Асри XV бо болоравии шеър ва зиёд гардидани қувваҳои эҷодӣ аз дигар давраҳо бартарӣ дорад. Дар ибтидои асри XV доираи ада бии Ҳирот қариб ки муқоисанашаванда мебошад. Баъдтар Бухоро ҳамчун маркази адабиёту қувваҳои адабӣ нуфуз пайдо намуд. Ҳатто ҳокими вақт амир Убайдуллоҳхон дар баробари сиёсатмадорӣ шоир ҳам буд. Ӯ бо тахаллуси «Убайдӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфт.
Яке аз комёбиҳои бузурги ин аср таълифи чанд тазкира ба шумор меравад, ки дар онҳо ҳам маълумоти шарҳиҳолии адибон, номгӯйи осор оварда шуда, дар бораи хусусиятҳои ашъор, тобишҳои ҳунарию эҷодӣ ва мақоми он адибон дар замони худ ва умуман дар таърихи адабиёт баҳсҳо сурат гирифтаанд.
«Тазкира» худ лафзи арабӣ буда, зикру ёдоварӣ кардан, ба хотир овардан мебошад. Дар истилоҳ асарест, ки дар он шарҳи ҳол, наму наҳои осор, хусусиятҳои эҷодӣ, тобишҳои ҳунарии эҷодкорон зикр карда мешавад. Аз ин рӯ, тазкира як навъи баёни афкори адабӣ-эсте тикӣ низ ҳаст. Аз ин хотир, тазкираҳо умумӣ ва хусусӣ мешаванд.
Тазкираҳои умумӣ оид ба рӯзгору осори шуарои қаблӣ ва муоси рони тазкиранавис маълумот медиҳанд.
Тазкираҳои хусусӣ зиндагинома ва осори адибони муосирро дар бар мегиранд. Аз рӯйи принсипи эҷод низ тазкираҳо гуногун меша ванд: тазкираҳои алифбоӣ, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, мазҳабӣ ва ғайра.
Дар асри XVI, махсусан тазкираҳои «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир», «Тазкират-уш-шуаро»-и Саидмуҳаммад Мутрибии Самарқандӣ, ки маҳсули ҳамин асранд, арзиши фаровони адабӣ - илмӣ дошта, ба рои омӯзиши адабиёти тоҷик маълумоти зарурӣ медиҳанд. «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» эҳдо ба ҳокими Ҳиндустон – Шоҳ Ҷаҳонгир буда, соли 1625 таълиф шудааст. Шоир ба шаҳрҳои Балх, Файзобод, Кун дуз, Кобул ва ғайра сафар намуда, маводди зарурӣ гирдоварӣ карда аст. Тазкираи «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» шарҳи ҳолу намунаҳои ашъ ори 292 нафар шоири охири асри XVI ва оғози асри XVII-ро фаро мегирад, ки онҳо дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Бо хоҳиши Ҷаҳонгир ба тазкираи мазкур зиндагинома ва наму наҳои ашъори 80 нафар адиб, ки Ҷаҳонгир худ ҷамъоварӣ намуда буд, дохил карда шудааст.
«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ соли 1606 таълиф шуда, ба ҳо кими вақт – Валимуҳаммадхони Аштархонӣ бахшида шудааст.
Мутрибӣ дар эҷоди ин тазкира аз «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ ва «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ баҳра бардоштааст. Дар тазкираи мазкур оид ба 335 нафар адиб маълумот дода мешавад, ки онҳо муо сирони тазкиранигоранд. Аз он ҷумла, дар бораи 17 нафар ҳоким, ки онҳо аҳли қалам низ буданд, маълумот дода мешавад.
«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ барои омӯхтани ҳаёти адабӣ ва рӯзгори адибони нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII аз беҳтарин сарчашмаҳои адабист, зеро баъзе адибон танҳо дар ҳамин тазкира зикр шудаанд. Аз ҷумла: Фигорӣ, Нозимӣ, Орифӣ, Афзалӣ, Зардакӣ, Дӯстӣ ва дигарон. Аз тарафи дигар, тазкираи Мутрибӣ барои муай ян намудани сатҳи эҷоди бадеъ, пешрафти афкори адабӣ-эстетикии асримиёнагӣ, дарёфти асолати ҳунарии эҷодкорон ва ғайра низ аҳам мияти воло дорад.
