Шуд, Мушфиқӣ, аз килкат оини сухан тоза,
Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.
Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рӯзгори мо осори зерини адабӣ боқӣ мондааст:
1. Девони мутоибот.
2. Ду девони ғазалиёт.
3. Девони қасоид.
4. Се маснавӣ: «Соқинома», «Гулзори Ирам», «Ҷаҳоннамо».
Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз чаҳор ҳазор байт иборат аст. Мавзуъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қалбҳои лабрези муҳаббат, сӯзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ, мусиқию навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзуъҳо бо ангезаҳои дигари иҷтимоӣ: беадолатию золимӣ, бемеҳрию сустпаймонӣ, ҳавобаландию кибр, фиребу дасисакорӣ, мунофиқию авомфиребӣ ва ғайра хеле қавиянд.
Шоир дар суннати ғазалсароӣ ғолибан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ мекунад:
Назми ту, Мушфиқӣ, ба Камолу Ҳасан расид,
Ту гуфтаӣ, ки пайрави пири хуҷандиям.
Аз ин ҷост, ки ғолибан ҳаҷми ғазалҳои Мушфиқӣ 6-7-байтӣ буда, дар онҳо мавзуъҳои ишқӣ ҷойи аввалиндараҷа доранд.
Чунончи:
Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо,
Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо.
Бар дили мо он чи аз тоқи ду абрӯят гузашт,
Бо худ аз девонагӣ пайваста мегӯем мо.
Меравӣ тунду дуогӯён зи дунболи туанд,
Ваҳ, ки меранҷӣ, агар оҳиста мегӯем мо.
Гуфтам, ай гул, он даҳонро пистаи хандон бигӯ,
Ин сухан, гуфт, аз даҳони писта мегӯем мо.
Риштаи ҷони рақибон бар сари кокул мабанд,
Фитнае хоҳад шудан, сарбаста мегӯем мо.
Ҳар касе пурсад зи ашки мо ҷавоби ин сухан,
Чеҳра аз хуноби ҳасрат шуста мегӯем мо.
Мушфиқӣ, ҳар кас чӣ донад мастию ворастагӣ,
Бо гирифторони азхудраста мегӯем мо.
Беҳуда нест, ки устод С.Айнӣ ғазали болоро «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст» мегӯяд.
Бешубҳа, чунин ғазалҳои шоир хеле ҳунармандона, дилкаш, хушадо, мақбулу матлуб эҷод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзуъ, мазмуну муҳтавои ғазал ҳунари шоир комилан ҷавобгӯ буда, тасвиргарӣ ва маъниофарию мазмунсозӣ барҷаста аст. Дар иртибот ба ин ҷанба хусусиятҳои шаклии ғазал низ ҷолиб мебошад.
Ғазал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду калима фароҳам омадаву пас аз қофия ҷой гирифтааст. Қофияҳои ғазал калимаҳои хаста, дониста, пайваста, оҳиста, писта, сарбаста, шуста, раста мебошанд. Қофияҳои мазкур асосан муқайяд буда, таҳкими ғоявии ғазалро таъмин намудаанд.
Ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф иншо шуда, афоъили он чунин шакл дорад:
- v - - / - v - - / - v - -/ - v -
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.
Ғазал ишқӣ бошад ҳам, дар он ҳаҷру фироқ, сӯзу гудоз, нозу истиғно, бераҳмию бемеҳрии маҳбуба ба тасвир омадааст. Аз ин рӯ, оҳангҳои иҷтимоӣ пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён ҳолати образҳои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. Ӯ чунин назокати ҳунари эҷодро дар офариниши ғазал бештар аз Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ омӯхтааст.
Мушфиқӣ ишқи инсонӣ, муҳаббати заминиро ҳамчун як воситаи муҳимми ҳаёти инсонҳо, сарнавиштсоз ба тасвир мегирад. Аз ин рӯ, ишқи инсонӣ низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин ҷанба дар тасвири Мушфиқӣ моҳияти илҳомбахшӣ ҳам дорад ва аз ин рӯ, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларӯёни Самарқанд аст:
Мушфиқӣ, бе лоларӯёни Самарқанд ин қадар
Сӯхтам, к-аз доғҳо шуд синаам нақши ҷаҳон.
Дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷузъиёти образҳои лирикӣ хеле уҳдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифҳои «ҳусни хатти ғолиябӯ», «бандаи рӯ», «ҳаваси ҳар сари мӯ», «хоки сари кӯ» ва ғайра ба маҳбуба сидқан изҳори муҳаббат мекунад. Дар ишқи маҳбуба садоқати асили худро баён менамояд. Зикри ҷузъиёти васфшаванда сӯзу гудози ошиқро ҷонгудозтару синасӯзтар ҷилва медиҳад.
Чунончи:
Волаи ҳусни хати ғолиябӯйи ту шавам,
Ваҳ, чӣ зебо шудаӣ, бандаи рӯйи ту шавам.
Гар шавад ҳар нафасе дар тани ман ҷони дигар,
Ҳар нафас ҷон диҳаму зинда ба бӯйи ту шавам.
Ман на он ошиқам имрӯз, ки чун булҳавасон
Талабам коми дилу ранҷа зи хӯйи ту шавам.
Сари мӯе шудаам аз ғаму дорам ҳавасе,
Ки фидои ҳаваси ҳар сари мӯйи ту шавам.
Зиндаву мурда бар инам, ки ба ҷойе наравам,
Дар қадам бошаму хоки сари кӯйи ту шавам.
Сад накӯӣ зи рухат дидаму як ҷон додам,
Чӣ аҷаб, гар хиҷил аз рӯйи накӯйи ту шавам.
Мушфиқӣ, аз ҳама сӯ рӯ ба ту дорад ғаму дард,
Шавқро раҳгузаре нест, ки сӯйи ту шавам.
Дар лирикаи ишқии Мушфиқӣ мавзуъҳои комилкунандаи ишқу ошиқӣ: май, бодапаймоӣ, садои мусиқӣ, навозандагӣ, баҳор, насими субҳгоҳӣ, садои булбулону ҳазордастон, резиши борони найсону садои ҷӯйчаҳо, накҳати гулзорҳову махмалосо гардидани намуди зоҳирии замин ва ғайра ҷузъиёти тасвир мебошанд:
Рухат имшаб, ки ҳамчун гул зи тоби май арақ карда,
Аҷаб дорам, ки моҳ аз ҳола худро дар табақ карда.
Ё ин ки:
Баҳор шуд, қадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд,
Бунафша дар назар ояд, сари ғизола намояд.
Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон,
Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд…
Рӯ овардани шоир ба маю бода, мусиқию суруд рамзи хушгузаронии умр, ғанимат донистани лаҳзаҳои зиндагӣ, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, барҳамзании нобасомониҳои рӯзгор, печидагиҳои ҳаёт, канораҷӯйӣ аз ғаму дарди замона мебошад. Бо дар назар доштани ҳамин ҷанба шоир таъкид менамояд, ки:
Гар нишоти умр хоҳӣ, бе майи гулгун мабош,
Ҳамчу даври гул ғанимат дор ин айёмро.
Вобаста ба рӯзгори нисбатан қашшоқонаи Мушфиқӣ, асосан лирикаи ишқии шоир саршор аз мавзуъҳои дигари иҷтимоист. Оҳангҳои иҷтимоӣ, хусусан дар ғазалҳои ӯ хеле баландсадо буда, ҳатто баъзан ғазалҳои алоҳидаро фаро гирифтаанд. Дар баъзе ғазалҳои иҷтимоии шоир ҳам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва ҳам қофия бори ғоявӣ мекашанд. Ин ҳолат саргузашти қаҳрамони лирикиро боз ҳам возеҳтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:
Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,
Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.
То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.
Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сӯзад, агар як донаро оташ занам.
Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.
Ҷойи ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
Ҷойи он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.
