Қоонӣ на танҳо дар навъҳои гуногуни адабии манзум: қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, мусамматот, ғазал, рубоӣ, қитъаот ва ғайра, балки дар наср низ табъи фавқулода баланд доштааст. Агар ӯ дар навъҳои адабии манзум: дар қасида ба Анварӣ ва Хоқонӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ; дар мусаммат ба Манучеҳрӣ; дар қитъа бештар ба Анварӣ ва Саъдӣ; дар рубоӣ ва тарҷеот ба Фаррухӣ дунболравӣ карда бошад, дар наср маҳз ба Саъдӣ пайравӣ намудааст. Ин аст, ки Қоонӣ дар зери таъсири «Гулистон»-и Саъдӣ асари мансури худ
– «Парешон»-ро таълиф менамояд. Дар ин асар Қоонӣ номаҳо ва зиндагиномаи худро низ ба наср таълиф намудааст.
«Парешон»-ро Қоонӣ дар овони 28-солагии хеш, соли 1836 таълиф намудааст. Дар асар зимни фасли «Сабаби таълифи китоб…» аз Муҳаммадшоҳи ҳоким (солҳои салтанаташ 1834-1848) ёд карда мешавад, ки шояд китоб бо хоҳиши ӯ таълиф шуда бошад. Қоонӣ сабаби «Парешон» ном ниҳодани асари худро дар вазъи ногувору ноороми аҳволи шахсии хеш медонад: «ҷидду ҳазле чанд дар ҳам рехтам ва бархе назму наср бо ҳам омехтам ва он ҷамъро ба муносибати ҳоли худ «Парешон» ном ниҳодам».
Сохтори асар чунин аст: Муқаддима, фасли «Сабаби таълифи китоб», қисмати асосӣ ва хотима. Қисмати асосии асар дорои 123 ҳикоят буда, ба масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ, тарбиявӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, инсондӯстиву накукорӣ, саховатмандию баландҳимматӣ, сабру таҳаммул, дӯстию рафоқат ва ғайра бахшида шудааст. Аз сабаби он ки «Парешон» зери таъсири «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ рӯйи кор омадааст, дар он тарбияи инсон ва адолату адолатхоҳӣ аз масъалаҳои марказӣ ва асосӣ ҳисоб мешаванд.
Усули офариниши ҳикоят дар «Парешон»-и Қоонӣ мисли «Гулистон»-и Саъдӣ мебошад. Яъне, ҳар як ҳикоят бо порчаҳои шеърӣ, бештар бо қитъаот зеб дода мешавад. Вазифаи пораҳои шеърӣ, ки ғолибан дар интиҳои ҳикоят оварда мешаванд, тақвияту пуррасозии маънии ҳикоёт, муассириву ҷозибанокии он мебошад. Ҳар он маънию мақсаде, ки дар ҳикоя дарҷ гардидааст, тавассути пораҳои шеърӣ асоснок карда мешаванд, ки дигар хонанда комилан аз мутолиаи он қаноатмандӣ ҳосил менамояд ва чуну чаро намекунад. Барои мисол ба ҳикояте аз китоби «Парешон»-и Қоонӣ муроҷиат мекунем:
Подшоҳе аз соҳибдиле суол кард, ки аз подшоҳон чӣ монад?
Гуфт:
– Як чиз, валекин ба ду сифат. Пурсид, ки он кадом аст?
Гуфт: – Ном, ки чун адлу эҳсон кунанд, ба некӣ ва илло ба зиштӣ.
Ҳазор сол, ки Заҳҳок подшоҳӣ кард,
Аз ӯ намонд ба ҷуз номи зишт дар олам.
Агарчи давлати Кисро басе намонд, вале
Ба адлу дод шудаш ном дар замона алам.
