Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат,
Ба ширинӣ даҳони морро тунги шакар кардам.
Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороист, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, Шавкат ҳамаи илмҳои ҷории замонро комилан аз худ менамояд. Инчунин, нозукиҳои касби падарро ҳам хеле хуб меомӯзад. Дере нагузашта Шавкат ҳамчун яке аз шахсиятҳои илмию адабии замони худ шинохта мешавад. Ӯ махсусан, ба шеъру адаб таваҷҷуҳи бештару хубтар доштааст.
Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ баъзе ишораҳо дорад, ки гӯё аз ҷониби ғоратгарон зарари басо сахти моддӣ низ дидааст ва яке аз сабабҳои тарки диёр намудани шоир гӯё ҳамин амали ноҷавонмардонаи баъзе аз муосирони ӯ будааст. Шавкат дар як қасидаи худ мегӯяд:
Ҷудо зи силсилаи дӯстони худ шудаам,
Ҳаво шавад, чу ҷудо гашт нола аз занҷир.
Матои хонаам азбас тамом ғорат ёфт,
Кашам ба сафҳаи девори хона нақши ҳасир.
Аввалин шаҳре, ки Шавкат дар он рахти иқомат меафканад, Ҳироти бостонӣ будааст, зеро дар ин бора чунин ишора менамояд:
Ранг аз гули замини Ҳирот аст фикрро,
Худро наметавон ба замини дигар кашид.
Шоир дар ин шаҳр аз ҷониби ҳокими он – Сафиқулихони Шомлу қадршиносиҳо дида, ба ин лаҳзаи рӯзгораш низ баъзе ишораҳои ҷолиб мекунад:
Тарки ватан намудаму қадрам азим шуд,
Гавҳар зи фавти суҳбати дарё ятим шуд.
Баъд аз чанде Шавкат ба Машҳад рӯйи ниёз оварда, аз тарафи вазири Хуросон – Мирзо Саъдуддин Муҳаммад илтифоти фаровон мебинад.
Чунончи:
…Худ маро кардӣ зи барқи лутфи худ гарми сухан,
Арзи ҳоли хешро кардам ба густохӣ адо.
Чуғзи бепар будам ин дайри харобободро,
Аз ду дасти тарбият додӣ маро боли ҳумо.
Андалебӣ доштам, аммо забонам ғунча буд,
Сохтӣ аз хушнасимиҳо маро дастонсаро.
Вале баъдҳо Шавкати Бухороӣ аз Машҳад ба Исфаҳон меравад, ки он ба соли 1678 иттифоқ афтодааст. Ҳамчунон аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки ӯ азми Ҳиндустон низ кардааст, вале ин қисмати масъала чандон равшан нест, зеро дар ашъори Шавкат оҳангҳои пушаймонӣ аз ин сафар баъдан ба назар мерасанд, чунончи ӯ мегӯяд:
Насибам аз сафари Ҳинд ғайри меҳнат нест,
Касе зи мори сиёҳи раҳаш саломат нест.
Ба бӯриёи ватан мекунам шакархобе,
Ба махмали сияҳи Ҳинд хоби роҳат нест.
Ё худ дар ҷойи дигар:
Зи бас бувад сафари Ҳинд сурмаи овоз,
Садо ба рафтани ранги ҳино намебошад.
Ба ҳамин тариқ, поёни рӯзгори шоир дар Исфаҳон гузашта, Шавкат тақрибан миёни солҳои 1107-1111 (солҳои 1695-1699) дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст. Мазораш дар беруни шаҳри Исфаҳон воқеъ аст.