Бешубҳа, ғазали боло яке аз ғазалҳои шоир аст, ки мазмуни басе баланди иҷтимоӣ дорад. Дар эҷоди чунин шеърҳо Мушфиқӣ хеле қавипанҷа мебошад, зеро ҳолати мазкур шояд дар иртибот бо авзои таърихии замони ӯ пеш омада бошад. Ӯ мегӯяд:
Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро,
Аз банди ғам озод надидам дили худро.
То ғам нахӯрад кас, нашавад манзиле обод,
Ғам хӯрдаму обод надидам дили худро.
Оҳангҳои иҷтимоӣ дар навъҳои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Ба ин маънӣ ӯ дар ин рубоӣ мегӯяд:
Султон сухан аз сипоҳу зар мегӯяд,
Тоҷир сухан аз суду сафар мегӯяд.
Дар ҳар сухане шеваи мо тадбир аст,
Тақдир вале ҳарфи дигар мегӯяд.
Дар ин рубоӣ масъалаи қазову қадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда, гуфтан мехоҳад, ки андешаи инсон вобаста ба кору пешаи ӯст. Аз тарафи дигар, инсон дар кадом ҷой ва кадом пешае, ки фаъолият кунад, ҳатман суду зиёнро пеши назар меорад. Мақсади ӯ ба даст овардани фоида мебошад. Аз ин ҷост, ки новобаста ба касбу кор мақсад, ҳавасу орзу пайваста дар сари инсон ҳаст. Диле бе ҳавасу саре бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зӯр, қувва, яъне сипоҳ, суду фоида, яъне зар аз куҷо ба даст биёрад. Ё ин ки тоҷир, бозаргон, аҳли савдо ҳамеша саъй дорад, ки ба куҷо сафар кунад ва аз куҷо ба куҷо чӣ биёраду бибарад. Вале ин ҳама аз доираи сарнавишт берун нест, яъне, марбут ба тақдир аст.
Мушфиқӣ дар баробари мадҳи султонҳо, ситоиши шоҳону амирон, онҳоро танқиду сарзаниш ҳам мекунад. Ӯ дар ин рубоӣ мегӯяд:
Султон, ки зи ҷоҳ рӯ ба дарвеш накард,
Сад хона кам аз симу зари хеш накард.
Бо он ки замину осмон мулки Худост,
Як хона барои худ бино беш накард.
Ҳадаф дар ин рубоӣ низ қазову қадар аст. Ба шоҳ баландии мартаба имкон намедиҳад, ки ҳамнишини дарвеш бошад. Инчунин шоҳон соҳиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин ҷо мисраи «На шоҳаншоҳ бурд аз як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфиқӣ ҳаммазмун мебошад.
Умуман, дар лирикаи Мушфиқӣ ғазалиёту рубоиҳо аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва мавзуъ хеле ба ҳам наздиканд, зеро ишқу ошиқӣ, ҳаҷру висол, сӯзу фироқ, вафову бевафоӣ, садоқату носодиқӣ, сабуриву носабурӣ, ҳассосию беҳиссӣ ва ғайра дар ғазалиёту рубоиҳо хеле маъмул буда, шоир ин навъҳои адабиро хеле ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояҳои андаке иктифо мекунад. Масалан, ҳадаф аз май ва мастӣ ба андешаи шоир, фориғ будан аз ғами замон, ғанимат донистани одитарин лаҳзаҳои рӯзгору зиндагӣ ва ғайра аст:
Ғараз аз бода хӯрдан Мушфиқиро ғайр аз ин набвад,
Ки месозад даме фориғ аз ин дайри ғамободаш.
Мушфиқӣ ба таълифи қасида хеле зуд оғоз кардааст ва дар эҷодиёти шоир пас аз ғазал қасоиди ӯ меистад. Девони қасидаи Мушфиқӣ аз 3000 байт иборат аст. Ӯ дар шакл ва мазмуну мавзуи қасидаҳо асосан аз қасоиди анъанавӣ берун нарафтааст. Вале дар шеърияти эҷод, мазмунсозию маъниофарӣ, ҳунари шоирӣ, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ва ғайра хеле шоири навовар ва эҷодкори тозакор аст. Ӯ ғолибан дар қасоиди мадҳӣ қавипанҷа буда, дар мадҳи Султон Саид ва амир Абдуллоҳхон ва дигарон қасидаҳо эҷод кардааст.
