Мавзуъ ва мазмуни ғазалиёти шоир

Мирзосодиқ лирик, шоири ғазалсаро аст. Ӯ дар ғазалсароӣ ғолибан ба Саъдӣ, Хусрав, Ҳофиз, Камол ва Соибу Бедил пайравӣ кардааст. Аз ӯ то ба имрӯз 345 ғазал боқӣ мондааст, ки 2291 байтро ташкил медиҳад. Вале аслан девони Содиқ дорои 15 ҳазор байт будааст. Шоир дар аксари жанрҳои назми замон: ғазал, қасида, рубоӣ, мусаммат, қитъа, маснавӣ ва ғайра шеър гуфтааст.

Бо вуҷуди шоири сермаҳсул будан, пеш аз ҳама, Содиқ лирик – шоири ғазалсаро мебошад. Ӯро Абулмаонии сонӣ, шоҳаншоҳи иқлими сухан ном бурдаанд, ки беҳуда нест.

Барои намуна чанд ғазали шоирро метавон зикр намуд ва зимни он аз санъати сухан, истеъдоди эҷодӣ, ҳунари сухансанҷӣ ва пояи шоирии ӯро метавон муайян намуд.

Чунончи:

Чанд резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро,

Эй ҷафопеша, биё, рез дигар хуни маро.

Дил ба занҷири сари зулфи ту ороме дошт,

Шуд сабо силсилаҷунбон дили маҷнуни маро.

Бо ту, эй сангдил, афсонаи ман дар нагирифт,

Дар дили сахти ту набвад асар афсуни маро.

Шуълаи оҳи дил оташ зада дар пираҳанам,

Сӯзи пинҳон чу дарун сӯхта беруни маро.

Гуфтӣ аз хотири маҳзуни ту шодам, Содиқ,

Шод кардӣ ба ҳамин хотири маҳзуни маро.

Ғазали мазкур аз 5 байт таркиб ёфтааст ва дорои радиф («маро») буда, шоир радифи содаро кор фармудааст, ки ҳадаф аз он таҳким бахшидан ба мазмуни ғазал мебошад. Калимаҳои қофияшуда: ҷигаргун, хун, маҷнун, афсун, берун, маҳзун буда, ҳуруфи қофия якҷо бо бандаки изофӣ («и») дар шакли «…уни» омадааст. «Н» ҳарфи равӣ буда, худи қофия муқайяд мебошад.

Аз нигоҳи вазн низ ғазали боло ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо гардида, шакли афоъили он чунин аст:

- v - - / v v - - / v v - - / v v -

яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.

Аз нигоҳи мавзуъ ва мазмуну муҳтаво ғазали боло ишқӣ буда, маҳбуба ҷафопеша, бераҳм, бесабру тоқат, бемеҳр, сангдил, ҳатто хунрез аст. Ошиқ бовафо, пурмеҳр, ростқавл, собир, ғамноку ғамхор, ҳатто ҷоннисор мебошад. Ҳадафи ошиқ висол аст ва маҳз ба хотири вафои маҳбуба ба ҷоннисорӣ розист. Албатта, оҳангҳои қавии иҷтимоӣ касб намудани ғазалиёти ин давра ва махсусан, ғазалҳои Мирзосодиқ ба қонуни инкишофи адабиёти давр ва авзои таърихии замон сахт вобастагӣ дорад, зеро мантиқан нақши образҳои лирикӣ – ошиқ ва маъшуқа ба ҳам зид гузошта шудааст. Ба назари шоир ин дарду ранҷҳо, азобу шиканҷаҳо завқу лаззати дигар доранд:

Дарду алами ишқ аҷаб лаззати завқе,

Дарду аламе нест туро, бас аҷаб аст ин.

Ишқу муҳаббатро Содиқ беолоишу пок, озодаву соф тасаввур мекунад ва чунин ишқ кори ҳар дуну сифла нест:

Бошад муҳаббат ончунин покиза дурри бебаҳо,

Натвонад ӯро доштан ҳар сифлаву дун дар бағал.

Дар лирикаи Мирзосодиқ мавзуъҳои суннатӣ ба мушоҳида мерасанд, вале дар ин миён лирикаи ишқии шоир афзалияти бештарро дорост. Дар лирикаи ишқии шоир нақши эҳсосот ва тафаккури ошиқона мақоми меҳварӣ дорад. Вале дар ин миён маҳбуба афзалият дорад:

Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан,

Ба нохун най шикастан, банд аз шаккар ҷудо кардан.

