Олими фозил, муаррихи шинохта, муншии мумтоз ва ниҳоят шоири тавоно Содиқ аз худ девон ва маҷмуаи дигаре боқӣ гузоштааст. Яъне, девони ғазалиёт ва дигаре маҷмуаи мусаммати мухаммас, қитъа ва маснавиҳои ӯ мебошад. Девони ғазалиёти Содиқ аз 345 ғазал, 14 мусаммат, 59 рубоӣ, 20 қитъа, 2 қасида, 34 муаммо ва 20 фард иборат мебошад. Маҷмуаи дигари асарҳои шоир маснавиҳои «Дахмаи шоҳон», «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», манзумаҳои «Қазову қадар», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш» ва 33 қитъаи таърихӣ мебошанд.