Чунонки қаблан таъкид шуд, Гулханӣ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, дар ду навъи адабӣ: назм ва наср аз худ андак бошад ҳам, мероси адабии пурмуҳтаво ба ёдгор гузоштааст. Ҳоло аз ин адиб чанд ғазалу як қасида ва як қиссаи тамсилӣ бо номи «Зарбулмасал» ба забони ӯзбекӣ маълум аст. Дақиқтараш, 12 ғазалу як қасида ва аз 12 ғазал, 7-то ба забони тоҷикӣ ва 5-то ба забони ӯзбекӣ эҷод гардидааст:
Фаъолияти адабии Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳангоми таҳсил ва сипоҳигарӣ бо эҷоди шеърҳои лирикӣ оғоз гардидааст.
Мавзуи ғазалиёти Гулханӣ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои ботинии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, нозу ифтихори ӯ, садоқати ошиқу бемеҳрии маъшуқа, дарди ҳиҷрону сӯзи фироқ ва ғайра мебошад. Яке аз мавзуъҳои дӯстдоштаву марказии ашъори шоир ҳаҷву истеҳзо, тамасхуру танқид аст. Вале дар ҳар сурат, дар ғазалҳои шоир ишқу масоили дигари иҷтимоӣ бештар мавқеъ дорад.
Чунончи:
Ай бути ширинлабу симинтану рангинқабо,
Пой то сар ҷилваи макру фану нозукадо.
Мазҳари ҷавру ҷафову зулм, ҳам бедоду кин,
Дар сипеҳри дилрабоӣ моҳи бемеҳру вафо.
Мубталои холу зулфу оразу чашми ту буд
Ҳиндуву кашмирию румию туркони Хито.
З-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб,
Ҳусн – саркаш, ишқ – ғолиб, ман – забун, дил – бенаво.
Гар набошад ёди мижгонат ба дасти ӯ асо,
Аз тапиданҳои дил дар гӯш меояд садо.
Зиндагониҳо ба рағми даҳр то кай, Гулханӣ,
Чанд гӯйӣ ёр бераҳму фалак ноошно?!
Ғазали мазкур аз рӯйи мавзуъ ва мазмуну муҳтаво ишқӣ, иҷтимоӣ, шиквоӣ буда, бемеҳриву бераҳмии маҳбуба, маккориву ҷафопешагии ӯ ба тасвир омадааст.
Аз нигоҳи ҳунари эҷод низ ғазали боло хуб аст. Шоир аз санъатҳои таносуби сухан, тавсиф, ташбеҳ, муболиға, тазод, истиора, киноя, маҷоз, ҷамъу тақсим, нидо ва ғайра нисбатан хуб кор гирифтааст.
Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазал нисбатан ҷолиб эҷод гардидааст. Шоир дар ин ғазал радифро ба кор набурда, дар он калимаҳои рангинқабо, нозукадо, вафо, Хито, бенаво, асо, садо, ноошно ҳамқофия шудаанд. Аз нигоҳи навъҳои қофия, калимаҳои қофияшуда бо равӣ «о» тамом шудаанд ва аз ин рӯ, шакли қофия муқайяд аст.
Ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо гардидааст, ки афоъили он чунин мебошад:
- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё худ: - v ~)
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон.
Муҳаммадшарифи Гулханӣ, умуман, дар ҳунари ғазалсароӣ чандон бад нест.
Аз ғазалҳои маҳфузмондаи тоҷикии ӯ маълум мешавад, ки шоир ғазалҳои ишқии худро бо оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ дар омехтагӣ эҷод намудааст:
Гудозу сӯзу дарду доғ з-инсон бар ман аст имшаб,
Чу шамъ оғозу анҷоми ман аз худ рафтан аст имшаб.
Зи ман уммеди нақди дину дил дигар бувад нодир,
Чароғи корвонам гӯйӣ чашми раҳзан аст имшаб.
Баёзи гардани соқӣ таҷаллигоҳи маҳфил шуд,
Калими Тури моро гӯйӣ водӣ Айман аст имшаб.
Зи поям барфикандӣ, по ба поят ман сар афкандам,
Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.
Кулаҳ бишкаст, соқӣ, муҳтасиб паймонаи майро,
Ту бишкан фарқи он бадхӯй, бишкан-бишкан аст имшаб.
Ба имшаб-имшабам додӣ навиди васл, дере шуд,
Ҳанӯзам гӯш дар роҳи ту чашми равзан аст имшаб.