Намо паҳлу тиҳӣ аз тору пуди пастии ғафлат,

Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.

Хамидан пойи қадди ростӣ зинат наяфзояд,

Зи пирон хуш наояд такя бар дӯши асо кардан.

Дурустиҳои имкони шикаста ваҳшате дорад,

Ки аз ғайр аз шикастан нест фикри мумиё кардан.

Дар ин дарё гуҳар шав, қатрае гар обрӯ дорӣ,

Ҳубобосо сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан.

Зудояд занги зулмат аз миси шаб субҳдам, Содиқ,

Ҳамин иксир мебахшад нафас аз худ раҳо кардан.

Аз нигоҳи шакл ғазали закршуда навоварие надорад. Яъне ғазал дорои радифи сода («кардан»), қофияҳои муқайяд: ошно, ҷудо, бино, асо, ҳаво, раҳо буда, бо равӣ хотима ёфтааст. Аз нигоҳи вазн низ ҷолиб аст, зеро сӯзу гудоз бо ранҷу машаққат баробар баён шуда, табиати жанр баҳри ҳазаҷро тақозо намудааст. Бинобар он, ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин мебошад:

v - - - / v - - - / v - - - / v - - -

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.

Ғазал оҳанги хеле нозук ва муассири орифона дошта, ҳадаф сай ри маънавии солик ва паймудани марҳалаҳои камолот аст, ки танҳо тавассути ранҷ, азоб, сабр, ҳушёрӣ, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ, дурӣ аз таносоӣ, парҳезкорӣ, канорагирӣ аз дунё ва алоиқи он ва ғайра мебо шад. Аз ин ҷост, ки рӯ овардан ба ранҷ, бо нохун шикастани най (ин кисори қолаб), банд аз шакар ҷудо кардан (барҳам задани ҳиҷобҳо), паҳлу тиҳӣ кардан аз тору пуди ғафлат (дил кандан аз дунёи моддӣ), такя бар дӯши асо кардан (ба олами бесамар дил бастан), ваҳшат (душвориҳои роҳ), гавҳар шудан (пинҳон будан), ҳубоб (худнамоӣ) ва ғайра ифодаҳои нодиру тозаанд ва ин ҳама тозакориҳои худи адиб аст.

Интихоби калимаҳо, коргирӣ ва маънисозию мазмунбофӣ аз онҳо, рамзу киноя касб кардани баёну ифода низ вобаста ба мазмуну муҳтаво ва мавзуи ғазал мебошад. Ин ҳолот, албатта, хоси табиати ашъори лирикаи ишқист, ки дар шеърҳои шоирони ин аср низ чун суннати устувор дида мешавад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ашъори Содиқ ва бештар дар ғазалҳои ӯ ба назар мерасад, инъикоси оҳангҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин аср низ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони амирӣ ҳолати қувваҳои эҷодӣ-адабӣ чандон хуб набудааст. Бинобар он, оҳанги шикоят аз ҳолати танги муҳит ва аҳволи нохуби аҳли адаб, бо омезиш ба панду насиҳат, андарзу мавъизат, танқиди ҷаҳолату нодонӣ, зулму бедодӣ, ноодилию қаллобӣ, фитнагарию фиреб, инчунин танқиди зимомдорони замон, рафтори руҳониён, кирдори зоҳидону парҳезкорони риёӣ ва ғайра дар лирикаи Содиқ тасвир шудааст:

Ҷуз китобам ҳамнишини нуктадон пайдо нашуд,

Ҷуз найи килкам ҳарифи ҳамзабон пайдо нашуд.

Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, дилороме наёфт,

Ҷони беоромро ороми ҷон пайдо нашуд…

Ё худ:

Бо мо замона тарки хусумат намекунад,

Чун сифла ҳеҷ касби мурувват намекунад.

Чанд афканад ба маҷлиси мо шӯр муҳтасиб?

Он беадаб риояти суҳбат намекунад.

