Қофия ва радиф

«Қофия» калимаи арабӣ буда, маънои луғавияш пушти сар, охири ҳар чиз, азпайраванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он – пасванд)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ Лабибӣ мегӯяд:

Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст

Маъонӣ аз чакова то пасованд.

Дар илми забоншиносӣ пасовандро ба маънои пасоянд – як ҳиссаи охири калима, ки маънои онро тағйир медиҳад, низ кор мефармоянд. Ба маънои истилоҳӣ калимаҳои ҳамшакл, ҳамоҳанг ё ҳамвазнеро қофия меноманд, ки дар бештари мавридҳо дар охири мисраъҳои шеър омада, вазн ва оҳангнокии онро муайян месозад. Масалан, «дод»-у, «бод»-у, «шод»-у, «род» ва «даст»-у «раст»-у «ҳаст» ва ғайра.

Мисол:

То нагиряд абр, кай хандад чаман,

То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан.

ё ки:

Аз каҷӣ афтӣ ба каму костӣ,

Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.

Дар байти аввал калимаҳои «чаман» ва «лабан», дар байти сонӣ калимаҳои «костӣ» ва «ростӣ» қофия шудаанд. Сабаби асосии ҳамқофия шудани ин калимаҳо дар он аст, ки дар таркиби калимаҳои «чаман»-у «лабан» ду ҳарфи ҳамсон – «-ан» ва дар таркиби калимаҳои «костӣ»-ю «ростӣ» чор ҳарфи ҳамсон «-остӣ» омадаанд.

Барои донистани илми қофия бояд ду мафҳуми асосӣ: калимаи қофия (ё калимаҳои қофия) ва решаи қофияро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошт. Калимаҳое, ки ба вазифаҳои қофия меоянд, калимаҳои қофия ё калимаи қофия, ҳарфҳои ҳамсони калимаҳои қофияро решаи қофия меноманд.

Масалан, дар ин байти Фирдавсӣ:

Яке бандагӣ кардам, ай шаҳрёр,

Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

калимаҳои «шаҳрёр» ва «ёдгор» қофия буда, ҷузвҳои «-ёр»-у «-ор» решаи қофия мебошанд.

Дар ин байти Ҳофиз:

Ман бандаи он касам, ки шавқе дорад,

Дар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.

«шавқе» ва «тавқе» калимаҳои қофия буда, ҷузви «-авқе»-и ҳар ду калимаи қофия решаи қофия аст. Агар шумо ба ин мисолҳо диққат карда бошед, мебинед, ки қофия аз маҷмуи ҳарфҳо сохта мешавад. Барои ҳамин аксари адабиётшиносон қофияро аз як ҳарф иборат донистаанд ва онро р а в ӣ ном додаанд.

Равӣ низ аз калимаи арабии «риво» (ресмоне, ки бо он бори уштурро банданд) гирифта шудааст. Дар илми қофия охирин ҳарфи решагии калимаи қофияро р а в ӣ номидаанд. Яъне мисли он ки бори уштур бо ресмон баста мешавад, то ки он наафтад, тамоми байтҳои шеър ба ҳарфи равӣ вобастагӣ дорад. Ҳарчанд қофияро як ҳарф донистаанд, аммо дар асл ҳашт ҳарфи дигар тобеи он мебошад, ки дар маҷмуъ нуҳ ҳарфро ташкил медиҳад. Он нуҳ ҳарф инҳоянд: таъсис, дахил, ридф, қайд, равӣ, васл, хурӯҷ, мазид ва нойира.

Дар боло таъкид кардем, ки бояд ду мафҳуми асосӣ – калимаи (калимаҳои) қофия ва решаи қофияро мо ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошем. Ин гуфта чунин маънӣ дорад, ки ҳар ҳарфи решаи қофия номи махсус дорад.

Мисол:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

(Ҳофиз)

Дар ин байти Ҳофиз «дилшодам» ва «озодам» калимаҳои қофия ва ҷузви «-одам» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия се ҳарф (о, д, м) ва як ҳаракат (а) омадааст ва ҳар кадоми онҳо ном доранд. Мувофиқи қоидаи илми қофия, дар ин решаи қофия ҳарфи «о» ридфи муфрад (садоноки дарозест, ки дар қофия пеш аз равӣ меояд), ҳарфи «д» равии мутлақ (равие, ки бо ҳарфи васл часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад), садоноки кӯтоҳи «а» маҷро (ҳаракатест, ки баъди равӣ омада, онро бо ҳарфи в а с л мепайвандад, одатан садоноки кӯтоҳи «а» ба вазифаи маҷро меояд) ва ҳарфи «м» васл (ҳарфест, ки баъди равӣ меояд) мебошанд.

