Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар

Ҷараёни маорифпарварӣ яке аз дастовардҳои таърихии адибони тоҷик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати таърихии Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавассути эҷодиёти худ ба зуҳуру ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ бунёд гузошт.

Аҳмади Дониш афкори маорифпарвариро ҳам ба воситаи эҷодиёти худ, ҳам ба воситаи ҳамфикронаш оммавӣ намудааст. Мутафаккир дар асарҳои «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ», фасли понздаҳуми «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва ғайра ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар кардааст.

Дар бедории фикрии ҷомеаи онрӯзаи Бухоро ва умуман миллии халқи тоҷик, нақши осори мансури Аҳмади Дониш ва махсусан «Наводир-ул-вақоеъ» бунёдию созанда аст. Мо ин бедории фикриро дар таълифоти пайравони адиб: Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва бахусус устод Садриддин Айнӣ хеле хуб мушоҳида менамоем. Ҳатто устод С. Айнӣ дар хотираҳои хеш аз он таъсирпазирӣ хеле сидқӣ ёдоварӣ мекунад, ки мо андешаҳои устодро дар ин бора қаблан (дар саҳ 249) ёдовар шудаем.

Албатта, дар қазовати устод С. Айнӣ ва ҳамақидаҳои ӯ ҷунбишҳои фикрӣ, бедории мафкуравии аҳли қаламро ба ҳаёт, ба рӯзгор мебинем. Яъне, аз чунин тарзи андешаронӣ пай бурдан мумкин аст, ки муносибати равшанфикрон нисбат ба рӯзгору зиндагӣ, ба сохти давлатдорӣ дигар шудааст.

Чунин бедории фикрӣ дар замони зиндагии Аҳмади Дониш зуҳур карда будааст. Минбаъд ҳам он доираи васеътареро фаро гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Ин буд, ки дар интиҳои садаи XIX ва оғози асри ХХ як зумра аҳли қалами Осиёи Миёна: Шамсиддини Шоҳин, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Тошхоҷа Асирӣ, Мирзо Сироҷ, Фитрату Муқимӣ ва дигарон дар осори адабии худ барои бедории фикрии омма хидматҳои бедареғ кардаанд.

Бахусус, тасвирҳои реалистии Аҳмаи Дониш ба таҷрибаи эҷодии устод С. Айнӣ таъсири бузург расонидааст. Ҳатто тасвирҳои реалистии Аҳмад Маҳдуми Дониш ҷавони болаёқат – устод С.Айниро ба ваҷду ҳаяҷон овардааст. Ин аст, ки С. Айнӣ таассуроти худро пас аз хондани ҳикояти «Баққол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштҳо» чунин баён кардааст:

«Ин тасвири Аҳмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт. Баққолеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча, дар дуконҳояшон нишаста молҳояшонро мефурӯхтанд, дуру дароз пешашон истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд…

Охир дар рӯ ба рӯйи гӯшаи ҷанубу ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монандӣ дошт… Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста, кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад Махдум меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибинӣ ва ҳақиқатнигории муаллифи «Наводир-ул-вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам меафзуд».

Аз ин рӯ, осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ-бадеии мансур ва манзуми Аҳмади Дониш на танҳо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халқу давлат ва умуман, ҷамъият аҳаммияти бунёдӣ дорад, зеро он бедории фикрӣ, ҷунбишҳои маънавиятсоз ва инқилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд ва ба худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ заминаҳои асосӣ бунёд кард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба овони тифлӣ ва ҷавонии Аҳмади Дониш чӣ медонед?

2. Дар бораи таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Аҳмади Дониш маълумот диҳед.

3. Аҳмади Дониш ҳангоми таҳсил дар мадраса боз ба кадом касбҳо машғул шудааст?

4. Сабаби ба дарбор даъват карда шудани Аҳмади Дониш чӣ буд?

5. Аҳмади Дониш чанд дафъа ба Русия сафар кардааст?

6. Кадомин амири Бухоро ба Аҳмади Дониш унвони илмӣ-ифтихориро сазовор донист?

7. Оид ба натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия нақл кунед.

8. Сабабҳои норизоии амир Музаффар аз Аҳмади Дониш чӣ буд?

9. Ҳангоми сафарҳояш Аҳмади Дониш бо кадом шахсони сиёсӣ-таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ шинос гардидааст?

10. Оид ба поёни рӯзгори Аҳмади Дониш чӣ медонед?

11. Мероси илмӣ ва адабии Донишро номбар кунед.

12. Асарҳои илмии Аҳмади Дониш кадом мавзуъҳоро дар бар мегиранд?

13. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ»-ро нақл кунед.

14. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» кадом лаҳзаҳои шарҳиҳолии нависанда инъикос шудааст?

15. Дар кадом фаслҳои ин асар мусофирати нависанда ба Русия баён гардидааст?