Ғазали боло аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ишқӣ-иҷтимоист. Он аз оҳангҳои тасаввуфӣ низ холӣ нест, зеро мисли шамъ сӯхтану аз худ гузаштан ва фурӯравӣ ба хотири таҷаллии маҳфил ифодаҳои сӯфиёна мебошад. Ҷанбаи ҳунарии ғазал низ чандон бад нест. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, ташбеҳ, маҷоз, киноя, истиора, муболиға, тазод, тавсиф, талмеҳ ва ғайра хуб кор гирифтааст.
Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҷолиб аст.
Ғазал мураддаф буда, калимаҳои «аст имшаб» радиф аст, зеро аз оғоз то анҷом такрор мешавад. Радифи мазкур мураккаб мебошад, зеро аз ду калима иборат аст. Калимаҳои радифшуда бори ғоявии шеърро ба худ гирифтаанд.
Дар ғазали зикршуда калимаҳои ман, рафтан, раҳзан, Айман, афкан, бишкан, равзан ҳамқофия шудаанд. Аз сабаби он ки қофияшавандаҳо бо ҳарфи равӣ «н» ба охир мерасанд, ин навъи қофияро қофияи муқайяд мегӯянд.
Аз нигоҳи вазн ғазали зикршуда дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:
v - - - / v - - - / v - - - / v - - -
яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.
Дар ашъори Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳаҷву истеҳзо, мазаммату танқид низ мақоми махсус дорад. Ин ҷанба ҳам дар назм ва ҳам дар наср ба хубӣ мушоҳида мешавад. Масалан, шоир бо радифи «бидеҳ» ғазале дорад, ки қофияву радиф дар он на танҳо вазифаи хушоҳангию хотирмонӣ, равонию дилнишинӣ, ҷолибию ҷаззобӣ дорад, балки беш аз он, бори ғоявию маънавӣ мекашад.
Чунончи:
Ҳазратам, аз гушнагӣ мурдам, ба ман нунам бидеҳ,
Кофирам, гӯям агар инам бидеҳ, унам бидеҳ.
Гандуму мошу биринҷам деҳ, ки даркорӣ ҳамӯст
Ман намегӯям, ақиқу лаълу марҷунам бидеҳ,
Бар танам як лоғ дору ишкамам пур кун зи нун,
Бо ту, биллаҳ, ман намегӯям, ки имунам бидеҳ.
Аз тиҳидастӣ агар навкар мурад, ҳайф аст, ҳайф,
Ай табиби ҳозиқи навкар, ту дармунам бидеҳ.
Ҷума деҳу нун, зи ранҷу фоқа мегардон халос,
Кай туро гуфтам, ки бар ман ганҷи Қорунам бидеҳ?!
Аз тағуёни дарат кас нест чун ман беасос,
Ҳавлию боғу сарову қасру айвунам бидеҳ.
Гулханиро ай қатори баччамардон кам мадон,
Фӯтаву шофам бидеҳ, аспам бидеҳ, тунам бидеҳ.
Хусусан, бори ғоявию мавзуӣ ва маънавию мундариҷавӣ бар дӯш доштани радиф дар ғазали боло аз он ҳам маълум мегардад, ки дар мисраи интиҳоии ғазал калимаи радифшуда «бидеҳ» се дафъа таъкид карда мешавад. Яъне, мақсади шоир аз зикри ашёи зарурӣ ҳамин аст, ки ба он эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, ин калима эҳтиёҷи қаҳрамони лирикиро қонеъ мегардонад.
Аз нигоҳи ҳунарӣ, албатта, ин ҷолиб аст. Аз тарафи дигар, ҷанбаҳои дигари ҳунарии шеър, масалан, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ҳам хеле писандида мебошад. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, нидо, тазод, муболиға, маҷозу киноя, тавсиф, ташбеҳу истиора ва ғайра хуб истифода кардааст.
Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хеле ҷолиб аст. Шеър мураддаф буда, чунонки ишора кардем, калимаи «бидеҳ» радиф қарор дода шудааст. Ин калима эҳтиёҷоти номбаркардаи адибро фаро мегирад. Аз ин рӯ, бори ҳадафӣ низ бар уҳда дорад.
Қофияҳои ғазали мазкур: нунам, унам, марҷунам, имунам, дармунам, Қорунам, айвунам ва ғайра мебошад.
Аз нигоҳи сохтор қофияҳои интихобшуда мутлақ буда, пас аз равӣ - «н» унсурҳои дигар низ ҳаст:
Вазни ғазал низ ҷолиб аст. Он дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст. Аз нигоҳи афоъил он чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё - v ~)
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоилон мебошад.
Умуман, лирикаи Гулханӣ аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва мавзуъ ишқӣ, иҷтимоӣ ва ҳаҷвӣ буда, дар он унсурҳои шеваи гуфтугӯйии мардумони кӯҳистони тоҷик хеле мавқеъ дорад.