Мутрибӣ худ самарқандӣ буда, солҳои таваллуду вафоташ но маълум аст. Аз тахаллуси ӯ пайдост, ки дар ҷодаи мусиқӣ, сароянда гию навозандагӣ соҳиби истеъдод будааст. Ӯ таҳсилро дар Самарқанд шуруъ намуда, баъдтар ба Бухоро меравад. Дар ин маркази фарҳангӣ аз Хоҷа Ҳасани Нисорӣ илми шеъру шоирӣ меомӯзад. Намунаҳои ашъори Мутрибӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и ӯ ҷой дода шудааст, ки аз ҳунари баланду санъати волои шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Ме роси маҳфузмондаи адибро «Тазкират-уш-шуаро», «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» ва ашъори мутафарриқаи лирикӣ ташкил намудаанд.
Дигар аз тазкираҳои ин аср «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Баҳоуддин Ҳасан мутахаллис ба «Нисорӣ» мебошад. Нисорӣ тазкираи худро соли 1566 таълиф намуда, онро ба ҳокими вақт - Искандархони Шай бонӣ бахшидааст. Шумораи шоирон дар нусхаҳои гуногуни тазкираи ӯ мухталиф қайд гардида, аз 220, 275 то 450 нафар зикр шудаанд. Албатта, ин худ аз борҳо таҳриру такмил шудани тазкираи Нисорӣ шаҳодат медиҳад. Муаллиф тазкираи худро давоми тазкираи Мир Алишери Навоӣ медонад. «Музаккир-ул-аҳбоб» аз нигоҳи сохту тар киб низ ҷолиб аст: яъне, он дорои муқаддима, чаҳор боб ва хотима мебошад.
Дар таърихи афкори адабӣ тазкираи Нисорӣ яке аз асарҳои басо арзишманд аст. Пеш аз ҳама, ин асар барои омӯхтани таърихи ада биёти асри XVI сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. Ҳатто та вассути тазкираи мазкур бисёр адибони гумном ошкор мегарданд. Аз тарафи дигар, «Музаккир-ул-аҳбоб» рӯзгору осори бисёр шуарои гузаштаву муосири Нисориро фаро мегирад. Инчунин, адибоне, ки ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳ ва «Маҷолис-ун-нафоис»-и На воӣ дохил нашудаанд, Нисорӣ онҳоро дар асари худ ҷойгир намудааст.
Дигар аз хусусиятҳои тазкираи Нисорӣ дар он аст, ки Хоҷа Ҳа сан дар асари худ оид ба авзои фарҳангии аср ва таҳаввули адабиёти давр ҳам маълумоти арзишманди илмӣ медиҳад.
Дигар аз тазкираҳои муҳим, ки таълифи он ба адабиёти ибти дои асри XVII рост меояд, «Тазкираи Нозими Табрезӣ» буда, соли 1627 таълиф шудааст. Ин тазкира аз ду боб (чаҳор фасл) иборат ме бошад. «Тазкираи Нозими Табрезӣ» оид ба рӯзгору осори адибони гузашта ва ҳам оид ба аҳли қалами замони худи муаллиф маълумот медиҳад. Сарфи назар аз баъзе норасоиҳо, тазкираи мазкур арзиши адабӣ - эстетикӣ дошта, оид ба баъзе лаҳзаҳои зиндагиномаи шуаро ва хусусияти ашъори онҳо баҳс мекунад.
Тазкираи дигар, ки соли 1601 таълиф шудааст, «Тазкират-ут-та ворих»-и Абдуллоҳи Кобулӣ буда, дар он оид ба рӯзгору осори 197 адиби гузаштаву муосири худи тазкиранигор маълумот дода шуда аст. Аз шумораи мазкури шуаро 145 нафари онҳо адибони асрҳои IX-XV буда, 52 тан адибони охири асри XV ва аввалҳои асри XVI мебошанд, ки инҳоро метавон ҳамасрони муаллифи тазкира номид.
Тазкираи Абдуллоҳи Кобулӣ аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки та вассути он хонанда доир ба рӯзгору осори 35 нафар адиби асри XVI маълумоти тоза пайдо карда метавонад, ки дар тазкираҳои дигар зикр нашудаанд.
Бо вуҷуди баъзе ахбори такрор, тазкираи Абдуллоҳи Кобулӣ до рои арзиши хеле волои адабӣ-эстетикӣ ва илмӣ мебошад.
Каме пештар аз тазкираҳои дар боло номбаршуда чанд тазки раи дигар низ рӯйи кор омадаанд, ки барои омӯхтани рӯзгору осо ри эҷодкорони асримиёнагӣ маълумоти нисбатан арзишманди илмӣ медиҳанд. Аз онҳо яке асари Абунаср Соммирзои Сафавӣ аст, ки бо номи «Туҳфаи Сомӣ» соли 1560 эҷод шудааст. Ин тазкира низ даво ми «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ буда, аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима иборат аст. «Туҳфаи Сомӣ» пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар ин асар шарҳи ҳолу намунаҳои осори 713 шоир гирдоварӣ шудааст. Ин адибон дар охирҳои асри XV ва ибтидои асри XVI зин дагӣ ва эҷод кардаанд. Онҳо муқими қаламрави Ироқи Аҷам, Хуро сону Мовароуннаҳр мебошанд.
