Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ

Бедил, моро ҳарзасароӣ шон нест,

Мадҳи миру ситоиши султон нест.

Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулқодири Бедил яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти давр, балки ба ҷараёни баъдии таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Баъдҳо ӯ дар қитъае роҷеъ ба санаи вилодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур

Зи файзи азал тофт чун офтоб,

Бузурге хабар дод аз мавлидаш,

Ки ҳам «файзи қудс» асту ҳам «интихоб».

Дар мисраи чаҳоруми қитъаи мазкур, ки моддаи таърих омадааст, агар адади ҳарфҳо тибқи ҳисоби абҷад гузошта шавад, соли 1054 ҳиҷрӣ ҳосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарҳ карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1644 ҳосил мешавад, ки санаи вилодати Бедили Деҳлавӣ мебошад. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони ифтихории эҷодияш Абулмаъонӣ мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне, ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарқанд буда, аз сабаби нобасомониҳои авзои таърихии Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафта будаанд. Ба таркиби номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи «Мирзо» гувоҳи он аст, ки яке аз аҷдоди ӯ сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипоҳиён будаанд.

Бедил дар овони тифлӣ аз падар ятим монда, тарбия ва таълими ибтидоиро аз модар гирифтааст. Ӯ дар 5-6 – солагӣ ба мактаб дода мешавад. Бедил дар 7-солагӣ Қуръонро ҳифз намуд. Баъдтар илмҳои дигари замонаи хеш: сарфу наҳви арабӣ, мантиқу ҳикмат, фиқҳу калом, тафсиру ҳадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва ғайраро комилан фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш – Мирзо Қаландар, тағояш – Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, Шайх Камол, устод Абулқосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусоҳибаҳои аҳли илму фазл дар кошонаҳои Мирзо Қаландару Мирзо Зариф баҳраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулқодири Бедил дар синни 10-солагиаш ошкор шудааст. Зеро худ дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки аз солҳои мактабхонияш шеър мегуфтааст. Ӯ тақрибан дар 10-солагӣ ба яке аз ҳамсабақҳояш рубоии зайлро бахшидааст:

Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,

Бӯйи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯйи қаранфул аст, ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?

Бедил соли 1665 аз Биҳор ба шаҳри Деҳлӣ меояд:

Аз мулки Биҳор сӯйи Деҳлӣ,

Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар 25-солагӣ хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб – Аъзамшоҳ ба ҳайси сипоҳӣ ба фаъолият мепардозад. Яке аз наздикони Бедил шоир будани ӯро ба Аъзамшоҳ хабар медиҳад. Шоҳ Бедилро даъват намуда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки барояш мадҳияе бинависад. Ин рафтори ҳоким Бедилро озурда мекунад ва ӯ аз хидмат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовиқор, бонанг, худогоҳ будааст, ки мегӯяд:

Эй басо, маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо, нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ, чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар ҳама пой дар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Мирзо Абдулқодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта, дар маҳфилҳои адабӣ иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавқу донишмандони замон Иззат, Зуҳурӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо мекунад.

Шоир баъдан шаҳрҳои Панҷоб, Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ғайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шаҳрҳои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намудааст. Ин сафарҳо барои шоир як дарси зиндагӣ буд, чаро ки хосса ӯ тавонист ба ҳаёти табақаҳои мухталифи иҷтимоии ҷамъият шинос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигоҳи тангии маишӣ басо сахтӣ кашидааст. Бедил ҳатто то 41-солагӣ манзили зист надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дӯстон шоир соҳиби манзили шахсӣ мешавад.

Ҳамсари аввали Бедил дар 38-солагии шоир аз олам чашм мепӯшад ва ӯ бори дигар хонадор шуда, баъдҳо дар 64-солагӣ писардор гардидааст. Дареғо, писари шоир дар овони тифлӣ аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рӯзгори хешро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар ҳамон ҷо, дар 77-солагӣ, соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» Мир Ғуломалихони Озод дар вафоти Бедил қитъаи зеринро сурудааст:

Сару саркардаи арбоби сухан,

Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.

Гуфт таърихи вафоташ Озод:

«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар қитъаи мазкур моддаи таърих мисраи чорум аст. Агар қимати ҳарфҳои ин мисраъ аз рӯйи ҳисоби абҷад дуруст гузошта шавад, соли 1133 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад. 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1721 ҳосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.