?

Гуфт:

– Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.

Гуфтам:

– Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор бошем?

Гуфт:

– Аз мардуми чоплусу хасис, ки тавонгар шуда бошанд. Гуфтам:

– Сахӣ кист?

Гуфт:

– Он кас, ки саховат6 кунаду дилшод шавад.

Гуфтам:

– Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?

Гуфт:

– Се чиз: тандурустӣ, шодӣ ва дӯсти мухлис.

Гуфтам:

– Некуӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?

Гуфт:

– Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некуиҳост.

Гуфтам:

– Ҳеч ҳунаре бошад, ки айб шавад?

Гуфт:

– Саховате, ки бо миннат бувад.

Гуфтам:

– Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?

Гуфт:

– Ростӣ.

Гуфтам:

– Чӣ чиз аст, ки бар далерӣ нишон аст?

Гуфт:

– Афв кардан, чун қодир шавӣ.

Гуфтам:

– Аз зиндагонӣ кадом зоеътар аст?

Гуфт:

– Он соат, ки некуӣ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад.

Гуфтам:

– Чӣ чиз аст, ки кори мардумро хароб кунад? Гуфт:

– Ситудани ситамкорон.

Гуфтам:

– Дунё ба чӣ тавон ёфт?

Гуфт:

– Ба фарҳангу сипосдорӣ.

Гуфтам:

– Чӣ кунам, ки бар табиб ҳоҷат набошад?

Гуфт:

– Кам хӯрдан, кам хобидану кам гуфтан.

Гуфтам:

– Аз мардумон кӣ оқилтар аст?

Гуфт:

– Он ки кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр хонад. Гуфтам:

– Хорӣ чист?

Гуфт:

– Коҳилию фасод.

Гуфтам:

– Ранҷ аз чист?

Гуфт:

– Аз танҳоӣ.

Гуфтам:

– Чист, ки ҳамиятро8 барад?

Гуфт:

– Тамаъ.

Гуфтам:

– Дар ҷаҳон чӣ зишттар?

Гуфт:

– Ду чиз: тундӣ аз подшоҳон ва бахилӣ аз тавонгарон.

Гуфтам:

– Асли тавозуъ чист?

Гуфт:

– Рӯй тоза доштан ва ба охир аз худ хуш будан.

Гуфтам:

– Тадбир аз кӣ пурсем?

Гуфт:

– Аз он кас, ки се фазилат дар вай бошад: дили пок, муҳаббати нек ва дониши тамом.

Гуфтам:

– Некуӣ ба чанд чиз тамом мешавад?

Гуфт:

– Ба тавозуи бетаваққуъ9 ва саховати беминнат ва хидмати бе талаби мукофот.

Гуфтам:

– Агар илм омӯзам, чӣ ёбам?

Гуфт:

– Агар хурд бошӣ, бузург ва номдор, агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ, агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.

НАМУНАҲО АЗ РУБОИЁТИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Куфри чу мане газофу10 осон набувад,

Муҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якею он ҳам кофир?!

Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст!

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд,

Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Луғат

1. Нӯшервон ё Анӯшервони Одил – подшоҳи оқилу одил буда, дар аҳди Сосониён (226-651) бо номи Хусрави Парвиз шоҳӣ кардааст. Бузургмеҳр вазири хирадманду донишманди Нӯшервон буд. Шоҳ ҳамеша бо маслиҳату машварати Бузургмеҳр давлатдорӣ мекард.

2. Дар дунё ва уқбо судманд бошад – маънояш: дар ҳамин дунё ва охират манфиатнок бошад.

3. Худои азза ва ҷалла – Худои азизу меҳрубон, бузургу арҷманд.

4. Эмин бошам – осуда, бехавф бошам, дар амон бошам.

5. Ҳасуд – бахил, ҳасадбаранда, нотавонбин.

6. Саховат – ҳимматбаландӣ, кушодадастӣ.

7. Ситудан – ситоиш, таъриф кардан.

8. Ҳамият – номус, орият, ғайрат.

9. Бетаваққуъ – бе умедворӣ аз чизе, аз касе.

10. Газоф – беҳуда, беасос.

Савол ва супориш

1. Чаро Анӯшервони Одил Бузургмеҳрро ҳурмату эҳтиром мекард?

2. Барои инсон чаро тандурустӣ, амонӣ ва тавонгарӣ аз ҳама неъматҳо волотар аст?

3. Пас аз хондан, мувофиқи дониш ва фаҳмишатон хислатҳои неки инсониро аз матн ҷудо карда, ба дафтаратон нависед.

4. Ба зарбулмасалу мақолҳои зайл диққат диҳед ва мувофиқи мазмуни онҳо аз матн пораҳои бо ҳам алоқамандро ёбед: «Кор ба кордон осон аст», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад».

5. Рубоиётро азёд кунед. Маънии рубоии дувумро шарҳ диҳед. Гӯед, ки чаро шоир имони хешро аз ҳама имонҳо мустаҳкамтар мегӯяд?