Камолиддини Биноӣ

Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёнаи аҳолист.

Ҷойи таваллудаш шаҳри Ҳарот мебошад. Қобилияти ӯ бағоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил машғулшуд. Дар ин соҳа рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омӯхт ва доир ба адвор рисолае навишт.

Алишери Навоӣ

Соли 1453 дар хонаводаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё омад, ки аз он хурсандии аҳли оила ҳадду канор надошт. Ба ӯ Шералӣ ном гузоштанд. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокор, меъмор буд. Зиндагияш фақирона мегузашт. Шералӣ, ки бачаи зирак ва хушзеҳн буд, дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ азхуд кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Аз айёми мактабхонияш шеър менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегӯяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб

Мешудам тифл ҷониби мактаб.

Табъи мавзун маро ғаризӣ буд,

Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.

Сар зи ман завқи шеър бар мезад,

Шеърам аз рӯйи завқ сар мезад.

Пас аз он пайваста аз шоирони гузашта ва ҳамзамонаш абёти зиёдеро азёд мекунад ва шеъраш рангину пурҷозиба мегардад.

Камолиддин Биноӣ соли 1512 дар қатли омми шаҳри Насаф аз дасти сарбозони Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба қатл мерасад.

Биноӣ аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст. Беҳтарин асари ахлоқии адиб достони «Беҳрӯзу Баҳром» аст, ки ҳоло дар поин муште аз хирвор чанд ҳикояи онро пешкашатон мегардонем.