Халилуллоҳи Халилӣ яке аз шоирони тавонои асри ХХ-и Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзабони мост. Шоир соли 1907 дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Фарҳангу адаб омӯхт ва дар ин ҷода марди фозил гашт. Асарҳои таърихӣ, адабиётшиносии ӯ дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ арзиши бузург доранд. Вале Халилуллоҳи Халилӣ асосан бо асарҳои адабияш шуҳрату мақоми хосса дорад.
Бояд гуфт, ки шоир борҳо ба Тоҷикистон омадааст ва дар ҷашни Абдурраҳмони Ҷомӣ иштирок намудааст. Халилуллоҳи Халилӣ рӯзҳои вопасини рӯзгори худро дур аз Ватан дар ғарибӣ гузаронд. Пас аз он ки Артиши Шуравӣ вориди Афғонистон гардид, мардуми зиёд аз аҳли адаб кишварро тарк намуданд. Халилӣ низ аввал ба Покистон ва баъд ба Италия рафт ва даҳ соли охири умри хешро дар он ҷо гузаронид. Адиб бо сад дарду алам дур аз ёру диёр бо ёди Ватан соли 1988 вафот кард.
Адиб дар ғарибӣ бо ёди ватан мезист, чун булбул дур аз чаман менолид, ашки ҳасрат мерехт.
Шоир ба ҷавонони афғон хитоб карда, онҳоро ба ягонагӣ, иттиҳод даъват менамуд. Инак, дар ҳамин мавзуъ чанд шеъри дардомези адибро, ки онҳо садои қалби шоиранд, барои мутолиаи шумо пешкаш менамоем.