Маснавии «Гулзори Ирам»

Абдурраҳмони Мушфиқӣ на танҳо дар эҷоди ғазалу қасида, рубоиву шеъри тасмит, муқаттаоту марсия ва ғ. машҳур аст, балки дар маснависароӣ низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавиҳои «Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннамо»-ро эҷод карда, дар таҳаввули суннати маснависароӣ низ саҳми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ буда, аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво, образҳову қаҳрамонони асосӣ хеле ҷолиб мебошад. Таърихи таълиф, миқдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор,

Шуд ҳазору саду чиҳил ба шумор.

Баҳри таърихи ин саҳифа қалам

Ҳафтро дар ду нуҳ ниҳод рақам.

Яъне, маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зоҳиран ба Абдуллоҳхони Шайбонӣ эҳдо шудааст:

Ай шаҳи нуктадон, ки ҳусни калом

Аз ту дар мулки назм ёфт низом.

То ба номат сухан шудаст қарин,

Суффаи байт гашта шоҳнишин.

Маснавӣ аз 24 фасл иборат буда, дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / v - v - / v v -

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун.

Асар ба таври анъанавӣ: ҳамди Худо, наът, муноҷот, санои Пайғамбар (с.) ва ёрони ӯ оғоз мешавад. Баъд сабаби таълифи достон зикр мегардад, ки хоҳиши дӯстон будааст.

Достон аз нақли шахси солхӯрдае, ки аз достонсароии гузашта хуб огоҳӣ дошт, шуруъ мегардад:

Дар Мағрибзамин Ақл – ном шоҳе буд. Ақл шоҳи одилу доност. Ӯ фарзанд надошт. Ақл баъдтар соҳиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балоғат расида, ҳамаи илму ҳикмати замонро омӯхт. Падараш ӯро ба мулки Бадан волӣ таъйин кард. Дар мулки Бадан қалъае буд, ки Димоғ ном дошт ва Дил дар он ҷо зиндагонӣ мекард. Надиме дар яке аз базмҳо пинҳонӣ ба Дил дар бораи Чашмаи Ҳаёт хабар медиҳад. Дил баъдтар талаби чашма мекунад. Дил мамлакатро ба ҳоли худ гузошта бо ғаму гиря барои чашма дар паноҳгоҳе менишинад. Вай дар кишвари худ Назар ном ҷосусе дорад. Назар аз ҳоли Дил пурсон мешавад. Дил ба Назар асрорро мегӯяд. Назар ба Дил мегӯяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илоҷи Чашмаи Ҳаётро меёбам. Назар ҳангоми сайр ба мулке мерасад, ки ҳеҷ каси бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ғаниянд ва ин шаҳр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафарҳо кард,

Ҳар тараф, ҳар тараф назарҳо кард.

Сӯйи шаҳре фитод чашми Назар,

Ки назираш надида буд дигар.

Халқ бар вай зи фитнаҳо эмин,

Ҳама дар кӯйи Офият сокин.

Назар аз номи шаҳр чун пурсид:

«Кишвари Офият» - ҷавоб шунид.

Ҳокими шаҳри Офият Номус ном дошта, Назар бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад. Номус мегӯяд, ки Оби Ҳаёт нест ва ин ҳамон обрӯйи инсонист. Вале Назар ноумед нашуда, ҷустуҷӯро давом медиҳад. Ӯ ба кӯҳе мерасад, ки дар он уқобон зиндагӣ мекунанд. Ранги кӯҳ сиёҳ ва ҳавлнок мебошад. Дар он кӯҳ қалъаест, ки Зуҳду Риё ном дорад, ҳокими қалъа Зарқ аст. Ӯ шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарқ омада, қиссаи Оби Ҳаётро арз мекунад. Зарқ бар хилофи гуфтаи Номус мегӯяд, ки Оби Ҳаёт ҳаст, вале дар ҷаннат. Чашмаеро, ки ин ҷо Оби Ҳаёт мегӯянд, ҳамон ашки чашмони инсон мебошад. Агар хоҳӣ, ки онро ёбӣ, гиряву зорӣ бикун. Назар боз сафарро давом дода, ба қалъаи дигар дучор мешавад, ки ҳокими он Ҳиммат буд. Ҳиммат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Ҳиммат низ имдод мепурсад. Ҳиммат мегӯяд, ки он чашма пинҳон нест, вале роҳ ёфтан ба он ҷо душвор аст, Назар зориҳо мекунад. Ҳиммат мегӯяд:

– Дар мулки Шарқ Ишқ – ном шоҳ ҳаст. Ишқ духтаре дорад, ки Ҳусн ном дорад. Ишқ барои духтари худ аз нуқраи шаффоф дар кӯҳи Қоф қалъае бино кардааст. Ин қалъа дар шаҳри Дидор мебошад. Дар шаҳри Дидор боғе мавҷуд аст, ки онро Гулшани Рухсор мегӯянд. Чашмаи Оби Зиндагонӣ он ҷост. Ҳусн пайваста аз он чашма менӯшад. Ҳиммат боз мегӯяд, ки: Эй Назар, ман ҷойи Оби Ҳаётро гуфтам, вале роҳи он пурхатар аст. Дар сари роҳ шаҳри Сагсор аст ва ҳокими он Рақиб мебошад ва ӯ тобеи Ишқ ва нигоҳбони Дидор аст. Пас аз Дидор човушон манзил доранду баъд манзили дигар аз ҳабашизодагони зангичеҳр аст. Ду камондор он ҷо тороҷгарони ақлу дин ҳастанд. Ҳиммат ба бародари худ – Қомат, ки сипаҳсолори Ҳусн аст, номае навишта, ба Назар медиҳад. Човушони Рақиб – Ҷафо ва Ситам Назарро бандӣ мекунанд. Назар ҳунари зарсозии худро ба Рақиб изҳор мекунад. Рақиб мегӯяд, ки сангро зар мекунад. Рақиб мегӯяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Ҳабашӣ дар назар накашӣ, кор душвор мешавад.

