Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ҳанӯз аз даврони хурдсолӣ то таҳсили мадраса ба шеъру шоирӣ рӯ оварда буд. Устод Садриддин Айнӣ дар ин бора менависад, ки: «… аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд». Ҳайрат тавонист дар муддати кӯтоҳ аз худ ашъори зиёде ба ёдгор гузорад. Ашъори шоирро баъд аз вафоти ӯ яке аз бузургону фозилони замон – Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ба сифати девон мураттаб намудааст. Ба ҳамин тариқ, девони ашъори Ҳайрат дорои 2447 байт буда, аз шаклҳои шеърии зерин: ғазалу қасида, қитъаву рубоӣ, мусаммати мухаммас, мусаммати мусаддас иборат мебошад.
Дар девони ӯ ғазал нисбат ба шаклҳои дигари шеърӣ мавқеъ дорад. Мавзуи марказии ашъори Ҳайрат ишқу ошиқӣ, шӯру валвалаҳои ботинии инсон, садои дилҳои лабрези вафодорию муҳаббат, садоқату самимият мебошад. Бахусус, ғазалиёти ӯ аз ин ҷиҳат афзалияти бештаре дорад.
Масалан, ғазали зерини Ҳайрат, ки аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво ишқӣ-васфӣ буда, дар он ҳусну ҷамоли маҳбуба васф карда мешавад, хеле ҷолиб аст. Ин ғазал, ки аз ҳар ҷиҳат аз нигоҳи хусусиятҳои мундариҷавӣ: маъниофарӣ, мазмунсозӣ, интихоби лафзу назокати ифода, ҳунари коргирӣ аз санъатҳои бадеии маънавию лафзӣ ва ғайра ҷолиб аст.
Аз ҷиҳати талаботи хусусиятҳои шаклӣ ҳам хеле дилнишину хотирмон мебошад. Он ҳатто диққати устод С. Айниро ҷалб намудааст ва устод ин ғазалро яке аз беҳтарин ғазалҳои суннатӣ шумурдааст.
Инак, он ғазал:
Ай сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ,
Моно, ки сарви қомати ӯро надидаӣ!
Ороми сарви ман бувад аз ҷӯйбори чашм,
Ай сарв, агар ту бар лаби ҷӯ орамидаӣ.
Ӯ сарви дилбар асту равон аст дар хиром,
Ту сарви бебарию ба кунҷе хазидаӣ!
Ӯ реша дар дил асту зи дил об мехӯрад,
Ту реша дар гил астию аз гил дамидаӣ.
Ӯ нозпарвар асту бувад шох-шохи лутф,
Ту боғпарвар, аз ду-се шохи буридаӣ.
Ҳайрат, зиёда муътақиди сарви нози ӯ
Гаштӣ, магар мунозираи мо шунидаӣ?
Ғазали зикршуда, бешубҳа, хеле ҳунармандона эҷод шудааст. Бунёди тасвири шеъри боло ду сарв буда, яке дарахт ва дигаре маҳбуба мебошад. Аз ибтидо то интиҳо ташбеҳи баргаштаву ташбеҳи тафсилӣ ба кор гирифта шудааст, то ин ки шоир бартарии маҳбубаро нишон бидиҳад. Сарви чаман, ки аз дарахтони дигар дар қадду қомат бартарӣ дорад, ифтихор мекунад. Шоир ӯро огоҳ месозад, ки фахри ту беҷост, зеро аз рӯйи тамоми хусусияту аломатҳои муқоисашаванда қомати маҳбуба бартарӣ дорад.
Хусусиятҳои шаклии шеъри боло низ басо ҷолиб ва хотирмон аст, зеро интихоби калимаҳову ибораҳо, хусусиятҳои табиии дарахту инсон, ҷобаҷогузорӣ, мантиқи бадеии сухан ва ғайра радифро талаб намекунад. Вале калимаҳои қофияшаванда: кашидаӣ, надидаӣ, орамидаӣ, хазидаӣ, дамидаӣ, буридаӣ, шунидаӣ низ бозёфти шоиранд. Онҳо хеле хуб «чида» шудаанд. Дар калимаҳои ҳамқофия решаи қофия «идаӣ» буда, ҳарфи равӣ «д» мебошад. Аз ин рӯ, қофияҳои ғазали боло мутлақ мебошанд.
