Падари хеш бош

Дар Самарқанд мавлавихоне

Буд дар кашфи илм пурдоне.

Бар ҳама фазл ӯ мусаллам буд,

Ҳамчу ӯ аҳли донише кам буд.

Ба насаб гар бузургзода набуд,

Кас аз ӯ дар ҳасаб1 зиёда набуд.

Бо бузурге магар ба баҳс уфтод,

Кардаш илзом2, сар ба ҷанг уфтод.

Гуфт хасмаш зи рӯйи таън ба ӯ,

Ки «Кӣ будат падар, биё, баргӯ?!»

Мавлавӣ гуфт: «Эй ҳамидасияр,

Накунад кас зи ман суоли падар.

Аз падар гар кунӣ суол, бирав,

Писарамро бигӯ, ҷавоб шунав».

Мард бояд, ки худ падар бошад,

Боиси фахри сад писар бошад,

В-арна, фазли падар чӣ суд кунад,

Фазли шахси дигар чӣ суд кунад?

Луғат

1. Ҳасаб – қадру манзалат, мартабаи инсон дар фазлу дониш.

2. Илзом кардан – мағлуб кардан, қоил намудан.

Савол ва супориш

1. Нисбат ба амали рақиби мавлавӣ андешаи хешро баён кунед.

2. «Мард бояд, ки худ падар бошад» чӣ маъно дорад?

3. Байтҳои охири ҳикояро, ки бо ҳарфхои сиёҳ чоп шудаанд, азёд кунед.

4. Аз рӯйи мазмуни ҳикоя иншо нависед.