Қоонӣ ба шеъргӯйӣ дар овони 11-12-солагӣ шуруъ намуда, аз худ осори адабии арзишманде боқӣ гузоштааст. Мероси адабии маҳфузмондаи ӯро беш аз сад ҳазор байт донистаанд. Он осор асосан аз қасида, ғазал, қитаоту рубоиёт иборат мебошад. Дақиқан таркиби девони Қоонӣ чунин аст: қасида 330-то, ғазал 78-то, рубоӣ 29-то, мусаммат 6-то, таркиббанд 13-то, тарҷеъбанд 1-то, қитъа 155-то, маснавӣ 2-то.