Услуб ва сабки баёни Соиб

Сабки сухани Соиб дорои ду ҷанба аст. Шеваи эҷоди шоир, тарзи гуфтору услуби баён ва ҳунари таълифи ӯ аз нигоҳи фардияти эҷодӣ хоси худи ӯст. Яъне, ҳамоно ҷанбаи ҳаётӣ, оҳанги воқеӣ-реалистӣ гирифтани лирикаи ишқӣ пас аз Саъдӣ дар шеъри ин симои эҷодӣ ба назар мерасад. Ҷузъиёте, ки дар сухани ӯ ҳангоми арзи матлаб ва тасвири ҳолат ба назар мерасад, воқеӣ, мушаххас, дастрас, ҳаётӣ мебошад. Ин ҳолат пеш аз ҳама, аз муносибати қаҳрамони лирикӣ ба воқеият замина мегирад. Аз ин рӯ, қаҳрамони лирикии ӯ ғолибан дар такопӯю тараддуди рӯзгор баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ, баҳри нафъи мардум аст. Ӯ орзую ҳавас, хоҳишу таманнои муосирони хешро дар рӯзгор дарк намуда, барои татбиқи он ҳатталимкон мусоидат мекунад:

Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.

Дар ин байт калимаҳои ифодагари ҳадаф: об, оташ, худ, афкандан, равшанӣ, кор, мардум, шамъ калимаҳои ҳаётию ҳаррӯзаи рӯзгори инсони меҳнаткашу хайрхоҳ аст. Ба андешаи мо, низоъҳо, тазодҳо, бархурдҳо, зиддиятҳо ва гирудорҳои байтҳо, мисраъҳо, бандҳо ва ғазалу жанрҳои дигари девони Соиб аз таносуби фикрии шоир, қиёси шахсият ва ҷомеа, муҳити зист ва фард сар мезанад, ки ба ин восита истиқлоли ақоид, фардияти андешаи эҷодкор мушоҳида карда мешавад.

Бо дар назар доштани бардоштҳои ғоявию бархурдҳои мафкуравӣ фардияти сабки Соиб ва услуби эҷодии ӯ муайян карда мешавад. Яке аз ҷанбаҳои ҳунарии Соиб дар ин ҷода кор гирифтан аз тамсил аст, ки дар ғазали ӯ мисраъҳо, байтҳо, дар маҷмуъ ҳамин гуна хусусият дорад. Шоир аз мақолу зарбулмасалҳо ба таври фаровон кор гирифтааст. Беш аз он ин мисраъҳо, байтҳоро худи шоир сохтааст, эҷод кардааст, ки хусусияти ирсолимасалӣ ё ирсолимасалайнӣ доранд.

Чунончи:

Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,

Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.

Ба Мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз машриқ,

Гузорад ҳар ки чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.

Ба ҳамворӣ баландӣ ҷӯ, ки теғи кӯҳро орад

Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.

Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,

Ки Маҷнун оҳувонро кард ром оҳиста-оҳиста.

Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,

Ки тӯтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.

Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоғар шуд,

Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.

Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,

Ки хуни шишаро нӯшид ҷом оҳиста-оҳиста.

Дилам аз оҳ, мегуфтам, шавад холӣ, надонистам,

Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.

Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,

Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.

Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,

Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Дар сабки шеъри Соиб печидагии маъно, мавҳумии тасвир, баёнҳои зеҳнӣ қариб ки дида намешавад. Шеъри ӯ шеъри пандомез, ҳикматомез, мавъизатомез, андарзнома аст. Албатта, аз мақолу зарбулмасалҳо низ бархурдор аст, вале ғолибан ихтирои худи эҷодкор аст. Дар шеъри ӯ қофия ва радиф мавқеъ дошта бошанд ҳам, нуфузи радиф бештар аст.

Лексикаи истифодакардаи Соиб бештар воқеӣ, оммафаҳм, мушаххас ва рӯзгорӣ буда, шакли мураккаби калимаҳо бештар аст, ки ғолибан худи ӯ сохтааст.

Дар ашъори шуарои ин сабк ва хосса Соиб, асосан санъатҳои маънавӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, зеро шеъри ин аҳд асосан шеъри маънӣ буда, ба лафзбозӣ чандон эътибор дода намешавад.