16. Назари Аҳмади Дониш ба авзои Бухоро ва муқоисаи он бо Русияро нақл кунед.

17. Аҳмади Дониш оид ба муносибатҳои ахлоқ ва оиладорӣ чӣ алоқа дорад?

18. Доир ба фаслҳои ҳамосии «Наводир-ул-вақоеъ» маълумот диҳед.

19. Дар хусуси шахсият ва корномаи Шукурбек чӣ медонед?

20. Тафовути боби 15-уми «Наводир-ул-вақоеъ» аз дигар бобҳои он дар чист?

21. Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития»-ро нақл кунед.

22. Таваҷҷуҳи Аҳмади Дониш ба кадоме аз амирони манғит бештар аст?

23. Тафовути «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисола»-ро дар чӣ мебинед?

24. Аҳмади Дониш дар таълифи «Рисола» ба кадом хулоса омадааст?

25. Оид ба ҷараёни маорифпарварӣ чӣ медонед?

26. Чаро Донишро асосгузори ҷараёни маорифпарварӣ медонанд?

27. Таъсири Аҳмади Дониш ба маорифпарварони дигарро шарҳ диҳед.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. «Калла» лақаби кист?

А. Саййидо

В. Соиб

С. Ҳозиқ

D. Мирзо Содиқ

Е. Дониш

2. Аҳмади Дониш дар куҷо ба дунё омадааст?

А. Тошканд

В. Хоразм

С. Самарқанд

D. Хуҷанд

Е. Бухоро

3. Аҳмади Дониш кай ба дунё омадааст?

А. соли 1786

В. соли 1796

С. соли 1806

D. соли 1816

Е. соли 1826

4. Мулло Мирносир кӣ буд?

А. ҳамсабақи Дониш

В. амаки Дониш

С. тағои Дониш

D. яке аз дӯстони Дониш

Е. падари Дониш

5. Донишро кадом сол ба мактаби қоригӣ додаанд?

А. соли 1812

В. соли 1822

С. соли 1830

D. соли 1834

Е. соли 1838

6. Кадом сол Дониш ба мадраса дохил шудааст?

А. соли 1822

В. соли 1828

С. соли 1836

D. соли 1839

Е. соли 1842

7. Дониш кай ба дарбор даъват шуд?

А. соли 1842

В. соли 1846

С. соли 1850

D. соли 1852

Е. соли 1855

8. Сафари аввали Дониш ба Русия кай иттифоқ афтодааст?

А. соли 1827

В. соли 1837

С. соли 1840

D. соли 1847

Е. соли 1857

9. Сафари аввали Дониш чанд моҳ давом кардааст?

А. ҳафт моҳ

В. шаш моҳ

С. панҷ моҳ

D. чор моҳ

Е. се моҳ

10. Сафари дувуми Дониш ба Русия кай иттифоқ афтодааст?

А. соли 1829

В. соли 1839

С. соли 1849

D. соли 1859

Е. соли 1869

11. Унвони илмии «Ӯроқ»-ро ба кадоме аз ин адибон додаанд?

А. Мушфиқӣ

В. Сайидо

С. Соиб

D. Бедил

Е. Дониш

12. Ба Аҳмади Дониш кадом амири Бухоро унвони «Ӯроқ»-ро сазовор до нист?

А. амир Ҳайдар

В. амир Насруллоҳ

С. амир Абдулаҳад

D. амир Олим

Е. амир Музаффар

13. Сафари сеюми Аҳмади Дониш ба Русия кадом сол иттифоқ афтодааст?

А. соли 1833

В. соли 1843

С. соли 1853

D. соли 1863

Е. соли 1873

14. Таассуроти сафар ва пешниҳодоти худро Аҳмади Дониш дар кадом асараш бештар дарҷ кардааст?

А. дар «Манозир-ул-кавокиб»

В. дар «Рисола-фӣ-аъмол-ул-кӯра»

С. дар «Таърихча»

D. дар «Наводир-ул-вақоеъ»

Е. дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»

15. Кадоме аз ин амирон Донишро аз дарбор ба дуртар фиристодааст?\

А. амир Ҳайдар

В. амир Насруллоҳ

С. амир Абдулаҳад

D. амир Олим

Е. амир Музаффар

16. Аҳмади Дониш ба кадоме аз ин шаҳрҳо ба кор фиристода шуд?

А. Дарвоз

В. Ҳисор

С. Хоразм

D. Самарқанд

Е. Ғузор

17. Дониш боз ба кадоме аз ин шаҳрҳо ба кор равон карда шуд?

А. ба Хоразм

В. ба Дарвоз

С. ба Ҳисор

D. ба Самарқанд

Е. ба Наҳрпай

18. Дониш дар Тошканд ба кадом мунавварфикри рус шинос мешавад?