Аз нигоҳи вазн низ ғазали мазкур нисбатан дилнишин аст, зеро дар баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф ё мақсур иншо шудааст. Афоъили он чунин шакл дорад:
- - v/ - v - v / v - - v / - v -
яъне: мафъулӯ, фоъилоту, мафоъӣлу, фоъилун
Ҳайрат шоири ғазалсарост ва дар ин ҳунар хеле завқи баланд дорад. Ӯ ғазалҳои тақлидкорона ҳам дорад, вале дар тақлид ҳам на ҳар кас муваффақият пайдо карда метавонад. Масалан, ба ғазали мазкури Ҳайрат, агар таваҷҷуҳ карда шавад, хеле ҳунармандона эҷод карда шудааст:
Чашми он дорам, ки он гулпираҳан ёдам кунад,
Гӯш як дам аз тараҳҳум сӯйи фарёдам кунад.
Чанд бошам аз фироқаш банда бо оҳу фиғон?
Кош сӯям як назар он сарви озодам кунад.
З-он лаби ширин лабе ширин нашуд охир маро,
Ҳамнишини кӯҳи ғам монанди Фарҳодам кунад.
Хоки раҳ гардидаам боре ба роҳи тавсанаш,
Як нигоҳ аз лутф ё якбора бар бодам кунад.
Абруяш тири ғазаб ҳар лаҳза бар дил мезанад,
Наргиси масташ ба ҷон сад фитна эҷодам кунад.
Заҳр менӯшам зи ҷоми дида аз саҳбои ашк,
Шоядам ҷоми май он маҳ нӯш бар ёдам кунад.
Зору маҳҷуру ҳазинам, Ҳайрат, аз ҳиҷрони ӯ,
Бар умед, он маҳ зи васли хеш дилшодам кунад.
Дар ғазали зикршуда истеъдоди воқеии Ҳайрат, ҳунари волои ӯ, донишу ҷаҳонбинӣ, табъу тавони суханварии вай боз ҳам бештар ошкор мешавад. Чашм андохтан – киноя аз пиндоштан, ба умед будан ва гулпироҳан – истиора, зеро ташбеҳшаванда нест ва танҳо ташбеҳкунанда зикр шудааст. Гӯш сӯйи фарёд кардан гапи касеро гирифтан, розӣ шудан ба фикри касе; ҳамнишини кӯҳи ғам будан – ғамшарикӣ; абрӯ – тири ғазаб ва ғайра. Ғазали боло ишқӣ буда, ҳадафи шоир шикоят аз ҳаҷри ёр, фироқу дурӣ аст. Ошиқ муштоқи висол аст, вале маҳбуба ғазабноку бадқаҳр мебошад.
Аз нигоҳи ҳунари эҷод низ ғазали зикршуда хуб эҷод шудааст. Ғазал дорои радифи сода буда, калимаи кунад ба ҳайси радиф оварда мешавад. Радиф танҳо аз таъкиди маъно иборат набуда, бештар бори ғоявӣ мекашад. Ғазал бо тақозои қофия ҳам ҷолиб буда, дар он калимаҳои ёдам, фарёдам, озодам, Фарҳодам, бодам, эҷодам, ёдам, дилшодам ҳамқофияанд. Аз ҷиҳати навъҳои қофия, қофияҳои ғазали мазкур мутлақ аст, зеро пас аз равӣ («д») унсурҳои дигари қофия омадаанд. Ҳадафи шоир аз истифодаи чунин тарзи қофия баёни ҳолати пешомада мебошад.
Дар эҷоди ғазал шоир аз баҳри рамал истифода кардааст. Ин аст, ки ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф таълиф шудааст. Афоъили вазни ҳосилшуда чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v –
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.
Намунаҳои дар боло овардашуда далели онанд, ки ашъори Ҳайрат дар адабиёти замони худ нисбат ба дигар муосирон аз ҳар ҷиҳат бартарӣ дорад.
Дар ғазалиёти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат мавзуъҳои танқидӣ, ҳаҷвӣ хеле зиёданд. Масалан, ӯ зоҳидро хеле сарзаниш менамояд:
Зоҳид аз дайр ба масҷид зада саъйи ботил,
Кист, ин гумшударо дар раҳи ҳақ гардонад?
Ҳарфи имрӯзи ту бо мо ҳамагӣ кину ҷафост,
Худ муаллим зи вафо кош сабақ гардонад.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби ғазалиёти Ҳайрат аз он иборат аст, ки ҳатто мавзуъҳои ишқӣ низ тобиши ҳазлу шӯхӣ гирифтаанд.
