Осори адабии Саййидои Насафӣ, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори маҳфузмондаи шоир ҷойи аввалро ғазал ишғол менамояд, ки миқдори он 4600 байт аст. Мусаммати мухаммас пас аз ғазал дар ҷойи дуюм буда, 1050 байтро ташкил медиҳад.
Инчунин, Миробид Саййидои Насафӣ ба ҳунармандон, намояндагони ҳунарҳои мухталиф як силсила шеърҳо бахшидааст. Вай чанд маснавии дигар ҳам дорад, ки ҳаҷми онҳо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавиҳои ӯ «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро ғорат кардааст» ном дорад, хеле ҷолиб буда, дар баробари арзиши адабӣ-эстетикӣ аҳаммияти иҷтимоию шарҳиҳолӣ низ дорад.
Дигар аз асарҳои Саййидо, ки то ба ҳадде шуҳрати эҷодии шоирро таъмин мекунад, «Шаҳрошӯб»-и шоир аст, ки ӯ ба эҷоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои ҳунару фарҳанги замони худ, ривоҷи касбу ҳунарҳо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеӣ баён кардааст. Ин асари Саййидои Насафӣ оид ба ҳунару пешаи 212 нафар ҳамзамонони ӯ ва ҷузъиёти ҳунарию хусусиятҳои дигари фаъолияти мардуми меҳнаткаш маълумот медиҳад. Аз ҷумла, доир ба намояндагони касбу корҳои мухталифи давр: заргару бофанда, кулолу мӯзадӯз, деворзану кабобпаз ва ғайра васфу тавсифҳои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо ҷолиб буда, аз як то се-чор байтро фаро мегирад.
Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Саййидо аз нигоҳи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шаҳрошӯб» бо он фарқ мекунанд, ки дар ашъори ба аҳли ҳунар ихтисосдода танзу ҳазли хеле малеҳ дида мешавад.
Асари тамсилии Саййидо, ки «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» ном дорад, шуҳрати шоирро дар эҷоди ин навъи адабӣ таъмин менамояд.