Ҳавзаҳо ё марказҳои адабӣ. Одамон дар ҳама ҳолатҳо рӯйи ниёз ба илм, фарҳанг ва адаб овардаанд. Дар асри XVI, сарфи назар аз ноо ромиҳои сиёсӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон мар казҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъолият кардаанд, ки дар рушди ҷомеаву фарҳанг нақши муҳим гузоштаанд: дар Осиёи Миёна – Са марқанд, Бухоро, Хуҷанд, Бадахшон; дар сарзамини Эрон – Исфаҳон, Машҳад, Шероз, Табрез; дар мулки Ҳинд – Деҳлӣ, Мултон, Лоҳур, Панҷоб, Кашмир, Сарҳинд. Ҳар кадоме аз ин доираҳои фарҳангию адабӣ дар пешрафти соҳаҳои мазкур нақши сазовор гузоштаанд. Ма салан, дар Осиёи Миёна: Мушфиқӣ, Нисорӣ, Мутрибӣ, Шавкати Бу хороӣ, Самандархоҷаи Тирмизӣ, Мулҳами Бухороӣ, Фитрати Зардӯз, Саййидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Урфии Шерозӣ, Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ ва дигарон; дар Ҳиндустон: Файзии Даканӣ, Бедили Деҳлавӣ ва ғайра.
Бояд гуфт, ки авзои фарҳангу адабиёт дар нимаи аввали асри XVI нисбат ба нимаи дуюм хеле фарқкунанда аст. Ҳамлаи Шоҳ Исмоили Сафавӣ соли 1512 ба Хуросон боиси парокандагии қувваҳои илмию адабӣ гардид. Бештари қувваҳои адабӣ рӯ ба Мовароуннаҳр овар данд. Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» хабар медиҳад, ки: «Дар он вақт (соли1512) қариб панҷсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннаҳр карданд».
Дар ин сарзамин илмҳои таърих, фалсафа, риёзиёт, ҳандаса, забону адабиёт, мантиқ, мусиқӣ хеле пеш рафтааст. Масалан, Муҳаммадсолеҳи Карминагӣ дар илми мантиқ, Мавлоно Кавкабии Бухороӣ дар нуҷуму мусиқӣ, Исматуллоҳи Самарқандӣ дар сарфу наҳв, Хоҷа Калони Са марқандӣ дар ҳикмату риёзиёт аз ҷумлаи саромадони асри худ буданд.
Илми мусиқӣ яке аз дастовардҳои халқи тоҷик дар асри XVI буда, дар се шаҳр: Ҳирот, Самарқанд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ»), Дарвешалии Чангӣ («Туҳфат-ус-сурур»), Саидшарифи Самарқандӣ («Таърихи ка сира») аз симоҳои машҳури аср: Бобоҷони Ҳофиз, Дӯстмуҳаммади Удӣ, Муҳаммадалии Ноӣ, Аҳмади Ҳофиз, Ибни Чангӣ ва дигарон ёд кардаанд.
Таърихнависӣ низ хеле пеш рафтаву асарҳои гаронарзише ба май дон омадаанд. Аз ҷумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Ҳабиб-ус-си яр»-и Хондмир, «Шайбонинома» ва «Футуҳоти хонӣ»-и Биноӣ», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳофизи Ӯбаҳӣ, «Шарафномаи шоҳӣ» ё «Абдуллоҳнома»-и Ҳофизи Таниш ва ғайра маҳсули ҳамин асранд.