«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома» асари тамсилии Миробид Саййидои Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони Аштархонӣ, соли 1680 дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:
Ин нусха, Саййидо, ба ду-се рӯз шуд тамом
Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.
Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,
Аз ҳиҷрати Расул – шаҳи охируззамон.
Асар ҳаҷман чандон калон набуда, аз 184 байт иборат мебошад. «Баҳориёт» дар баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф ё мақсур навишта шудааст ва афоъили он чунин аст:
- - v/ - v - v/v - - v/ - v - ё худ: - v ~
яъне: мафъӯлу, фоъилоту, мафоъӣлу, фоъилун ё фоъилон.
“Баҳориёт” ё “Ҳайвонотнома” бо тарзи машҳури осорофарии асримиёнагӣ бо ҳамду наът оғоз гардида, сипас адиб муносибати худро ба авзои замон ва ҳолати пешомада муайян месозад.
Баъд аз он шоир қайд мекунад, ки баҳри рафъи хастагӣ ва парешонии табъи мардумон ният дорад, ки аз вуҳуш – ҳайвонот сухан бикунад. Шоир барои мушоҳида ба саҳро баромада, сараввал мушакеро мебинад, ки назди дари хонаи худ нишаста хештанситоӣ дорад:
Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам,
Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон.
Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор
Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.
Дидам, нишаста бар дари сӯрох мушаке,
Мекард худ ба худ сифати хешро баён.
Худситоӣ ва таърифкунии муш то ба ҷое мерасад, ки боиси хашм гирифтани ҷонвари дигаре мешавад:
Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,
Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?
Гурбаи даргузаре инро шунида тоқаташ тоқ мегардад ва мушро сахт танқид намуда, худашро таъриф мекунад:
Ай беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯйи ман?
Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.
Обои олии23 ту бувад кӯршабпарак,
Абнои софили24 ту ҳам аз ҷинси сифлагон.
Пур кардаӣ зи хок, ба ҳар хона рафтаӣ,
Ай хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!
Дандонзанист кори ту, ҳар ҷо ки донаест,
Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.
Гурба худситоӣ намуда мегӯяд:
Бар ман бибину нек тамошо бикун маро,
Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.
Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,
Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон.
Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,
Ҷоям ҳамеша ҳаст ба паҳлуи меҳмон.
Ба ҳамин тариқ, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба низоъ ҳамроҳ мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда, худашро ситоиш мекунад. Яъне дар «Баҳориёт» ҳамагӣ 18 ҳайвон иштирок мекунад, ки яке пас аз дигаре зуҳур карда, сифатҳои манфии тарафи муқобилро як-як ном бурда, мазаммат менамояд ва баъд ба худситоӣ шуруъ мекунад. Тартиби ширкати ҷонварон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу, паланг, фил, карк, шер ва мӯрча бо баёни хислатҳои бади ҳамдигар ва зикри сифатҳои хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.
23 Обои олӣ – падару бобоён
24 Софил – паст
Шоир дар тасвири мунозираи ҳайвонот хеле мушоҳидаҳои дақиқу нозук менамояд, зеро зиддиятҳои табиии ҷонваронро, ки ҳатто мардумон низ медонанд, қайд намуда, нафъу зарари расонидаи онҳоро таъкидан баён мекунад: мушу гурба, гурбаву саг, гӯсфанду гург ва ғайра.
Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва аҷдодаш раво медорад, ки он боиси хашм гирифтани мӯрча мегардад. Шер каркро сарзаниш мекунад, ки:
Эй сахтрӯю сустқадам, чобукӣ макун,
Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон.
Тифлон аз забони ту парҳез мекунанд,
Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон.
Аҷдоди ман ба шери Худо даст додаанд,
Аз чанги ман вагарна кӣ меёфтӣ амон?
Ҳаргиз шикории дигареро нахӯрдаам,
Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон.
Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор,
Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.
Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад,
Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон.
Сарзаниши шер, ки баҳодурон ба мӯрча муқоиса карда мешаванд, таҳқир шудани мӯрча ба садои фахромези шер боиси хашм гирифтани мӯрча мешавад. Ҳадафи мӯрча аслан донапайдокунӣ буд, вале мазаммати шерро шунида ғазаб мекунад ва абнои ҷинси хешро мисол меорад, ки агар мо иттифоқ шавему сарҷамъ гардем, шери жаёнро пӯст хоҳем канд:
Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,
Омад ба Шеру гуфт, ки: – Ай Рустами замон!
Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар?
В-арна, чаро ҳақир шуморию нотавон?
Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,
Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.
Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир,
Хешони нотавони мананд аз ту комрон.
Таъсири суханони мӯрча то ба ҳадде мерасад, ки ҳамаи ҷонварон аз кирдори хеш пушаймон мешаванд ва онҳо ҳатто аз ҳамдигар узр хоста, оштӣ мекунанд. Шоир лаҳзаи мазкурро чунин ба қалам овардааст:
Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,
Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён.
Гуфтанд узрҳо зи таҳи дил ба якдигар,
Афтод пойи оштие андар он миён.
Мантиқан агар андеша карда шавад, «Баҳориёт» бо кибру ғурур оғоз шуда, бо низоъҳои паёпай ҷараён гирифта, то ба интиҳо давом мекунад. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто ҷонварон аз ҳамдигар узрхоҳӣ мекунанд, ки мақсади эҷодкор тобиши фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг бо сулҳ хотима меёбад. Пас, ин ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ умри тулонӣ надорад ва ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад.
Албатта, ба чунин натиҷаи фалсафӣ расидани Саййидои Насафӣ бесабаб нест. Шоир аз анъанаҳои адабии тоисломӣ ва асримиёнагӣ иттилооти комил дошта, дар эҷодиёти худ аз онҳо кор гирифтааст. Саййидо дар ҳамин замина низ тозакориҳо карда метавонад ва ӯ чунин ҳам кардааст. Ӯ бо эҷоди ин асари худ ду ҷанбаи суннати адабии миллиро тақвият бахшидааст: яке осори тамсилиро таҳким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эҳё кардааст. Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ «Дарахти Ассурик ва Буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнагӣ таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан, дар асри XI тавассути эҷодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Тӯсӣ мунозира ҷилои тозае касб мекунад. Намунаҳои комили мунозира панҷ қасидаи Асадии Тӯсӣ: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу рӯз», «Габру мусулмон», «Арабу Аҷам» ба ҳисоб меравад. Дар ин асарҳо интихоби мавзуъ ва масъалагузорӣ, ҳалли масъала ва натиҷагирӣ аз он тамоман нав, ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.
«Баҳориёт»-и Саййидо ҳамчун асари адабӣ, пеш аз ҳама, дар нақши 18 ҷонвар нишон додани муносибатҳои табақавӣ дар ҷамъият аст. Дар рӯйи замин, агар пурқувваттарин ҷонвар шер бошад, ҳақиру нотавон мӯрча ба шумор меравад.
Шоир ҳушдор медиҳад, ки хисоли ҳамида: фурӯтанӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, ҳалимӣ, дурандешӣ, сабурӣ, хайрхоҳӣ, некукорӣ, дидадароӣ, тавозуъ барои солимии ҷомеа ҳатмӣ ва ногузир мебошад. Дар муқобили хисоли ҳамида, ки номбар кардем, хислатҳои разила: кибр, ғурур, худхоҳӣ, кӯтоҳназарӣ, ҳавобаландӣ, сабукандешӣ, бузургманишӣ, ҷоҳталабӣ, ноодилӣ, пастфитратӣ, сифлагӣ, дунҳимматӣ, разилӣ, ғаразхоҳӣ, фитнаангезӣ гузошта мешавад. Шоир ду паҳлуи хисоли инсониро (ҳамида ва разиларо) ҳатто дар ниҳоди як ҷонвар ҷой медиҳад. Аҷиб он аст, ки зикри хислатҳои ҳамида ва дар ҳамин замина содир гардидани кибру ғурур ва ҳам тафохури бебунёд аз забони худи ин ва ё он ҷонвар таъкид карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Баръакс, ҳар як ҳайвон кӯшиш менамояд, ки беҳтарин хислатҳои писандидаи аҷдоди худро пайваста тавсиф намояд ва бо ин эътибори хешро баланд кунад.
Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист. Ҷараёни хатти ҳаракати сужет ва тезутунд гардидани муносибатҳо гӯё ҷӯёи ҳақиқати воқеист. Ин аст, ки шоир онро дар нақши табақаи басо беозору заҳматкаштарини рӯзгор – мӯрча мебинад ва хеле хуб ҳам пайдо мекунад, зеро ҷараёни бархурдҳо, муқовимати низоъҳо, баҳамоии тазодҳо чунин роҳи ҳалли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир, эҷодкор ва мафкурабардор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Саййидо дар созгории табақаҳои иҷтимоӣ дармеёбад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳар як табақаи иҷтимоӣ дар ҷомеа ҷой, мақом ва мавқеи худро дорад.