А. Е. Григорев

В. Колзаков

С. Константин

D. Сафронов

Е. П. И. Пошино

19. Дониш ба кадом шарқшиноси рус шинос шудааст?

А. Саблуков

В. Климович

С. Е.Э.Бертелс

D. И.Ю. Крачковский

Е. Григорев

20. Дониш ба кадоме аз ин ҳарбиёни рус шинос мешавад?

А. Волков

В. Медведев

С. Марков

D. Петров

Е. Стремоухов

21. Кадом сол Дониш дар мадрасаи Мири Араб соҳибҳуҷра шуда, кори илмӣ мекунад?

А. соли 1849

В. соли 1859

С. соли 1869

D. соли 1879

Е. соли 1889

22. Поёни рӯзгори адиб дар куҷо сипарӣ шудааст?

А. Наҳрпай

В. Ғузор

С. Хоразм

D. Тошканд

Е. Бухоро

23. Дониш кадом сол олами фониро тарк кардааст?

А. соли 1857

В. соли 1867

С. соли 1877

D. соли 1887

Е. соли 1897

24. Байти зеринро кӣ гуфтааст?

Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рӯй ба рӯй,

Кадом илм, ки бо ман накард истиқбол.

А. Саййидо

В. Соиб

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Дониш

25. Эҷодиёти Дониш чанд солро фаро мегирад?

А. 31 солро

В. 41 солро

С. 51 солро

D. 61 солро

Е. 71 солро

26. «Манозир-ул-кавокиб» асари кист?

А. Ҳилолӣ

В. Восифӣ

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Дониш

27. Аҳмади Дониш дар кадом шаҳрҳо қозӣ таъйин шуда буд?

А. Ҳисору Тирмиз

В. Хоразму Хева

С. Хуҷанду Истаравшан

D. Конибодому Исфара

Е. Ғузору Наҳрпай

28. «Наводир-ул-вақоеъ» асари кист?

А. Ҳилолӣ

В. Ҳозиқ

С. Мирзо Содиқ

D. Бедил

Е. Дониш

29. «Рисола-фӣ-аъмол-ил-кӯра» асари кист?

А. Ҷомӣ

В. Ҳусайн Воиз

С. Саййидо

D. Ҳозиқ

Е. Дониш

30. Кадоме аз ин асарҳо аз Аҳмади Дониш аст?

А. «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

В. «Баҳориёт»

С. «Шаҳрошӯб»

D. «Ирфон»

Е. «Таъодули хамсаи мутаҳҳайира»

31. «Меъёр-ут-тадайюн» асари кист?

А. Восифӣ

В. Саййидо

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Дониш

32. «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития» асари кист?

А. Восифӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Дониш

33. Ин матлаъ аз ғазали кист?

Абрӯйи чун ҳилоли ту ҷонро шикор кард,

Мижгони обдори ту дил беқарор кард.

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Бедил

Е. Дониш

34. Эҷодкори «Наводир-ул-вақоеъ» кист?

А. Ҷомӣ

В. Восифӣ

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Дониш

35. «Наводир-ул-вақоеъ» натиҷаи меҳнати чандсолаи муаллиф аст?

А. яксола

В. 5-сола

С. 8-сола

D. 10-сола

Е. 15-сола

36. Санаи таълифи «Наводир-ул-вақоеъ»-ро ёбед.

А. соли 1845

В. соли 1855

С. соли 1865

D. соли 1875

Е. соли 1885

37. «Наводир-ул-вақоеъ» дорои чанд боб аст?

А. 63 боб

В. 53 боб

С. 43 боб

D. 33 боб

Е. 23 боб

38. «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн»-боби чандуми «Наводир-ул-вақоеъ» аст?

А. боби 5

В. боби 4

С. боби 3

D. боби 2

Е. боби 1

39. Ҳикояти «Абулқосимбӣ ва сафари Русия» боби чандуми «Наво дир-ул-вақоеъ» аст?

А. боби 11

В. боби 10

С. боби 9

D. боби 8

Е. боби 7

40. Боби 23-юми «Наводир-ул-вақоеъ» чӣ ном дорад?

А. «Дар сирати подшоҳон»

В. «Дар ахлоқи дарвешон»

С. «Дар фазилати қаноат»

D. «Дар фавоиди хомӯшӣ»

Е. «Дар ташхиси ахлоқи инсон»

41. «Ҳикояти Холмуҳаммади Бойсунӣ» дар кадом боби «Наводир-ул-вақо еъ» оварда шудааст?

А. дар боби 23-юм

В. дар боби 22-юм

С. дар боби 20-ум

D. дар боби 19-ум

Е. дар боби 18-ум

42. Бунёдгузори ҷараёни маорифпарварӣ кадоме аз ин адибон аст?

А. Ҷомӣ

В. Ҳусайн Воиз

С. Восифӣ

D. Саййидо

Е. Дониш