Пояи шоирии Саййидо

Аз рӯйи қазовати Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ: «…Ҳар касе шеъри ӯро медонаду ҳар шахс бошад, беҳтар медонад ва бештар мехонад». Ин фармуда маҳбубият ва шуҳрати шеъри Саййидо ва ҳунари эҷоди ӯро дар бар гирифтааст. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи Саййидо дар эҷоди ғазалу мусаммат ва ашъори ихтисосдодаи ӯ ба ҳунармандию ҳунармандон, инчунин осори тамсилӣ-мунозиравӣ басо сазовори таҳсин аст. Албатта, шоир вобаста ба мақоми адабии худ қадршиносӣ нашуда бошад ҳам, ҷомеа ё худ оммаи мардум эҷодиёти Саййидоро аз бар карда, ба ҳунари шоир ва санъати назми ӯ таваҷҷуҳи хос доштаанд. Муҳим он аст, ки ин паҳлуи масъаларо худи шоир ҳам дарк кардааст. Ҳатто борҳо дар ашъораш ба ин ҷиҳат ишораҳо кардааст:

Маро кай метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнун,

Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Ҳадаф дар байти боло бақои исми эҷодкор, пойдории эҷоди бадеъ, қадршиносии адабиёт ва ҳунари сухансанҷӣ мебошад. Ё худ мақсади Саййидо ба ҷуз аз шеъру сухангустарӣ чизи дигаре дар ин олам набудааст ва ӯ пайваста дар андешаи эҷоди бадеъ – шеър будааст:

Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Саййидо,

Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.

Яке аз хидматҳои назарраси Саййидо дар таърихи адабиёт он аст, ки ӯ адабиётро, хосса шеърро ба зиндагӣ, ба ҳаёт, ба рӯзгори мардум, ба халқ, ба табақаҳои иҷтимоии заҳматии ҳаёт наздик кард ва инро на дар ин ва ё он марҳалаи эҷодӣ, балки тамоми умри хешро маҳз ба ҳамин масъала бахшида, ба ҷуз он фикри дигаре накардааст.

Хидмати шоир оид ба пазироии суннат ва дар ҳамин замина ба даст овардани тозакориҳои адабӣ басо сазовори таҳсин аст.

Саййидо дар рушди жанрҳо, таҳаввули анвои адабӣ, тақозои тематикӣ, ҷузъиёти бадеии лирикӣ, ҳунари эҷоду маҳорати таълиф, коргирӣ аз санъатҳои шеъриву воситаҳои тасвир ва ғайра низ роҳу равиши хоси худро дорад.

Сеҳри сухани ҳунарии ӯ ҳатто дар замони худи шоир, дар сар то сари Шарқ шуҳрат пайдо карда будааст:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Саҳми Саййидо дар ғанӣ гардонидани таркибу захираи луғавии забони тоҷикӣ низ басо бузург аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба айёми ҷавонӣ ва илмомӯзии Саййидо маълумот диҳед.

2. Сабаби дар Бухоро муқимӣ гардидани Саййидо чист?

3. Охирҳои умри шоир чӣ гуна гузаштааст?

4. Дар бораи мероси адабии Саййидо маълумот диҳед.

5. Сохту таркиби «Куллиёт»-и шоирро шарҳ диҳед.

6. Мавзуъҳои марказии ғазалиёти Саййидоро баён кунед.

7. Тозакории шоир дар эҷоди ғазал аз чӣ иборат аст?

8. Мавзуъ ва мундариҷаи ғазали «Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афгори хеш»-ро баён кунед.

9. Ғазали Саййидо, ки бо матлаи:

Мурғи беболупаре дидам, дилам омад ба ёд,

Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд. – оғоз мешавад, кадом

мавзуъҳоро дар бар мегирад?

10. Авзои сиёсӣ-таърихӣ дар ғазалиёти Саййидо чӣ гуна инъикос ёфтааст?

11. Муносибати Саййидо бо табақаҳои иҷтимоии ҷомеа чӣ гуна аст?

12. Ғазали «Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин ҷо»-ро шарҳ диҳед.

13. Сохту таркиби мусамматҳои Саййидоро баён кунед.

14. «Шаҳрошӯб»-и Саййидо аз нигоҳи мазмуну муҳтаво чӣ гуна асар аст?

15. Мазмун ва мундариҷаи ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Саййидоро баён кунед.

16. Мавзуъ, мазмуну муҳтаво ва хусусиятҳои шаклии

«Баҳориёт»-и шоирро баён кунед.