Аз ин нуҳ ҳарф чортои он (таъсис, дахил, ридф, қайд) ҳамеша пеш аз ҳарфи равӣ ва чортои дигараш – васл, хурӯҷ, мазид ва нойира ҳамеша баъди равӣ меоянд. Донишманди асри 15, муаллифи «Ҷамъи мухтасар» – Ваҳиди Табрезӣ ҳарфҳои қофияро дар ин қитъа ба назм даровардааст, ки кори хонандаро хеле осон менамояд:

Қофия дар асл як ҳарф асту ҳашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нуқта, инҳо дойира:

Ҳарфи таъсису дахилу ридфу қайд, он гаҳ равӣ,

Пас аз он васлу хуруҷ асту мазиду нойира.

«Радиф» низ калимаи арабист, маънои луғавияш ду ё якчанд чиз, ки дар паҳлуи ҳам ё паси ҳам омада бошанд, ҳамсаф, ҳамсафар. Инчунин, касеро гӯянд, ки дар асп, шутур ё хар баъди ҷилавдор савор шуда бошад. Ба маънии истилоҳӣ радиф калима ё ибораест, ки дар бештари мавридҳо баъди қофия аз аввал то охири шеър ба такрор биояд.

Мисол:

Ай бод, бӯйи Юсуфи дилҳо ба мо расон,

Як навбар аз баҳори дили мо ба мо расон.

Аз зулфи ӯ чу бар сари зулфаш гузар кунӣ,

Пинҳон бидузд мӯеву пайдо ба мо расон.

(Хоқонӣ)

Дар ин шеър калимаҳои «дилҳо», «мо» ва «пайдо» қофия буда, таркиби «ба мо расон», ки дар ҳар се мисраъ такрор омадааст, радиф аст.

Радиф ва қофия латофати табъ, ҷазолати сухан ва ягонагии зеҳни шоирро хубтар намуда, барои дилкашу зебо шудани шеър аҳаммияти махсус дорад. Радиф метавонад, ки як калима бошад, мисли ин ду байти Парвини Эътисомӣ:

Сару ақл гар хидмати ҷон кунанд,

Басе кори душвор осон кунанд.

Бихоҳанд гар дидаву дил зи оз,

Басо чархҳоро, ки арзон кунанд.

Дар чор мисраи боло калимаҳои «ҷон», «осон» ва «арзон» қофия буда, калимаи «кунанд» радиф мебошад.

Гоҳе радиф қисми зиёди мисраи шеърро ташкил медиҳад ва ҳатто дар мисрае як калима ба вазифаи қофия омада, боқии калимаҳо ҳама радиф.

Мисол:

Биё, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад,

Даро, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад,

Зи хонаи дили ман нури рух дареғ надорӣ,

Чаро ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад.

Дар абёти боло калимаҳои «биё», «даро» ва «чаро» қофия, калимаҳои боқии мисраҳо ҳама радифанд.

Шеъре, ки радиф дорад, мураддаф меноманд. Дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик ашъори шоирони гуногунро, ки ба радифи мувофиқи ҳамдигар гуфта шудаанд, ҷамъ оварда, «Радоифул-ашъор» ном ниҳодаанд.

Дар баробари қофия ва радиф дар байни аҳли адаб мафҳуми «ҳоҷиб» ва «маҳҷуб» хеле маъмул аст.

«Ҳоҷиб» низ калимаи арабист, маънояш монеа, пардадор, дарбон буда, дар истилоҳи адабиётшиносӣ калимае бошад, ки пеш аз қофия дар ҳар мисраъ оварда шавад, мисли он ки радифро баъди қофия оранд. Дар бештари мавридҳо ҳоҷиб дар байни қофиятан (ду қофия) меояд.

Мисол:

Ай шоҳи замин, бар осмон дорӣ тахт,

Суст аст адӯ, то ту камон дорӣ сахт.

Ҳамла сабук орию гарон дорӣ рахт,

Пирӣ ту ба донишу ҷавон дорӣ бахт.

