Соиби Табрезӣ

Яке аз бузургтарин симоҳои адабию фарҳангии садаи XVII, адиби навовару эҷодкори тозакор Мирзо Муҳаммадалии Соиб – фарзанди Мирзо Абдурраҳим аст, ки бо эҷодиёти ғаниву гуногунҷилои худ на танҳо ба адабиёти асри хеш, балки ба ҷараёни баъдии адабиёт низ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст.

Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1592 дар шаҳри Табрез по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Аз нигоҳи баромади иҷтимоӣ Соиб аз табақаи бозаргонони ҷомеа буда, аҷдоди ӯ асосан аз Табрез будаанд ва дар рӯзгори шоҳ Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онҳо бо гурӯҳе аз ҳампешагонашон ба Исфаҳон кӯчонида шудаанд. Дар ин бора худи Соиб баъзе ишораҳо низ намудааст:

Соиб аз хоки поки Табрез аст,

Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табақаи бозаргонон буд, ба ӯ муяссар шудааст, ки ҳамаи илмҳои ҷории замони худро фаро бигирад. Хусусан, илмҳои фалсафа, ҳикмат, сарфу наҳв, маонӣ, баён, хаттотӣ, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия, арӯз, бадеъ ва ғайраро ба хубӣ омӯхтааст.

Бахусус, дар илми хат баҳраи комил дошт, зеро назокати ин ҳунарро аз устоду амаки худ – Шамсуддини Табрезӣ (Шамси Сонӣ), ки лақаби «Ширинқалам» дошт, омӯхта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Куллиёт»-и Шамси Табрезӣ ва бисёр асарҳои дигар ба қалами ӯ китобат шудаанд.

Ба қавли сарчашмаҳо, гӯё муосирони Соиб – бузургон Ҳаким Рукно, Масеҳи Кошӣ, Ҳаким Шифоӣ аз ҷумлаи устодони Соиб дар ҷодаи илми шеъру адаб бошанд, вале аҳли таҳқиқ ин далелро тасдиқ накардаанд, зеро худи Соиб мегӯяд:

Татаббуи25 сухани кас накардаам ҳаргиз,

Касе накарда ба ман фанни шеърро талқин.

Ба зӯри фикр бар ин тарз даст ёфтаам,

Садаф зи обилаи даст ёфт дурри самин26.

Соиб дар овони ҷавонӣ ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои ҳаҷ дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул иқомат ихтиёр мекунад. Вай дар Кобул бо ҳукмрони он ҷо Зафархон наздикӣ пайдо менамояд, зеро ҳоким дар симои Соиб шахси донишманду эҷодкори соҳибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зафархон табъи шоирӣ дошта, сухану суханварро аз ин сабаб хеле хуб қадршиносӣ мекард. Ин аст, ки Зафархон Соибро ҳатто устоди хеш мехонад. Баъдтар бо дастгирии ӯ Соиб ба дарбори Султони Ҳинд – Шоҳиҷаҳон низ роҳ меёбад. Аз ишораҳои шоир чунин ба мушоҳида мерасад, ки ӯ дар Ҳиндустон шуҳрати беандоза пайдо карда будааст:

Пеш аз ин ҳарчанд шуҳрат дошт дар мулки Ироқ,

Сайри мулки Ҳинд Соибро баландовоза кард.

Ва ё ин ки:

Лиллаҳилҳамд, ки баъд аз сафари ҳаҷ, Соиб,

Аҳди худ тоза ба султони Хуросон кардам.

Ё худ:

Баландном нагардад, касе ки дар ватан аст,

Зи нақш сода бувад, то ақиқ дар Яман аст.

Дили рамидаи мо шиква аз ватан дорад,

Ақиқи мо дили пурхуне аз Яман дорад.

Ё худ дар ҷойи дигар низ ба ин маънӣ чунин ишорае дорад:

Шаш сол беш рафт, ки аз Исфаҳон ба Ҳинд

Афтодааст тавсани азми маро сафар.

25 Татаббуъ – пайравӣ

26 Самин – гаронбаҳо

Чун овозаи шеъраш паҳн шуд, шоҳ Аббоси Сонӣ ӯро ба Исфаҳон хонд ва ҳатто бо унвони маликушшуаро сазовораш донист. Пас аз ӯ шоҳ Сулаймон ҳам Соибро қадршиносӣ кардааст. Ба қавли тазкиранависи тоҷик Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ, Соиби Табрезӣ муддате сайри диёри Мовароуннаҳр намуда, бо аҳли шеъру адаби қаламрави мазкур низ ошноӣ доштааст.

Соиб баъдҳо хидмати дарборро низ истеъфо дода, беш аз даҳ сол берун аз дарбор ба эҷод пардохтааст.

Поёни умри ӯ дар Исфаҳон гузашта, соли 1675 олами фониро падруд гуфтааст ва оромгоҳаш дар Исфаҳон буда, онро рамзи «Анҷумани адабии Соиб» гуфтаанд.

Соиби Табрезӣ фарзандони хешро дар роҳи сухандӯстию маърифатхоҳӣ парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шахсияти шинохташудае дар қаламрави онрӯзаи диёраш будааст, Мирзо Раҳими Соиб ном дошта, дар шеъру адаб маъруф будааст.