Дар лирикаи Содиқ ва махсусан, дар ғазалҳои ӯ баробари ишқу ошиқӣ васфи маҳбуба, баёни олами маънавӣ ва зебоиҳои зоҳирии ӯ, ситоиши баҳор, гулу лола, насиму накҳати баҳорон, маю мусиқӣ низ ҳаст. Инчунин, мавзуъҳои пандуандарзӣ: эҳтироми инсон, дӯст доштани ватан, рӯ овардан ба илму таҳсил, меҳнатдӯстӣ, хайрхоҳию хоксорӣ, фурӯтанию шикастанафсӣ, ростгӯйӣ, ширинзабонӣ, парҳезкорӣ, ҳалолкорӣ, эҳтироми падару модар, устоду омӯзгор, вафо ба аҳд ва ғайра хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин шоир хислатҳои бади инсониро, аз қабили қатлу ғорат, мардумозорӣ, авомфиребӣ, буҳтону дурӯғгӯйӣ, муфтхӯрӣ, ҳавобаландӣ, кибру ғурур, худписандӣ, хасисию мумсикӣ, танпарварӣ, қалтабонӣ ва ғайраро накуҳиш менамояд. Вале мавзуи марказии ғазалиёти ӯ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои қалбии инсон, шӯру валвалаҳои ботинӣ, садои дилҳо, хории ошиқу истиғнои маҳбуба ва ғайра хеле қавӣ садо медиҳанд.

Чунончи:

Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ,

Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дареғ.

Ҷон зи бемории ҳиҷрон ба лаб омад аз шавқ,

Шарбати васли ту ҳаргиз начашидем, дареғ.

Дар ғамат ғунчасифат сар ба гиребон бурдем,

Чун ғул аз ғусса гиребон надаридем, дареғ.

Монд дар пойи дили хастаи мо хор фурӯ,

Гуле аз гулшани васли ту начидем, дареғ.

Бими онро, ки шавад сӯзи дили мо зоҳир,

Сӯхтем аз ғаму оҳе накашидем, дареғ.

Остони ту бувад мақсади арбоби вафо,

Мо ба он мақсади олӣ нарасидем, дареғ.

Ҷон надодем чу Содиқ ба ғами дарди ту, ҳайф,

Сарф шуд нақду матое нахаридем, дареғ.

Аз нигоҳи шакл ғазали мазкур анъанавӣ буда, дорои ҳафт байт, радифи сода («дареғ»), қофияи мутлақ (ҳарфи равӣ - «д»), матлаъ, мақтаъ, тахаллус ва ғайра мебошад. Он дар баҳри рамали мусаммани махбуни мақсур (баъзан аслам, аслами мусаббағ) эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

- v - - / v v - - / v v - - / v v ~ (баъзан: - - / - ~

Радиф дар ин ғазал бори ғоявӣ мекашад ва барои муайян намудани ҳолати қаҳрамони лирикӣ – ошиқ мусоидат мекунад.

Аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво ғазали боло ишқӣ буда, баёни ҳолати ошиқ, яъне, ҳиҷрон ва дурӣ аз висол, интиҳои рӯзгор ва афсӯсу ҳайфу дареғ изҳор намудани ошиқ мазмуни онро фароҳам овардааст.

Ҷанбаҳои ҳунарӣ низ хеле ҷолиб аст: вобаста ба мавзуи ишқ: зор мурдан, сер надидани рӯй, нашунидани нукта, ба лаб расидани ҷон, чашидани шарбат, дареғ ва ғайра, калимаҳои мутаносиб ҳамагӣ дар ду байт мебошанд. Ин ҳолат то интиҳо идома дорад. Киноя, маҷоз – яъне мурдан – беҳуда гузаштани умр; ҷон ба лаб омадан – яъне тоқат намудан ба ҳама гуна душвориҳо; начашидани шарбати васл – иттифоқ наафтодани висол; ғунчасифат – мисли ғунча; сар дар гиребон будан - ҳанӯз нашукуфтан, яъне ба маънии ҳанӯз аз дунё баҳра набардоштан ва ғайра. Тавсиф: дили хаста, мақсади олӣ; истиора – ғунчасифат, гул, ки танҳо монандкунандаҳо иштирок доранду монандшавандаҳо нестанд ва ғайра.

Албатта, ҷанбаҳои ҳунарӣ дар шеъри шоирони ин рӯзгор мисли асрҳои XII, XIII, XIV, XV нест, вале шоирони ҷудогона дар ҳар сурат нисбатан санъату ҳунари воло доранд, ки Содиқу Ҳозиқ, Шӯхию Парӣ аз он ҷумлаанд. Хусусан, дар ғазалсароӣ ин шоирон нисбатан панҷаи қавитаре доштаанд, зеро ғазали онҳо дар интиҳои ҳол асосҳои таҳаввули жанрро дар ин давра муайян менамояд.