Ҳикоятҳо (Аз «Гулистон»)

ХИРАДИ НӮШЕРВОНИ ОДИЛ

Овардаанд, ки Нӯшервони Одилро дар шикоргоҳе сайд кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто1 рафт, то намак орад. Нӯшервон гуфт:

– Намак ба қимат биситон2, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.

Гуфтанд:

– Аз ин қадар чӣ халал ояд?

Гуфт:

– Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст. Ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) карда, то бад-ин ғоят расида.

Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,

Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.

Ба панҷ байза3, ки султон ситам раво дорад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.

ДУОИ ДАРВЕШ

Дарвеше мустаҷобуддаъва (одаме, ки дуояш аз ҷониби Худо қабул мешавад) дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро4 хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:

– Дуои хайре бар ман бикун.

Гуфт:

– Худоё, ҷонаш биситон!

Гуфт:

– Аз баҳри Худой, ин чӣ дуост?

Гуфт:

– Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусалмононро.

Эй забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

ДУ ШОҲЗОДА

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омӯхту дигаре мол андӯхт. Оқибатуламр5, он яке алломаи6 аср гашт ва ин яке Азизи Миср7 шуд.

Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми ислом) назар кардию гуфтӣ:

– Ман ба салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (ҳақирию бечорагӣ) бимондааст.

Гуфт:

– Эй бародар, шукри неъмати Борӣ8 ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва туро мероси Фиръавну Ҳомон9 расид, яъне мулки Миср.

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,

На занбӯрам, ки аз дастам биноланд.

Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

ҲАКИМЕ ПИСАРОНРО ПАНД МЕДОД

Ҳакиме писаронро панд медод ки:

Ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст: ё дузд ба якбор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда10 аст ва давлати поянда. В-агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад.

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони донишманд

Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

ҶАВРИ УСТОД БЕҲ, КИ МЕҲРИ ПАДАР

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:

«Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар»

Луғат

1. Русто – деҳа.

2. Намак ба қимат биситон – намакро бо пул бихар.

3. Байза – тухми мурғ.

4. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф – омири араб, ки бисёр золим буд.

5. Оқибатуламр – ниҳоят, хулоса.

6. Аллома – донишманди бузург.

7. Азизи Миср – номи шоҳе, ки дар Миср подшоҳӣ кардааст.

8. Шукри неъмати борӣ – шукри неъмати Худо.

9. Фиръавн ва Ҳомон – подшоҳони қадимии Миср, ки сарвату дороияшон беҳисоб буд.

10. Чашмаи зоянда ва давлати поянда – яъне илму ҳунар ҳамеша мисли чашма ҷовидон аст ва давлатест, ки сарвату дороияш беҳисобу доимист.

Савол ва супориш

1. «Гулистон» ба мардум панди рӯзгор додааст, чӣ маъно дорад? Ба тафсил шарҳ диҳед.

2. Ба андешаи шумо чаро аз нахуст (аз аввал) зулм кам будаасту баъд зиёд мегардад?

3. Дар ҳикояи дуюм нависанда чаро мақоми дарвешро баланд гузоштааст?

4. Дар ҳикояи «Дуои дарвеш» Саъдӣ чаро Ҳаҷҷоҷро сахт мазаммат намудааст?

5. Ҳикояи «Ҳакиме писаронро панд медод»-ро маънидод намоед ва гӯед, ки чаро Саъдӣ аҳли ҳунарро ситоиш кардааст?

6. Шероз дар кадом кишвар воқеъ гардидааст? Аз харита шаҳри Шерозро ёбед.