Эҷодиёти Соиби Табрезӣ

Эҷодиёти Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ хеле ғанию рангин ва серпаҳлу буда, дар он ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар маҷмуъ ба қалами Соиб 120 ҳазор байт тааллуқ дошта, аз он ҷумла маснавии «Қандаҳорнома» низ ба ӯ нисбат дода мешавад.

Муҳимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо Муҳаммада лии Соиб он аст, ки ӯ ашъори худро – лирикаи хешро табақабандии аҷиб мекунад. Яъне ашъори ишқии худро, ки дар он нозу истиғ нои маъшуқа, васфи зебоиҳои вай, ҳусну ҷамоли ӯро васф карда аст, таҳти унвони «Миръот-ул-ҷамол» (оинаи ҳусн) меорад. Ашъ оре, ки дар он ҷузъиёти ҳусни зоҳирии маҳбуба: чашму абрӯ, холу зулф, асбобҳои ороишӣ, мисли шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор» меномад ва ё худ шеърҳои ба васоити шо дию нишот, хушгузаронии умр, рӯзгор, зиндагӣ, яъне маю майгу сорӣ, бодапаймоӣ ва ғайра бахшидаи худро ин адиби мутафаккир унвони «Майхона» гузоштааст. Инчунин, ашъори ахлоқиву тар биявиро бо мавзуъҳои дигари ҳаётию фалсафӣ ва ҷанбаҳои дигари иҷтимоӣ «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст. Бояд гуфт, ки худи ҳа мин падида дар таърихи адабиёти тоҷик доир ба мураттабсозии де вони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси Соиби Табрезӣ аст. Ба ашъори дар боло зикргардида бахши қасо ид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и Соиб фароҳам омадааст.

Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ на танҳо дар навъҳои лирикӣ: қасида, қитъа, рубоӣ ва ғайра табъи баланд доштааст, ӯ хусусан дар эҷоди ғазал шуҳрати зиёд пайдо намудааст. Инчунин, мутафаккир дар эҷоди осори манзуми калонҳаҷм низ устоди давр будааст. Аз ин рӯ, аз ӯ маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуду Аёз» ба ёдгор мондааст.

Дар ин ҷо як нуктаи дигарро месазад хотиррасон созем, ки Соиб аз замони хеш то рӯзгори кунунӣ на танҳо дар Шарқ, балки дар олам ҳамчун намояндаи мактаби сабки ҳиндӣ шуҳрат дорад.

То кунун оид ба рӯзгору фаъолияти адабии ӯ, ба ҷуз қайду ишорот, мақолаҳо, муаррифиномаҳо, баёзҳову тазкираҳои муосири адабиёти тоҷик, инчунин фаслҳои ҷудогонаи таърихҳои адабиёти форсӣ низ бахшида шудаанд, ки арзиши ниҳоят гарони илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавӣ доранд. Зеро дар онҳо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба ҷараёни зиндагии Соиб, паҳлуҳои рӯзгори ӯ, лаҳзаҳои ҳаёти адиб, камолоту эҷодиёти вай, таркиби девони адиб, саҳми ӯ дар таҳаввули адабиёти асраш ва таърихи баъдии адабиёт, хусусиятҳои эҷодӣ, мавзуъҳои ашъор, сабки гуфтору шеваи баён, ҳунари эҷоду маҳорати суханварӣ, тарзи таълифу истеъдоди сухангустарӣ ва ғайра маълумоти зарурӣ дода шудааст.