Қоонӣ адлу зулмро бо образҳои шахсони таърихӣ: Анӯшервон, Ҳотам, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ва ғайра ба таври муқоиса зикр намуда, афзалияти адлро бар зулм, бартарии одилро аз золим нишон медиҳад. Ҳикояти мазкури Қоонӣ бо андаке ихтисор доир ба ин мавзуъ хеле ҷолиб аст:
Подшоҳе кисаи тамаъ дӯхта ва анбони ҳирс аз шаҳвати золимон андӯхта, бад-ин сабаб ҷониби мазлумон нагирифтӣ ва насиҳати носеҳон напазируфтӣ…
Ҳадяи золим ар ситонад шоҳ,
Донишу чашму гӯш хира шавад.
Доди мазлумро бигир аз ӯ,
Субҳи умраш чу шоми тира шавад.
Аз ин лаҳзаҳои ҳикояти мазкур маълум мешавад, ки пояи зулм дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна ҳолат бебақою ноустувор будааст. Баръакс, бунёди адл ва арзиши адолат ва нақши одил дар ҳама гуна ҷомеа ва дар ҳама гуна давру замон устувору побарҷо, бобақову пойдор аст.
Азбаски «Парешон» асари ахлоқӣ-тарбиявист, ситоиши хислатҳои ҳамида: инсондӯстӣ, халқпарварӣ, ватанхоҳӣ, некӣ ва некукорӣ, саховатмандӣ, олиҳимматӣ, адолатпарварӣ, илмдӯстӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, хайрхоҳӣ, некандешӣ, ботамкинӣ, таҳаммулкорӣ, дурандешӣ, пурсабрӣ ва ғайра дар он бо тамоми ҷузъиёт ба тасвир гирифта шудааст.
Хислатҳои разила аз қабили бадӣ, бадандешӣ, кибр, ғурур, золимӣ, худхоҳӣ, мардумозорӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштор, сабукфикрӣ, кӯтоҳназарӣ, дунҳимматӣ, такаббур, рибохорӣ, ришваситонӣ, авомфиребӣ, қалтабонӣ, дайюсӣ, нокасӣ, бодахорӣ, майпарастӣ, муфтхӯрӣ ва ғайра дар ин асар хеле ба таври ҷиддӣ маҳкум карда мешаванд. Масалан, дар ин ҳикоят, ки мастию бодапарастӣ ҳамчун унсури дуркунандаи инсон аз ақл ва аз ҳадди одамӣ ба тасвир гирифта мешавад, хеле андешаронии ҷолиб ба назар мерасад. Хонанда мавқеи адибро ба зудӣ ҳис карда метавонад. Ин ҳикоят «Бодапаймои тавбакор» ном дошта, басо ҳазломезу ҳаҷвӣ ба назар мерасад. Дар ин ҳикоят симои нохуши бадмасте тасвир шудааст, ки бодаи дусола обрӯву эътибори сисолаашро барҳам задааст ва дар охир ӯро ба марг расонидааст.
Дар асар, албатта, таъсири дин ва тасаввуф хуб ҳис карда мешавад. Бояд гуфт, ки «Гулистон»-и Саъдӣ ба таърихи адабиёт ҳамчун як кашфиёти нодири адабӣ ворид шудааст. Аз ин рӯ, «Гулистон» ба адабиёти давр ва минбаъд таъсири фаровон гузошта, «Нигористон», «Хористон», «Баҳористон», «Парешон» ва дигар асарҳо бевосита дар пайравии «Гулистон» таълиф шудаанд. Яке аз чунин асарҳо, чунонки қаблан низ ишора намудем, «Парешон»-и Қоонист, ки охирин ҷавобия ба асари Саъдист.
Ин асар ҳам дар шакл (сохтору таркиб) ва ҳам дар мазмуну муҳтаво ба «Гулистон» монанд аст, вале дар арзиши адабӣ - эстетикӣ, таъсирнокии мазмуну моҳият, ҳунари эҷоду санъати баён, ҷозибияти сухану маҳбубияти ифода, баҳрабардорӣ аз мутолиаи он ба асари Саъдӣ баробар шуда наметавонад. Саъдӣ ягона адибест, ки дар назму насри адабӣ – бадеӣ мақому мартабаи якхела дорад, яъне ӯ он мавқее, ки дар шеър дорад, айнан ҳамон пояро дар наср низ соҳиб аст.