Дар ин рубоии Муиззӣ калимаҳои «осмон»-у «тахт», «камон»-у «сахт», «гарон»-у «рахт» ва «ҷавон»-у «бахт» қофиятайн буда, калимаи «дорӣ» ҳоҷиб мебошад. Шеъре, ки дар он ҳоҷиб омадааст, маҳҷуб меноманд, аз ин рӯ, рубоии боло рубоии маҳҷуб аст.

Шеъре, ки дар он қофияву радифу ҳоҷиб омадааст, дилкашу зебо буда, ба зеҳни хонандаву шунаванда хеле хуш менамояд.

Қофия дар адабиёти классикии форс-тоҷик аз воситаҳои асосии шаклии шеър буда, вобаста ба тарзи қофиябандӣ навъҳои шеърро (ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, мусаммат ва ғайра) ҷудо мекунанд. Масалан, тарзи қофиябандии маснавӣ ба сурати: аа, бб, вв, гг; тарзи қофиябандии ғазалу қасида ба сурати: аа, ба, ва, га; тарзи қофиябандии қитъа ба сурати: аб, вб, гб, ғб мебошад.

Мисол барои маснавӣ:

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

(Фирдавсӣ)

Калимаҳои «баланд»-у «газанд» қофия буда, ҷузви «-анд» решаи қофия аст, ки садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв (ҳаракате, ки пеш аз ҳарфи қайд меояд), ҳарфи «н» қайд (ҳамсадоеро гӯянд, ки пеш аз ҳарфи равӣ меояд), ҳарфи «д» равии муқайяд (равиеро гӯянд, ки ба ҳарфи в а с л начаспидааст) мебошад.

Мисол барои қитъа:

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Расид аз дасти махдуме ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,

Ки аз бӯйи диловези ту мастам.

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

Вагарна, ман ҳамон хокам, ки ҳастам».

(Саъдӣ)

Дар ин қитъаи Саъдӣ калимаҳои «дастам», «мастам», «нишастам» ва «ҳастам» қофия буда, ҷузви «-астам» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро ва ҳарфи «м» васл аст.

Дар баъзе китобҳои адабиётшиносӣ таъкид шудааст ва баъзе муҳаққиқон дар ҳамин ақидаанд, ки тарзи қофиябандии қитъа мисли ғазалу қасида низ ҳаст, яъне гӯё қитъаҳое вуҷуд доранд, ки байти аввал ва мисраъҳои ҷуфти байтҳои дигари қитъа ҳамқофияанд (мисли аа, ба, ва, га). Чунин ақида дар мавриди қофиясозии қитъа ҳеҷ гуна асоси илмӣ надорад, зеро тафовути ғазалу қасида аз қитъа фақат дар тарзи қофиябандии онҳо ҳасту бас.

Байти аввали қитъа ҳамқофия (мусарраъ) нест, аммо байтҳои аввали ғазалу қасида ҳамқофияанд, яъне мусарраанд. Донишманди бузурги асри сездаҳи форс-тоҷик Шамси Қайси Розӣ дар китоби «Алмуъҷам» менависад: «Ҳар қасида, ки матлаи он мусарраъ (ҳамқофия) набошад, агарчи дароз бувад, онро қасида нахонанд ва исми қасида бар он итлоқ накунанд (надиҳанд)». Азбаски байти аввали қитъа ҳамқофия (мусарраъ) нест, гоҳе онро ғазал ё қасидаи сарбурида низ мегӯянд.

Барои мисол чанд байти қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Ҷомиро меорем, ки дар ҷавоби қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:

Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст,

Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст.

Чун саломат монад аз тороҷ нақди ин ҳисор?

Посбон дар хобу бар ҳар рахна дузде дигар аст.

Чист зарри ноб? Рангин гашта хоке з-офтоб,

Ҳар кӣ кард афсар зи зарри ноб, хокаш бар сар аст.

Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,

Дар бараш дил баҳри дониш в-ӯ шаҳи баҳру бар аст…

Мар бувад панҷоҳу чун омад ду мар абёти он,

Дар сафову муҳкамӣ шояд, ки гӯйӣ мармар аст.

Худи қасида аз сад байт (дусад мисраъ) иборат буда, мо барои мисол панҷ байти онро овардем. Қасида дар баҳри рамали мусаммани мақсур (ё маҳзуф) эҷод шуда, калимаҳои «бартар», «дар», «дигар», «сар», «бар» қофия буда, ҷузви «-ар» решаи қофияро ташкил медиҳад, ки садоноки кӯтоҳи «а» т а в ҷ е ҳ ва ҳамсадои «р» р а в и и м у қ а й я д мебошанд.