Дар ин тазкира баёни рӯзгору ашъори беш аз 50 шоире, ки дар тазкираи Навоӣ низ омадаанд, бо маълумоти тозаву мукаммал овар да шудаанд.
Тазкираи «Туҳфаи Сомӣ» аз нигоҳи илмӣ низ хеле арзишманд мебошад, зеро дар он ҳолати доираҳои адабӣ, равобити эҷодии ҳав заҳои адабӣ, сабқати эҷодӣ ва ғайра хеле хуб баён шудааст.
Соммирзои Сафавӣ – муаллифи тазкираи «Туҳфаи Сомӣ», соли 1517 дар Табрез ба дунё омадааст. Падари ӯ шоҳ Исмоили Сафавӣ аст, ки солҳои 1500 – 1524 ҳукмронӣ кардааст. Соммирзо низ ко милан илмҳои замонро аз худ карда, чанд муддат ҳокими Ҳирот ва Озарбойҷон ҳам будааст. Дар баробари сиёсатмадорӣ ӯ эҷодкор низ будаасту аз мероси адабияш дар ҳаҷми 6 ҳазор байт ғазалу рубоӣ, муфрадот ва ғайра ба ёдгор мондааст.
Асари дигаре, ки дар нимаи аввали асри XVI, дақиқан соли 1522 таълиф шудааст, «Туҳфат-ул-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ мебошад. Ин тазкира, пеш аз ҳама, бо он хусусияти худ фарқ мекунад, ки дар он шоирони ғазалсаро ва асосан онҳое, ки ғазалҳои ҷавобия ба ашъори шоирони пешин гуфтаанд, гирдоварӣ гардидааст, яъне, муосирони Фахрӣ шоирони охири асри XV ва аввали асри XVI, ки ғазалҳои ҷа вобия эҷод кардаанд, дар тазкираи мазкур фароҳам оварда шудаанд. «Туҳфат-ул-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ дорои чаҳор маҷлис буда, оид ба рӯзгору осори 254 тан шоир маълумоти зарурӣ медиҳад ва аз ашъ ори онҳо намунаҳо меорад.
Яке аз арзишмандтарин тазкираҳое, ки дар оғози садаи XVII таълиф шудааст, «Музаккир-ул-асҳоб»-и Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ мебошад. Ин тазкира солҳои 1688-92 таълиф шуда, шо мили ду бахш: асосӣ ва мулҳақот аст. Дар қисми асосии он оид ба 165 тан шоири асри XVII, ки муосири Малеҳоянд, маълумот дода шудааст. Дар бахши мулҳақот Малеҳо оид ба 37 нафар шоири ҷавону навқалам, ки ба қисмати асосӣ дохил нашудаанд, маълумот медиҳад.
Маълумоти Малеҳо оид ба зиндагиномаи шоирон нисбатан муъ тамад аст, зеро ӯ бо ҳар як шоире, ки дар борааш иттилоъ медиҳад, вохӯрдааст. Аз тарафи дигар, ин тазкира тибқи алифбо тартиб дода шудааст ва аз ин рӯ, дар он шоҳу гадо баробар аст.
«Музаккир-ул-асҳоб» аз як ҷиҳат арзиши волои адабӣ дорад ва аз ҷиҳати дигар намунаи насри адабӣ-илмии садаи мазкур ҳам ба шу мор меравад.
Ҷиҳати фарқкунандаи дигари тазкираи Малеҳо боз дар он аст, ки ба тариқи намуна овардан аз ашъори шуаро ӯ бо як ё ду байт иктифо накарда, то 60-70 байт зикр менамояд.
Умуман, тазкираҳо, аз як тараф, маълумотномаи шарҳиҳолии пурарзиш оид ба зиндагиномаи адибон медиҳанд, аз тарафи дигар, оид ба ҳусну қубҳи санъати сухан ва ҳунари эҷоди эҷодкорон, мақо му мартабаи онҳо баҳс ба миён меоранд, ки ин ҷанбаҳои илмӣ-адабӣ доштани онҳоро тасдиқ менамояд.
Аз ин рӯ, тазкираҳо яке аз сарчашмаҳои муътамаду арзишманд барои омӯхтани таърихи адабиёт низ мебошанд, зеро онҳо ифодага ри афкори адабӣ-эстетикӣ дониста мешаванд.