Мавзуи қасидаҳои Мушфиқӣ бештар суннатӣ буда, ӯ аз анъанаҳои устувори адабӣ огоҳии комил дорад. Мушфиқӣ дар ҳунари тасвири манзараҳои диёр, фаслҳои сол, ишқу муҳаббат, саргузашти худи эҷодкор, ҳасби ҳолу шиква аз замон, танқиди беадолатиҳо ва ғайра маҳорати хос дорад.
Мушфиқӣ яке аз сабабҳои асосии рӯ ба дарбор овардани худро дар осудагию оромии дарбор медонад ва аз ин рӯ мегӯяд:
Ба ин даргоҳи олӣ Мушфиқӣ баҳри дуо омад,
Паноҳ овард аз ҷаври замону фитнаи даврон.
Ӯ Султон Саидро «шоҳи иқлими каромат», «соҳиби фазлу карам» меномад ва ин ҳокимро басо ситоиш мекунад:
Адли ӯ то хори зулм аз пойи мискинон кашид,
Нест саҳрое, ки бошад бе суруди хоркан.
Кас ба аҳди ӯ наафтодаст дар чоҳи бало,
Ҷуз дили ошиқ, вале он низ дар чоҳи зақан.
Мушфиқӣ дар санои Абдуллоҳхони Шайбонӣ ҳам хеле содиқона камар бастааст ва ӯро арбоби давлат дониста, асоси муваффақияти эҷодиёти худро аз шарофати давлатдории ҳамин ҳоким медонад:
Шеъри ман гар зинате дорад, зи юмни мадҳи туст,
Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.
Мушфиқӣ мамдуҳи худ – шоҳро баъзан ба шоҳони пешин шабеҳ дониста, ҳатто гоҳе афзал мешуморад.
Чунончи, мегӯяд:
Хусраво, аҳди сухан тоза шуд аз давлати ту,
Натавон аҳде аз ин нодиратар пайдо кард.
Найи хушки қалам аз файзи баҳори карамат
Барги эъҷоз бароварду самар пайдо кард.
Хусусан, мавзуъҳои танқидӣ ва тасаввуфию пандунасиҳатии Мушфиқӣ хеле ҷолиб ва ҷаззобанд.
Шоир сарвазир – Осафро беибо дев меномад, ки чунин ҷуръат кам андар кам аст. Агар дев роҳбар бошад, пас, чӣ гуна низом барқарор хоҳад гашт?
Чунончи, мегӯяд:
Осаф, ки дев бошаду девон ба ҳукми ӯ,
Назми умури мулки Сулаймон чӣ сон диҳад?
Ӯ масти ҷоми мансабу ҳар дам ба пеши ӯ
Соғар даҳон кушояду шиша забон диҳад.
Дар бештари ашъори лирикии Мушфиқӣ, хусусан дар ғазалиёташ оҳангҳои шиквоӣ, танқидӣ ва эътирозӣ хеле баланд садо додаанд, зеро шоир аз тангии маишӣ, аз рӯзгори нобасомон, аз ҳаёти вазнин басо бо сӯзу гудоз ва бо ҳасрат сухан мегӯяд. Албатта, қаҳрамони лирикии ӯ ҳангоми тасвир маҳдуд нест ва аз ин ҷиҳат, шояд шоир умуман аҳволи аҳли қаламро дар назар дошта бошад. Ба ҳар ҳол, пеш аз ҳама шахсияти шоир бояд фаҳмида шавад. Ӯ ҷое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид кардааст:
Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам,
Бечораам, илоҷ надорам, куҷо равам?
Ё ин ки:
Рӯйи муроде ҳаргиз надидам,
Аз номуродӣ умрам сар омад.