Чунончи:
Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр,
Барнамегирад хабар, сарви равони мо ба хайр.
Ёди ӯ дорем аҳде, ҳеҷ ёди мо накард,
Ёди бепарводили номеҳрубони мо ба хайр!
Мо ба фикри он ки дорад ёр фикри ҳоли мо,
Боракаллаҳ, фикри мову ҳам гумони мо ба хайр.
Нуқли маҷлис ҳар куҷо зикри парешонии мост,
Мо ба худ ҷамъем, асрори ниҳони мо ба хайр!
Ӯ намерафтаст худ ҷуз дар раҳи шарри рақиб,
Ёди чоқи кардаву чӯту нишони мо ба хайр.
Хостем аз лаъли ӯ як ҳарфею расво шудем,
Дар бари ёрони дерин имтиҳони мо ба хайр!
Ғазали зикршуда андаке тамоюли ҳазломез дорад. Ошиққаҳрамони лирикӣ ҳамоно гирифтори ҳиҷрон аст, вале маҳбуба хеле бепарводилу номеҳрубон мебошад.
Ин аст, ки ошиқ ӯро: аҳсант, мегӯяд. Аҳсанти гуфтаи ӯ маънии зоҳиран офаринро дорад. Маҳз бори ғоявӣ бардоштани радифи мураккаби «мо ба хайр» тобиши ҳазлангези мақсади қаҳрамони лирикиро таъмин кардааст. Аз ин рӯ, шоир онро ба ҳайси радиф баргузида, то ба охири ғазал ба кор мебарад.
Аз нигоҳи ҳунари шоирӣ низ ғазали дар боло овардашуда хеле ҳунармандона аст. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, истиора, маҷоз, киноя, ташбеҳ, муболиға, тазод, тавсиф ва ғайра хеле уҳдабароёна истифода мебарад.
Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ин ғазал хуб аст. Чунонки қаблан ишора рафт, шоир дар ин ғазал радифи мураккабро ба кор мебарад, то ин ки бори ғоявии ҳадафро вазнинтару таъсирбахштар намояд.
Қофияҳои ғазал калимаҳои дилситон, равон, номеҳрубон, гумон, ниҳон, нишон, имтиҳон, ҷон… буда, қофияҳои муқайяд мебошанд, зеро баъди ҳарфи равӣ («н») унсури дигар иштирок надорад.
Ғазали боло дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст. Афоъили вазни мазкур чунин шакл дорад:
- v - - / - v - - / - v - - / - v ~
Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.
Ҳайрат дар эҷодиёти худ, махсусан, дар эҷоди ғазал ба шоирони пешина пайравӣ кардааст. Ӯ ба ашъори Саъдӣ, Бадруддини Ҳилолӣ, Мушфиқӣ бештар пайравӣ мекунад. Хусусан, дар муносибат ба образи лирикии маҳбуба Ҳайрат, асосан, ба Ҳилолӣ ва эҷодиёти ӯ рӯ меорад. Барои намуна ба ин ғазали Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат муроҷиат менамоем, ки хеле ҳунармандона рӯйи кор омадааст. Албатта, сӯзу гудоз дар ғазалиёти Ҳилолӣ ва назокати ифодаи ҷузъиёти тасвирҳои лирикӣ дар шеваи эҷоди ӯ афзалияти том дорад.
Чунончи:
Эй мӯниси дил, дӯш ту меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон омаду ҷонони кӣ будӣ?
Маст аз майи ишқат ману бо ғайр задӣ ҷом,
Ранҷури ту ман будаму дармони кӣ будӣ?
Ҳамсуҳбати ағёрию як бор нагуфтӣ
Бо худ, ки қарини дили бирёни кӣ будӣ?
Бурдӣ ту қарор аз ману ороми кӣ гаштӣ?
Мурдам зи фироқи ту, бигӯ, ҷони кӣ будӣ?
Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,
Эй руҳи равон, луъбати хандони кӣ будӣ?
Боре накашидӣ зи дилам хори ҷафоро,
Бо орази гул сарви гулистони кӣ будӣ?
Ханҷар ба кафу маст пайи қатли ту омад,
Ҳайрат, бинигар, захмии пайкони кӣ будӣ?