17. «Баҳориёт»-и Саййидо кадом масъалаҳои сиёсиву иҷтимоиро дар бар гирифтааст?

18. Дар бораи ҳунари шоирии Саййидо чӣ медонед?

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Саййидо барои таҳсил ба кадом шаҳр омад?

А. Самарқанд

В. Хуҷанд

С. Тошканд

D. Хоразм

Е. Бухоро

2. Саййидо дар кадом мадраса таҳсил кардааст?

А. Мансурия

В. Низомия

С. Улуғбек

D. Кӯкалтош

Е. Лаби ҳавзи Нодир-девонбегӣ

4. Чаро Саййидо баъд аз хатми мадраса ба зодгоҳаш наомад?

А. Барои нооромии роҳ

В. Ба ӯ иҷозат надоданд

С. Барои он ки ба сафари олам баромад

D. Барои он ки дарборро ихтиёр карда буд

Е. Барои он ки Бухоро маркази илму фарҳанг ва шеъру адаб буд

5. Байти зерин аз кист?

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

А. Ҷомӣ

В. Биноӣ

С. Мушфиқӣ

D. Соиб

Е. Саййидо

6. «Куллиёт»-и Саййидо чӣ миқдор абётро фаро мегирад?

А. 6000 байтро

В. 6500 байтро

С. 7000 байтро

D. 8000 байтро

Е. 8500 байтро

7. Таркиби девони Саййидои Насафӣ асосан аз кадом жанр иборат аст?

А. Қасида

В. Қитъа

С. Рубоӣ

D. Мусаммат

Е. Ғазал

8. Пас аз ғазал дар ашъори Саййидо кадом жанр мавқеъ дорад?

А. Қасида

В. Рубоӣ

С. Маснавӣ

D. Дубайтӣ

Е. Мусаммат

9. Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Байти фавқ аз кист?

А. Ҷомӣ

В. Биноӣ

С. Ҳилолӣ

D. Мушфиқӣ

Е. Саййидо

10. Кадоме аз ин шоирон теъдоди абёти ғазалро ба 27 байт расонидааст?

А. Биноӣ

В. Ҳилолӣ

С. Шавкати Бухороӣ

D. Мушфиқӣ

Е. Саййидо

11. Шеърҳои «Дар таърифи наҷҷор», «Дар таърифи нонво»-ро кӣ эҷод кар дааст?

А. Биноӣ

В. Ҳилолӣ

С. Бедил

D. Мушфиқӣ

Е. Саййидо

12. Дуюмин касе, ки дар адабиёти тоҷик «Шаҳрошӯб» навиштааст, кист?

А. Биноӣ

В. Ҳилолӣ

С. Мушфиқӣ

D. Восифӣ

Е. Саййидо

13. «Шаҳрошӯб»-и Саййидо, асосан дар кадом навъи адабӣ эҷод шудааст?

А. рубоӣ

В. ғазал

С. қасида

D. қитъа

Е. таркиббанд

14. «Баҳориёт»-и Саййидо чӣ гуна асар аст?

А. ҳамосӣ

В. ишқӣ

С. маросӣ

D. ирфонӣ

Е. тамсилӣ

15. «Баҳориёт»-и Саййидо аз чанд қисм иборат аст?

А. панҷ қисм

В. чор қисм

С. се қисм

D. ду қисм

Е. як қисми асосӣ

16. Номи дигари «Баҳориёт»-ро пайдо кунед:

А. «Мушу гурба»

В. «Калила ва Димна»

С. «Тӯтинома»

D. «Уштурнома»

Е. «Ҳайвонотнома»

17. Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон? – Ин байт аз забони кадом ҷонвар аст?

А. забони саг

В. забони гурба

С. забони гург

D. забони фил

Е. забони муш

18. «Баҳориёт» бо ғалабаи кадом ҷонвар хотима меёбад?

А. ғалабаи муш

В. ғалабаи гурба

С. ғалабаи фил

D. ғалабаи саг

Е. ғалабаи мӯрча

19. «Шаҳрошӯб»-и Саййидо доир ба чанд навъи ҳунармандӣ баҳс мекунад?

А. 200 навъ

В. 205 навъ

С. 208 навъ

D. 210 навъ

Е. 212 навъ

20. Бандҳои мусаммати мухаммас аз чанд мисраъ иборат аст?

А. ду

В. се

С. чор

D. панҷ

Е. шаш

21. Мусаммати мухаммас чанд хел мешавад?

А. панҷ хел

В. чор хел

С. се хел

D. ду хел

Е. шаш хел