Ин аст, ки шоир барои тасаллӣ ёфтан ва таскин додани дили худ ба сӯзи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсӯз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехоҳад. Аз ин ҷост, ки танқиди рӯйирости шоҳону амирон ва вазирону ҳокимон дар эҷодиёти ӯ хеле кам аст, яъне, ӯ созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки шоир бештар ба ҳазлу шӯхӣ ва ашъори мутоибавӣ рӯ меорад. Албатта, ин мавзуъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танқиди зимомдорони замона мебошад:
Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ,
Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.
Дигар аз масъалаҳои бисёр ҷиддӣ дар лирикаи Мушфиқӣ, чунон ки қаблан ишора шуд, тасвири табиат, манзараҳои диёр, гулу гиёҳ, абру борон, офтобу гармо, насиму боди баҳорон, накҳати баҳорию махмалпӯш шудани дашту даман, назаррабоии кӯҳу ҳомун, хаёлангезии водиҳои гулпӯш ва ғ. мебошад. Ин ҳолат на танҳо дар ғазалиёту рубоиёт, инчунин дар қасидаҳои ӯ хеле ҷолиб ба тасвир омадааст:
Май хӯрдаву афрӯхта рухсор шукуфа,
Гул-гул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.
З-он пеш ки дар боғ саропарда занад гул,
Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.
Азбаски ба ташрифи раёҳин гуҳар афшонд,
Шуд абр тиҳикисаву зардор шукуфа.
То сабза бар атрофи гулистон пари тӯтист,
Аз синаи боз аст намудор шукуфа.
Дар бод мабодо, ки ба шӯхӣ фитад аз шох,
Худраставу тифл асту сабуксор шукуфа.
Ё худ:
Абри найсон ба гулистон чу гуҳарбор шавад,
Настаран пургуҳари сода садафвор шавад.
Фалаки шох, к-аз ӯ субҳи шукуфа бидамад,
Уфуқи тарфи чаман матлаи анвор шавад.
Сабза шона диҳад, аз ғолиядон лола барад,
То насим ояду машшотаи гулзор шавад…
Ва ё лаҳзае аз фасли тирамоҳро чунин бо хусусиятҳои ҷудогонаи он дар қасидаи «Васфи хазон» ба қалам медиҳад:
Ба рӯйи об хазонро сари тамошо шуд,
Ҳазор заврақи заррин зи барг пайдо шуд.
Зи баски хуни гул аз шох рехт ништари хор,
Зи чеҳрааш асари заъф ошкоро шуд…
Яке аз мавзуъҳои марказӣ дар эҷодиёти Мушфиқӣ ҳаҷву мутоиба мебошад. Ӯ ба ин мавзуъ аз овони ҷавонӣ – солҳои таҳсил дар мадраса оғоз кардааст. Тақрибан солҳои 1557-1558 шоир ашъори ҳаҷвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки «Девони мутоибот»-и шоир ашъори ҳаҷвӣ-мутоиботии ӯро фаро мегирад. Мушфиқӣ дар бораи арзиши ҳаҷву мутоиба мегӯяд:
Шамшери ҳаҷв олату афзори шоирист,
Ин ҷинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.
Бештар ҳаҷви ӯ доираи васеи ҳамкасбон, зиёиёни замони Мушфиқиро дар бар мегирад. Инчунин, ҳаҷву мутоиботи Мушфиқӣ ба табақаҳои ҳокими замон, амалдорон, соҳибмансабон, сармоядорон низ равона гардидааст:
Хоҷа гандум ваъда карду ними ҷав ҳосил нашуд,
Дар адои ваъда доим ҳимматаш дун асту воҳ.
Ӯ разолат карда бошад, мо қаноат мекунем,
Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯйи сиёҳ.
Мушфиқӣ аз табақаҳои соҳибмансабон: Арбобзода, қозӣ, Масъуди сармоядор ва дигаронро ҳаҷв кардааст. Ӯ дар бораи Масъуди сармоядор мегӯяд:
Дар кори ту, Масъуд, аҷал дер кунад,
Вақт аст, ки зӯр овараду зер кунад.
