Асарҳои мансури Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои мансури Бедил мақому пояи ӯро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Онҳо дар мавзуъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадаанд:

1. «Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ онро ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст.

Адиби мутафаккир пас аз ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзуъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.

2. «Никот». Ин асари Бедил мансур буда, дар он Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст.

Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта-Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт.

Рубоӣ:

Эй он ки гаҳе хилвату гаҳ анҷуманӣ,

Пайваста ба ваҳми ғайр оташ фиканӣ.

Найранги дуӣ боз надорад ин ҷо,

Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манӣ.

Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъйин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.

3. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии тоҷику форс аст, ки дар ду шакл – назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ, махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд.

«Руқаот»-и Бедил асари мансур буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне, маҷмуи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун ба шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҳар кадом ҷавоби номае аз ҳамфикрону наздикони Бедил аст. Аз ин рӯ, онҳо арзиши адабӣшарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ-эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамоянд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рӯзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ бо муосиронаш инъикос ёфтааст.

4. «Чор унсур» асари калонтарини мансури Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар мансур бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, мутафаккир асосан дар ин асар оид ба масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба руҳи мутлақ, руҳи табиию наботӣ, ҳайвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз ҳаводису воқеоти таърихӣ – лашкаркашиҳои Шоҳшуҷоъ, задухурду кашмакашҳои сиёсӣ, нооромиҳои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» ҷанбаҳои гуногуни ҳолномаи Бедил, муқаррабону дӯстон, хешовандону пайвандон, ҳамсуҳбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доираҳои адабии замон, бурду бохти сухангустарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхонӣ, таҳсили мадраса ва то ба охир идома наёфтани таҳсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эҷодӣ ва ба сипоҳигарӣ рӯ овардани ӯ ба тасвир омадааст.

Умуман, аз «Чор унсур»-и Мирзо Абдулқодири Бедил барои баҳо додан ба адабиёти асри XVII, бахусус насри бадеӣ, барои адибони ҷудогона ва муайян намудани ҳунари эҷодии онҳо, баҳри қиёсу тарҷеҳи пояи суханварии суханварон, оид ба сафарҳои Бедил ва дар маҷмуъ, афкори адабию шеваи эҷодияш маълумоти арзишманди илмӣ, адабӣ ба даст даровардан мумкин аст.