Қоонӣ низ шоири тавоно ва нависандаи забардаст мебошад. Агар мақом ва ҳунари ин шоир дар назму шеър ва санъати эҷодии ӯ дар наср бо эҷодиёти Саъдии Шерозӣ муқоиса карда шавад, ҳеҷ гоҳ Қоонӣ ҳамрадифи Саъдӣ шуда наметавонад, ҳол он ки то замони Қоонӣ назму насри тоҷику форс мароҳили комили камолот паймуда, таҷрибаи фаровони эҷодӣ мавҷуд будааст. Албатта, он ашъореро, ки Қоонӣ аз Мавлавӣ зикр кардааст, дар назар дошта намешавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки «Гулистон» аз муқаддима, 8 бобу хотима иборат аст, вале ин низом дар «Парешон» нест ва шояд унвони асар ба муҳтавои он (дар нисбати «Гулистон») низ ишорае бошад.
Сохтори ҳикояҳо низ дар ин ду асар яксон нест. Ҳикояҳои Саъдӣ хеле кӯтоҳ, пурмазмун, сертаъсиртар ва аз нигоҳи ҳунар ҳам басо ҳунармандонаву ҷолибанд.
Ин тарзи офариниш дар асари Қоонӣ нисбатан заиф ва аз нигоҳи ҳунар сусттар аст. Ӯ бештар ҳикоятҳоро тулонӣ баён намуда, ҳадафро кашол медиҳад.
Дар асари Саъдӣ санъати дӯстдоштаи ӯ дар баёнаш насри мусаҷҷаъ аст, ки аз саҷъ хеле хуб кор мегирад. Ин ҳолат дар асари Қоонӣ каме костааст. Саҷъро Қоонӣ хеле зиёд ба кор мебарад, вале тулонию маснуъ. Хонандаро хаста мекунад, зеро дарки маъно каме душвор мегардад. Саъдӣ дар ҳикояи ишқие менависад:
– Порсоеро дидам ба муҳаббати шахсе гирифтор, на тоқату сабр ва на ёрои гуфтор…
Коргирӣ аз саҷъ дар «Парешон» чунин сурат гирифтааст:
«Дар фасли зимистон, ки ҳаво бурди бард пӯшидан гирифт ва чашмаи чашми саҳоб ҷӯшидан, нафас дар ҳалқ танг шуд ва мардуми чашм дар чашми мардум санг».
Бо вуҷуди ин ҳама, Қоонӣ дар таърихи адабиёт бо таълифи ин асар суннати адабиро эҳё кард ва чун охирин ҷавобиягӯ ба «Гулистон» машҳур шуд. Беш аз ин, Қоонӣ бо эҷоди ин асари худ ба насри реалистӣ ва рушди адабиёти маорифпарварӣ тақвияти махсус бахшид.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Оид ба овони ҷавонии Қоонӣ чӣ медонед?
2. Қоонӣ ба ҷуз забони модарӣ боз кадом забонҳои Шарқу Ғарбро медонист?
3. Қоонӣ бо кадом шоҳони қоҷор иртиботи наздик дошт?
4. Поёни умри шоир чӣ гуна буд?
5. Оид ба мероси адабии Қоонӣ маълумот диҳед.
6. Саҳми Қоонӣ дар қасидасароӣ чӣ гуна аст?
7. Ӯ дар қасоиди мадҳӣ бештар ба киҳо пайравӣ кардааст?
8. Саҳми Қоонӣ дар таҳаввули насри адабӣ чӣ гуна аст?
9. Умумият ва тафовути «Гулистон» ва «Парешон»-ро баён кунед.
10. Симои майпарастон дар ҳикоёти «Парешон» чӣ гуна аст?