Гили хушбӯй

Гиле1 хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки: «Мушкӣ ё абирӣ2,

Ки аз бӯйи диловези ту мастам?»

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин3 дар ман асар кард,

Вагарна, ман ҳамон хокам, ки ҳастам».

Луғат

1. Гил – хоки бо об омехта, лой; хоки сахт ва хушк; гили махсус барои шустушӯй ба ҷойи собун ба кор бурда мешуд.

2. Мушк ё абир – маводди хушбӯй.

3. Камоли ҳамнишин – камоли ҳамсуҳбатию дӯстӣ бо гул сабаби тағйири ҳолати гил шуд.

Савол ва супориш

1. Моҳияти шеър ва мақсади адибро маънидод кунед.

2. Порчаҳоро ба наср баргардонед. Ҳангоми баргардонидан зарбулмасали «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ»-ро истифода баред.

3. Шеърро аз ёд ва ҳар як байтро маънидод кунед.