Мисол барои мусаммати мусаллас:

Монанди сабо хезу вазидан дигар омӯз,

Домони гулу лола кашидан дигар омӯз,

Андар дилаки ғунча хазидан дигар омӯз!

Мӯина ба бар кардию бе завқ тапидӣ,

Он гуна тапидӣ, ки ба ҷое нарасидӣ,

Дар анҷумани шавқ тапидан дигар омӯз.

Кофир дили овора дигарбора ба ӯ банд,

Бар хеш кушо дидаву аз ғайр фурӯ банд,

Дидан дигар омӯзу надидан дигар омӯз…

Дар ин мусаммати мусалласи Муҳаммад Иқбол калимаҳои «варзидан», «кашидан», «хазидан»-и банди аввал ва калимаи «тапидан»-и банди дуюм ва калимаи «надидан»-и банди сеюм қофия буда, ҷузви «-идан» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «и» ридфи муфрад (ё аслӣ), ҳарфи «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро ва ҳарфи «н» васл аст. Худи қофия қофияи мутлақ аст, зеро ҳарфи равӣ («д») бо ҳарфи васл («н») часпидааст. Дар банди якуми мусаммати мусаллас, дар мисраъҳои сеюми бандҳои дуюму сеюм калимаҳои «дигар омӯз» такроран омадаанд, ки радиф мебошанд. Дар банди дуюми ин мусаммати мусаллас калимаҳои «тапидӣ» ва «нарасидӣ» қофия буда, ҷузви «-идӣ» решаи қофияро ташкил медиҳанд. Дар ин решаи қофия ҳарфи «и» ридфи муфрад, ҳарфи «д» равии мутлақ ва ҳарфи «ӣ» васл мебошанд. Дар банди сеюм калимаҳои «ӯ» ва «фурӯ» қофия буда, решаи он аз як ҳарф - «ӯ» иборат шудааст, ки он ҳарфи равии муқайяд аст. Калимаи «банд» дар ду мисраи ин банд такрор шуда, радифи онро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, дар ин мусаммати мусаллас ба ҷуз мисраъҳои якуму дуюми банди дуюм тамоми мисраъҳои дигар дорои радифанд, барои ҳамин, мо метавонем ин мусаммати мусалласро мусаммати мусалласи мураддаф номем.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Қофия чист?

2. Маънои луғавӣ ва истилоҳии радифро гӯед.

3. Муносибати қофия ва радиф дар чӣ зоҳир мешавад?

4. Мураддаф бо радиф чӣ муносибат дорад?

5. Ҳарфҳои асосии қофияро номбар кунед.

6. Калимаи қофия ва решаи қофия аз кадом ҷиҳат аз ҳам фарқ мекунанд?

7. Чаро ҳарфи равиро аз ҳарфҳои асосии қофия медонанд?

8. Тафовути қофияи муқайяд ва қофияи мутлақро фаҳмонед.

9. Байте биёред, ки дар он қофияи муқайяд омада бошад.

10. Қофия ва радифи байти зерро ёбед:

Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ,

Ҷадал кардӣ, вафодорӣ накардӣ.

11. Вазифаҳои бадеии қофия ва радифро баён кунед.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Аввалин шаҳре, ки Шавкати Бухороӣ аз ватан ба он ҷо сафар кардааст, кадом аст?

А. Хуҷанд

В. Исфаҳон

С. Деҳлӣ

D. Шероз

Е. Ҳирот

2. Поёни рӯзгори Шавкати Бухороӣ дар кадомин шаҳр сипарӣ шудааст?

А. Ҳирот

В. Балх

С. Шероз

D. Машҳад

Е. Исфаҳон

3. Шавкати Бухороӣ бо кадом тахаллусҳо эҷод кардааст?

А. «Хомӯш», «Хамӯш»

В. «Хусрав», «Шавкат»

С. «Ҷомӣ», «Фонӣ»

D. «Ҳуҷҷат», «Носир»

Е. «Нозук», «Шавкат»

4. Байти зеринро кӣ гуфтааст?

Лаззат зи ворасидани шеърам барад адӯ,

Ангушт чун ниҳад ба ҳадисам, асал хурад.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҷомӣ

D. Мушфиқӣ

Е. Шавкати Бухороӣ