Ғазали мазкур пайравӣ бошад ҳам, басо уҳдабароёна ва ҳунармандона аст. Мавзуи ғазали боло ишқӣ буда, бемеҳрӣ, ҷафокорӣ, бепарвоӣ, бераҳмӣ, ситамгорӣ, золимӣ, бесабрӣ, дилсардӣ, бевафоӣ дар симои маҳбуба мавриди тасвир қарор дорад. Ошиқ бошад, баръакс: бовафо, бомуҳаббат, пуртоқату пурсабр, ҷафокашу раҳмдил, хушмуомилаву хушсухан аст. Ошиқ аз маҳбуба шиква кунаду нолад ҳам, амалҳои ӯ аз сидқи дил нест, зеро ӯ сидқан маҳбубаро дӯст медорад. Рӯзгори хешро бе маҳбубааш ҳеҷ медонад.
Маҳбубаро баробари ҷон пазмон аст. Ин аст, ки бунёди мавзуии ғазал ишқӣ буда, ҳиҷрон, фироқ, дурӣ аз висол, канорагирӣ асоси онро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, шоир барои таъсирнокӣ, дилчаспӣ, гӯшнавозӣ дар коргирӣ аз хусусиятҳои шаклӣ, унсурҳои ёвари мазмунсозӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳунарманд аст.
Истифодаи радиф дар ғазали боло хеле ҷолиб буда, шоир барои таъсирнокии баён радифи мураккабро истифода бурдааст. Албатта, дар ғазали Ҳилолӣ ин ҷиҳати баён боз ҳунармандонатар аст, яъне радифи мураккаби «кӣ будӣ?» бори ғоявӣ ба дӯш дошта, суоли ошиқ ба маҳбуба мебошад.
Калимаҳои қофияшаванда низ ҷолибанд: меҳмон, ҷонон, дармон, бирён, ҷон, хандон, гулистон, пайкон дар ғазали боло ҳамқофияанд ва ба воситаи бандаки изофии «и» миёни радифу қофия иртиботи забонӣ сурат гирифтааст. Аз сӯйи дигар, мантиқи ифода низ хеле баланд арзёбӣ шудааст.
Қофияшавандаҳои боло аз нигоҳи навъҳои қофия муқайяд буда, пас аз равӣ («н») ҳарфи васл наомадааст. Ин унсур барои низоми калимаҳо ва рабти мисраъҳову байтҳо то тамомияти ғазал, барои таъмин намудани оҳангнокӣ идома меёбад.
Аз нигоҳи истифодаи вазн низ ғазали боло хеле ҷолиб ва дилкаш аст. Ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф (ё мақсур) иншо шудааст, ки афоъили он дар чунин шакл сомон ёфтааст:
- - v / v - - v / v - - v / v - - ( v - ~)
яъне: мафъӯлу, мафоъӣлу, мафоъӣлу, фаъӯлун.
Ба ҳамин тариқ, Ҳайрат ба воситаи ашъори лирикии худ ва махсусан, ғазалиёташ ба адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва оғози садаи ХХ ва ҳамчунин ба адабиёти муосири тоҷик нуфузи судманде расонидааст. Саҳми ӯ дар афзудани таҷрибаи эҷодӣ, ҳунари шоирӣ, санъати маъниофарӣ, ҷузъиёти тасвирсозиҳо, коргирӣ аз радифсозию қофияёбӣ ва ҳамчунин ғанӣ шудани таркиби луғавию фонди лексикаи забони адабӣ ва ғайра ниҳоят бузург аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Оид ба овони ҷавонии Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат чӣ медонед?
2. Шиносоии Ҳайрат бо устод Айнӣ кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст?
3. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Ҳайрат дар куҷо гузаштааст?
4. Мероси адабии маҳфузмондаи Ҳайратро номбар кунед.
5. Мавзуъ ва мазмуну муҳтавои лирикаи Ҳайратро нақл кунед.
6. Хусусиятҳои ҳунарии ғазалиёти Муҳаммадсиддиқи Ҳайратро шарҳ диҳед.
7. Ғазали «Ай сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ» - ро аз ёд кунед ва хусусияти образҳои лирикӣ – ҳар ду сарвро баён кунед.
8. Мазмун ва мундариҷаи ғоявии ғазали «Чашми он дорам, ки он гулпираҳан ёдам кунад»-ро нақл кунед.
9. Ғазали «Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр»-ро аз нигоҳи маънию мазмун ва ҳунари шоирӣ шарҳ диҳед.
10. Мақоми Ҳайрат дар рушди адабиёти давр ва анвои ҷудогонаи шеър чӣ гуна аст?