Таъсири Соиб ба адабиёти давр ва баъд аз асри ӯ хеле бузург аст. Шоири мутафаккир ин нуктаро худаш низ ҳис кардааст, ки ҷое мегӯяд:
Маҳв кай аз сафҳаи дилҳо шавад осори ман,
Ман ҳамон завқам, ки меёбанд аз гуфтори ман.
Ашъори Соиб, ки саропо ҳикмату андарз, панду мавъизат, насиҳату тарбият ва дарси ҳаёту зиндагӣ, таълими рӯзгору таҷрибаи умр аст, ба адабиёти асри адиб ва ба адабиёти баъдии халқҳои Эрон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистону Туркия ва халқҳои дигари порсигӯ таъсири фаровон намудааст.
Яке аз пайравони ҷиддии Соиби Табрезӣ дар Осиёи Миёна шоири ҳунарманд – Миробид Саййидои Насафӣ аст, ки тибқи тадқиқи муҳаққиқон ба беш аз чиҳил ғазали Соиб мусаммати мухаммас бастааст, яъне, мусаммати мухаммаси тазмин бар ғазали Соиб мебошад. Таъсири ашъори Соиб ба ашъори Калим, Носиралӣ, Шавкати Бухороӣ ва бисёр дигарон хеле бузург аст.
Умуман, заминаи бунёдии ашъори Соиби Табрезиро шеъри ҳикмат, ашъори пандомез фароҳам меорад ва асоси ин шеър ҳамоно таносуби сухан, ирсоли масалу масалайн ва тазоду муқобала мебошад. Шеъри мазкур ҷанбаи фалсафаи амалии ашъори Соибро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, ашъори Соиб дар бедории мафкуравии мардум, дар ҷунбишҳои зеҳнии халқ, дар худшиносии омма нақши басазо дорад, зеро бардоштҳои фикрӣ, бархурдҳои ақлию зеҳнӣ боиси бедории фикрӣ ва хештаншиносии омма хоҳад шуд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Овони ҷавонӣ ва илмомӯзии Соиб чӣ гуна гузаштааст?
2. Соиб кай ва дар кадом доираи адабӣ унвони ифтихории малик-ушшуароро сазовор шудааст?
3. Рӯзгори Соиб дар кадом шаҳр сипарӣ шудааст?
4. Сохту таркиби «Девон»-и Соибро шарҳ диҳед.
5. Хусусиятҳои алоҳидаи лирикаи ишқии Соиб дар чист?
6. Мавзуъҳои асосии лирикаи Соиби Табрезӣ аз чиҳо иборатанд?
7. Мавзуъ ва мундариҷаи мусамматҳои мухаммаси Соибро шарҳ диҳед.
8. Хусусиятҳои шаклии мусамматҳои мухаммаси Соибро баён кунед.
9. Мавқеи ғазал дар «Куллиёт»-и Соиб чӣ гуна аст?
10. Ӯ дар ғазал бештар ба киҳо пайравӣ кардааст?
11. Мавзуи ғазалиёти Соиби Табрезӣ кадомҳоянд?
12. Хусусиятҳои фарқкунандаи ғазалиёти Соибро гӯед.
13. Кадом санъатҳои бадеӣ дар ашъори Соиб бештар истифода шудаанд?
14. Таъсири эҷодиёти Соиб ба адибони давр ва оянда чӣ гуна аст?
15. Кадом шоирони Мовароуннаҳр ба ғазалиёти Соиб тазмин бастаанд?
САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ
1. Баромади иҷтимоии Соиб ба кадом табақаи ҷамъият тааллуқ дорад?
А. аҳли зиё
В. тоифаи барзгарон
С. силки дуредгарон
D. аз мусаввирон
Е. аз бозаргонон
2. Илми хаттотиро Соиб аз кӣ омӯхтааст?
А. волидайн
В. бобояш
С. бародар
D. яке аз дӯстонаш
Е. аз амакаш Шамсуддини Табрезӣ
3. Соиб ҳангоми бозгашт аз Ҳиҷоз ба кадоме аз ин шаҳрҳо омад?
А. Самарқанд
В. Бухоро
С. Хоразм
D. Мултон
Е. Кобул
4. Соиб пас аз чанде будубошӣ дар Кобул, ба кадом кишвар ҳиҷрат кард?
А. Рум
В. Шарвон
С. Миср
D. Исфаҳон
Е. Ҳиндустон
5. Соиб дар кадомин дарбор унвони «Малик-уш-шуаро»-ро сазовор шуд?
А. Бухоро
В. Самарқанд
С. Шероз
D. Миср
Е. Исфаҳон
6. Кадоме аз ин тазкираҳо дар бораи Соиб маълумот медиҳад?
А. «Лубоб-ул-албоб»
В. «Нафаҳот-ул-унс»
С. «Маҷолис-ун-нафоис»
D. «Туҳфаи Сомӣ»
Е. «Музаккир-ул-асҳоб»
7. Поёни умри Соиб дар куҷо сипарӣ шудааст?
А. Кобул
В. Шероз
С. Ҳиндустон
D. Машҳад
Е. Исфаҳон
8. Кадоме аз ин маснавиҳо ба Соиб мансуб аст?
А. «Соқинома»
В. «Искандарнома»
С. «Темурнома»
D. «Булбулнома»
Е. «Қандаҳорнома»
9. Маснавии «Маҳмуд ва Аёз» аз кист?
А. Ҷомӣ
В. Ҳилолӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
10. Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,
Ба лаълат зинда номи бенишонӣ.
матлаи ғазали кист?
А. Ҷомӣ
В. Ҳилолӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
11. Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,
Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.
Байти кист?
А. Ҳилолӣ
В. Восифӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
12. Пок кун аз ғайбати мардум даҳони хешро,
Ай ки аз мисвок доим мекунӣ дандон сафед.
Байти кист?
А. Ҳилолӣ
В. Мушфиқӣ
С. Восифӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
13. Байти зеринро кадоме аз ин шоирон гуфтааст?
Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад,
Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо.
А. Ҳилолӣ
В. Ҷомӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
14. Ин байт аз они кист?
Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,
Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.
А. Ҷомӣ
В. Ҳилолӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
15. Матлаи зерин аз ғазали кист?
Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,
Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.
А. Ҷомӣ
В. Ҳилолӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб
16. Байти зерин аз кист?
Маҳв кай аз сафҳаи дилҳо шавад осори ман,
Ман ҳамон завқам, ки меёбанд аз гуфтори ман.
А. Ҷомӣ
В. Ҳилолӣ
С. Мушфиқӣ
D. Саййидо
Е. Соиб