Эй писар, кам гӯй бо мардум дурушт,
В-ар бигӯйӣ, бар ту гардонанд пушт.
Фаридуддин Аттор
Абуҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшод. Ӯ бештарин илмҳои замонашро омӯхт, шуҳрату мақоми хосса пайдо кард ва яке аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид. Аттор умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти чингизиён ба қатл расид.
Аттор яке аз шоирони сермаҳсули форсу тоҷик буда, дар ҷараёни афкори мардуми форсизабон нақши амиқе гузоштааст. Ғояҳои пешқадами осори ӯ дар пешрафти минбаъдаи адабиёти форс-тоҷик нақши муҳимме бозида, ашъору эҷодиёти беҳтаринаш дар боби такмили ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хидмати босазо кардаанд. Аттор дар сурудани ғазал низ маҳорати хосса зоҳир карда, ғазалиёти ӯ аз ҷиҳати фасоҳату бадлоғати калом бемисланд.
Фаридуддини Аттор умри хешро ройгон нагузаронида ба наслҳои оянда осори пурарзише мерос гузошт.
Махсусан, панду андарзҳои ҳакимонаи ӯ солҳову асрҳо боз инсонҳоро ба покию ростӣ, ба некукорию заҳматдӯстӣ ва дигар фазилатҳои шоиста ҳидоят мекунанд. Инак, ба мутолиаи шумо намунаҳоро аз эҷодиёти ин марди фозилу хирадманд пешниҳод менамоем.