Аз симу зари ҷаҳон нашуд чашми ту сер,
Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.
Ё ин ки Маҳмуд – ном муллои Гелонӣ, ки баъд ба Самарқанд омада муқимӣ шудааст, шоир ӯро ҳаҷв мекунад:
Зи Гелон омадӣ, Маҳмуд, берун,
Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.
Задӣ саркалла бо Заҳҳоки морон,
Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.
Дигар аз хусусиятҳои ҳаҷви Мушфиқӣ ва мутоиботи ӯ дар мушаххас ва ҳаётӣ будани мавзуъ аст.
Ӯ шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кирдори зишти онҳоро ҳаҷву танқид менамояд.
Лексикаи ҳаҷвӣ-мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хосси ҳамон касбу пеша, одӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ мебошад.
Барои намуна ғазали ҳаҷвии «Тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард, ки хеле танзи малеҳ дорад. Дар ин ғазал тавассути санъати тазоду муқобала аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару бародар ба тасвир гирифта мешавад. Аз сӯйи дигар, ҳарисӣ ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти шарҳиҳолӣ дорад:
Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману масорифи қурро аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман,
В-он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман
В-он нағмаҳои тарнатароно аз они ту.
В-он ҷойхоби мондаи бобо аз они ман,
Тасбеҳи пора-пораи бобо аз они ту.
Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,
Бетоқатию нолаи шабҳо аз они ту.
Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман
Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.
Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,
В-он нақшҳои мондаи бурё аз они ту.
Аз кунҷи хона то ба лаби бом аз они ман,
Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.
Рафтан ба сӯйи қабру нишастан аз они ман,
Дасторхони чалпаку ҳалво аз они ту.
Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар онҳо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт ҳаҷв мекунад. Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда мешаванд, ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор, андоза, арзишмандӣ аз ҳиссаи ба хоҳар пешниҳодшуда бештар аст. Вале амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад, ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рӯ, шоир мантиқан ҳамшираро ҳимоя мекунад.
Ё ин ки намунае аз як ғазали дигари шоир, ки ба мавзуи муҳим – ишқу масъалаҳои дигари иҷтимоӣ: нодорӣ, тангдастӣ, бенавоӣ, сӯзу фироқ, ҳаҷру дурӣ ва ғайра, ки қаҳрамони лирикиро ҷон ба лаб овардаву ноилоҷ сохтааст, рӯ меорем.
Дар ин ғазал, ки қаблан низ зикр шуда буд, ҳатто хавфи афзалияти рақиб ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки ошиқ – қаҳрамони лирикӣ мехоҳад рӯ ба қатъияту ҷиддият биёрад.
Мушфиқӣ мегӯяд:
Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,
Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.
То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.
Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сӯзад, агар як донаро оташ занам.
Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.
Ҷойи ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
Ҷойи он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.
Ғазали мазкур ишқӣ буда, дар он сухан аз дарду сӯз аст. Ошиқ ҳеч илоҷи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин рӯ, маҳз ба хотири он ки рақиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар ҳеч чизро дареғ намедорад. Ошиқ аз хонаву ҷой, шамъу парвона, хирману дона ва умуман аз ҳастӣ мегузараду оташ меафканад. Оташи афкандаи ошиқ оташи воқеӣ нест, балки дуди оҳи дил аст, ки сӯзону оташосост.
Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст, ҳастӣ дучори фано мебошад, зеро воситае, илоҷе, дастрасие, умеде дигар барои висол дар ӯ намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозию маъниофарӣ дар ашъори Мушфиқӣ, пеш аз ҳама дар ғазалиёти ӯ аз нобасомониҳои замони шоир, аз тангии маишӣ, аз дасткӯтоҳӣ пеш омадааст. Ин аст, ки чунин оҳангҳо на танҳо дар ғазалҳои Мушфиқӣ дучор мешаванд, балки ҳамаи шаклҳои шеърии эҷодиёти ӯро ҳам фаро гирифтаанд. Омӯхтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалаҳои зиндагиномаи шоир ёрӣ хоҳад намуд.