Инҳо дар шаҳри Дидоранд. Пас, Назару Рақиб ба шаҳри Саломат меоянд, ки дар он ҷо бародари Ҳиммат – Қомат мезист. Дар шаҳри Саломат Рақиб хоб меравад. Қомат аз Назар мақсад мепурсад ва Назар номаи Ҳимматро ба Қомат медиҳад. Қомат Назарро ба шаҳри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Ҳусн, ки Зулф ном дошт, аз Ҳиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои ҳаво дар камари кӯҳ иқомат мекард. Назар, ки падараш аз Туркистон ва модараш аз Ҳиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф каманд афканда, Назарро ба он кӯҳ мебарад ва Назар он ҷо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба ӯ чанд тор аз худ медиҳад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу оҳан оташ афрӯз ва торе бар рӯйи оташ гузор, ман ҳозир мешаваму туро халос хоҳам кард. Назар ба дасти морпоён дар шаҳри Шом асир меафтад ва аз онҳо халос шуда, ба шаҳри Дидор меояд, он ҷо зангибачаҳоро мебинад:

Ҳама дар рангу бӯй мушкинон,

Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар кӣ будани онҳоро мепурсад. Онҳо мегӯянд, ки ғуломони Холи Ҳусн ҳастанд. Назар Ғамза – ном бародаре дорад. Ғамза ҳамроҳи Ҳусн аст. Назар Ғамзаро мебинад, ки дар Гулшани Рухсор дар байни наргисзор нишастааст. Ғамза ба Назар ҳамла мекунад. Дар ҷанг Назарро бандӣ мекунад, вале намешиносад, ки бародараш аст:

Гуфт: Ман будаму бародари худ,

Ҳарду ду нури чашми модари худ.

Чун зи хурдӣ ҷудо шудем зи ҳам,

Модар аз меҳр муҳрае муҳкам

Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб

Басту аз ҳаҷр кард дида пуроб.

Ҳусн огоҳ шуда, Назару Ғамзаро даъват мекунад. Хазинадори Ҳусн – Садрхозин дар рӯйи коғаз сурати сангеро кашида, ба Назар медиҳад. Назар сурати Дилро мешиносад. Дил писари шоҳи Мағрибу Шом мебошад. Ҳусн аз Назар хоҳиш мекунад, ки ӯро ба висоли Дил бирасонад:

Ба Назар роз дар миёна кушод,

Шаби ҳиҷрон дари фасона кушод.

Назар саргузашти Дилро ба Ҳусн баён мекунад. Ҳусн ғуломи худ – Хаёлро хотаме медиҳад ва бо ҳамроҳии Назар ба пеши Дил равон мекунад. Дил бо Хаёл суҳбат карда, мехоҳад Ҳуснро бибинад ва бо Хаёл меравад. Вазири Дил ҳолати Дилро ба падари ӯ – Ақл хабар медиҳад, пас аз Ақлу вазир мехоҳанд Назару Хаёлро асир гиранд. Назар хотамро ба даҳон андохта, Дил, Ҳиммат ва Хаёлро гӯл заду ба назди Ҳусн рафт. Назар хост аз чашмаи Гулшани Рухсор об нӯшад, вале хотамро афтонд. Ин вақт Рақиб пайдо шуду Назарро маҳбус кард. Назар мӯе аз Зулфро оташ дод, ки Зулф ҳозир шуду ӯро наҷот дод. Назар воқеаро ба Ҳусн гуфт ва Ҳусн Ғамзаро бо Назар фиристод, то ки Дилро асиру Ақлро дастгир карда биёрад. Зарқи Роҳиб писаре дошт, ки Тавба ном дошт. Ӯ сокини кӯҳи Зуҳд буд.

Дил ва Ақлро ба назди Ҳусн меоранд ва Ҳусн дояе дошт, ки номаш Вафо буд. Боре Ҳусн ба Вафо гуфт: Ту Дилро ба қасри Висол биёр. Ба ҳамин тариқ, Ҳусн ба висоли Дил мерасад.

Ғайр низ мехоҳад ба висоли Дил даст ёбад. Ӯ чунин ҳам карда, ба висоли Дил мерасад. Хаёл ҳолати Дилу Ғайрро мебинад:

Ҳар ду мадҳушу масту лояъқил,

Аз ҷаҳону ҷаҳониён ғофил.

Ҳусн бохабар шуда, Дилро дар кӯҳи Уқоб меафканад. Ғайр ин ҳолро ба падараш Рақиб мегӯяд. Рақиб Табассум, Дил ва Назарро бандӣ мекунад ва дар водии Фироқ маҳбус менамояд.

Ҳиммат барои халосии Дил ба шаҳри Қомат омад. Баъд Ҳиммат ба шаҳри Бадан омада, Ишқу Ақлро халосӣ бахшид ва ба Маҳр фармуд, ки Рақибро зиндон кунад ва Дилу Табассум ва Назарро озод кунад. Ақлро аз Чин оварда, ба садри вазорат ҷой медиҳанд. Дар охир ҳама як ҷо ҷамъ шуда, Вафо, Ноз ва Меҳр ба ҳам мепайванданд ва Дилу Ҳимматро эҳтиром мекунанд. Дар ҳамин ҷо хутбаи никоҳи Ҳусн ва Дил хонда мешавад. Ҳиммат Дилро ба сӯйи чашма ва пайдо кардани Хизр мебарад. Достон ба ҳамин тамом мешавад.