Осори мансур ва манзуми ҳар як адиб дар кадом асре, ки бошад, аз сабки умумии адабӣ берун нест. Вале истеъдодҳо дар таърихи адабиёт тавонистаанд, ки дар ҷузъиёт тозаҷӯиҳо кунанд.
Масалан, Рӯдакӣ дар асри Х, Носири Хусрав дар асри XI, Саноӣ Низомӣ дар асри XII, Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ дар асри XIII, Ҳофизу Камол дар асри XIV, Ҷомӣ дар асри XV, ҳар кадом адибони кашшофанд.
Аз ин нуқтаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки умумии давр – сабки ҳиндӣ эҷод шудааст ва хусусиятҳои ин сабкро комилан фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, эҷодиёти ӯ, ки онро истеъдоди басо ҳайратовар рӯйи кор овардааст, дар ҷузъиёт тозакориҳои хеле сершумор дорад, ки ҳатто сабки умумии даврро сарчашмаҳо сабки бедилӣ ном ниҳодаанд. Ба ин маънӣ, то андозае адабиёти беш аз 700сола ҷанбаи ҷамъбастӣ мегирад, ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз ҳама, ҳис кардааст.
Чунончи, мегӯяд:
Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад,
Зи хомаҳо ду-се ҳарфи чакида мемонад.
Зеро ҳадафи шоир жанри ҷудогона набуда, умуман, шеър, яъне адабиёт аст.
Ӯ шоирест, ки ҳангоми саррофии сухан ҳунари хосса зоҳир мекунад. Ҳатто ашёи муқаррарии табиат: кӯҳ, санг, хок, об, сабза, дарахт, абру борон ва ғайра моҳияти махсуси эстетикӣ мегиранд ва ба таври ҳайратовар ҷаззобу ҷолиб ва зебову назаррабо мешаванд. Ба ин маънӣ Бедил мегӯяд:
44 Рабт – пайвастагӣ, робита
45 Кӯк – мувофиқ намудани овозҳо дар мусиқӣ, ҳамоҳангӣ, ҷӯр
Ҳар сангпорае, ки фитад чашми мо бар ӯ,
Аз як назар ақиқи Яман46 мекунем мо.
Албатта, ин як хусусияти умуман адабиёт аст, вале адибони соҳибистеъдод тавонистаанд дар ҳунари эҷод аз якдигар бартарӣ дошта бошанд. Ин аст, ки Бедил ҳолати эҷодро ба дами теғ монанд мекунад, ки мақсуди ӯ гузаштан аз ҳастии хеш аст. Яъне, эҷодкор месӯзад, то бисозад:
Дами теғ аст, Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,
Забони хома ҳам шақ47 дорад аз ҳарфофариниҳо.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми сабки Бедил дар он аст, ки калимаҳо, ибораву таъбирҳо дар алоҳидагӣ мафҳум, сода, равонанд, вале дар матн хеле печида меоянд, маънии онҳо барои хонанда дастнорас мешавад.
Чунончи, дар ин байт:
Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино
Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.
«Маъшуқа, – менависад устод С. Айнӣ, мавриди таҳлили байти мазкур, – ба дасту пойи худ гул бастааст, ба ин сабаб бӯсамуштоқон – ошиқоне, ки дасту пойи ӯро бӯсидан мехостанд, чаманҳоро дар зери лаб гирифта – бӯсида, хун карда, ба ранги ҳино гардондаанд, то ки маъшуқа дар вақти ба пою дасти худ гул бастан, шояд гулҳои ба ранги ҳиногардидаи ин чаманҳоро банданд ва ба ин восита бӯсиши ин бӯсамуштоқон ҳам ба дасту пойи ӯ бирасад». Ин албатта, аз печидагии маъно гувоҳӣ медиҳад.
Ё худ дар ин байт:
Хок шуд фитрат ба пастӣ, лек мижгон бар надошт,
В-арна, аз мо то ба боми осмон як зина буд.
Дар ин байт шоир фалсафаи халлоқияти инсонро дар назар дорад, ки Худо одамро дар Биҳишт офарид ва аз сабаби он ки ҷисми ӯ аз олами суфлӣ буд, тоб оварда натавонист ва агар тоб меовард, то олами тақаддус андаке буд.
Муҳим он аст, ки санъатҳои бадеӣ низ дар шакли нисбатан мураккаб ба кор гирифта мешаванд; ташбеҳоти мураккаб, муканно, кинояву маҷозҳои хеле ваҳмӣ, хаёлӣ, иҳому рамзҳои нисбатан дастнорас мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки моҳияти онҳо на ба ҳар кас қобили фаҳм аст.
46 Ақиқи Яман – санги қиматбаҳои машҳуре, ки дар Яман ҳосил карда мешавад
47 Шақ(қ) – шикоф; чок, шикофта
Дигар аз хусусиятҳои услубии ашъори Бедил аз он иборат аст, ки ӯ баъзан калимаҳои нави мураккаб месозад: силамуштоқ, бӯсамуштоқ, гадотабъ, рамзошно, хирасар, иқтидороҳанг, чаманкулоҳ, тарабсаро, хориҷоҳанг, ҳайратоғоз, тӯфонҷӯшӣ, асарпарвард, тараҳҳумхирман, саднаргисистонибрат ва ғайра, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохта шудаанд, ҳатто маънии луғавияшон на ба ҳар кас равшан аст.
Забони ашъори лирикии Бедил яксон нест, ғазалу қасидаҳои ӯ нисбатан мураккаб ва шеваи қитъаҳову рубоиёташ хеле сода аст.
Барои намуна чанд байт аз як қитъаи шоирро зикр менамоем:
Ай басо илме, ки аз беилтифотиҳои халқ
Дар миҷози маъниогоҳон ҳамон мастур монд.
Бедимоғиҳои мастон чашми шавқе во накард,
Мавҷи май дар ҷом маҳви решаи ангур монд.
Наргисистонҳо баҳайратхуфтаи бедонишист,
Оламе афрӯхт шамъу ҳамчунон бенур монд.
Гар касе маҳрам нашуд, андешаи ғафлат кирост?
Ҳусн аз бас бениёзӣ дошт, номанзур монд.
Дар ин қитъа калимаи душворфаҳм нест ва ҳатто хонандаи одӣ ҳам маънии онро ба осонӣ дарёфта метавонад.
Ё худ ифодаи маънии иҷтимоӣ дар ин рубоӣ, ки хеле оммафаҳму сода аст, далели қазовати болост:
Ай ғофили имтиҳон, зи кас қарз магир,
Ҳарчанд расӣ ба ҷон, зи кас қарз магир.
Андӯҳи адо сахт гаронӣ дорад,
Аз фоқа бимиру нон зи кас қарз магир.
Вале забони қасидаҳову ғазалиёт ва маснавиҳои Бедил нисбатан мураккабу печида аст ва худи шоир, ки «Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам» – мегӯяд, шояд ба ҳамин қисмати таълифоти мутафаккир бештар тааллуқ дошта бошад.
Албатта, баъзан ғазалҳои равону равшан низ дучор мешавад ва махсусан, ашъори васфияш, ки ба тасвири баҳор, ҷузъиёти табиат, ситоиши маҳбуба, баёни ҳасби ҳол ва ғайра бахшида шудааст, зиёданд. Чунончи, ин ғазали баҳорияро чун намуна метавон зикр намуд:
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чи дар ваҳмат нагунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯйи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор?
Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,
Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.
Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад,
Ҷуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор.
Абр менолад, к-аз асбоби нишоти анҷуман
Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор.
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор.
Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,
Ҳар кӣ гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.
З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту на шамшод руст,
Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.