1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо»). Асари мазкур доир ба илми нуҷум – ситорашиносӣ буда, оид ба мавқеъ, мақому ҳолоти ситораҳо, ҷойгиршавии онҳо ва зуҳури бисёр ҳаводису воқеоти марбути ситораҳо ва ғайра баҳс мекунад.
Муаллиф ин асари худро ба яке аз дӯстонаш бахшидааст. Санаи
таълифи китоб соли 1865 мебошад.
2. «Рисола-фӣ-аъмол-ул-кура» («Рисола доир ба амалиёт бо кура»).
Аҳмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри
худ, доир ба кайҳон маълумоти нодири илмӣ медиҳад. Хусусан,
баъди мулоқоти ӯ бо капитани рус Стремоухов, ки капитан ба
Дониш ду глобус: ҳам глобуси Замин ва ҳам глобуси Саморо
туҳфа менамояд. Аз ин рӯ, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба
ҷанбаҳои ҷуғрофӣ ва астрономӣ медиҳад.
3. «Таъодули хамсаи мутаҳаййира» («Ҳаракати панҷ ситора»).
Ҳадафи Аҳмади Дониш ҷойгиршавӣ ва ҳаракати Уторид, Зуҳра,
Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал буда, рисолаи мазкур низ ба илми
нуҷум бахшида шудааст. Яъне, ҳар яке аз ин ҷирмҳои самовӣ бо
хосиятҳои ҷудогонаи худ шарҳ дода мешавад. Аҳмади Дониш
ин асарашро соли 1883 дар шаҳри Ғузор таълиф намудааст.
4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Ҳадди диёнат»). Аҳмади Дониш ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ аз нигоҳи илми шариат низоми муайян таъйин менамояд. Ҳадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори роҳбарии ҷомеаро, ки аҳли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват кардан буд. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст. 5. Дар мероси илмии Аҳмади Дониш боз як асари таърихии ӯро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития» ном ниҳодаанд. Дар ин асар сари қудрат омадани амирони Манғития аз Дониёл то
Абдулаҳад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шахсияти амирон,
усули кишвардории онҳо, муносибатҳои дохилӣ – дарборӣ ва
хориҷии онҳо, хусусан бо Русия, ҳолати раъият ва ғайра хеле
маълумоти пурарзишу судманд медиҳад, ки дар ин бора баъдтар
маълумот хоҳем дод.
Мероси адабии Аҳмади Дониш, асосан, аз анвои гуногуни манзум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми ӯ жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайраро дар бар мегирад. Осори манзуми Дониш дар шакли ибтидо дар пароканда дастрас шуда буд. Ӯ осори манзуми худро дар шакли девон тадвин намуда будааст, ки ҳоло дастрас аст.
Мавзуъҳо ва мундариҷаи ғоявии ашъори Аҳмади Дониш гуногун буда, дар онҳо васфи инсонҳои соҳибкасбу соҳибмаърифат, ҳунарварону санъаткорони хориҷӣ, дӯстию рафоқат, хислатҳои неки одамӣ, тарғиби маданияти пешқадам, васфи хираду дониш, некиву накукорӣ, адлу адолатхоҳӣ, васфи илму фарҳангу ҳунар ва ғайра мебошад. Масалан, дар ин қитъа шоир зоҳирпарастии инсон, ба шакл таваҷҷуҳ намудани касон, шитобу бесабриро танқид мекунад. Баръакс сабру таҳаммул, ботинбинӣ, рӯ овардан ба сират – маънавиёти инсон, подоши ҳаётро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндагӣ кунад ва пок биравад.
Ӯ мегӯяд:
Ба шакли ҳайати инсон зи раҳ марав зинҳор,
Тавон ба сабру таҳаммул шинохт ҷавҳари мард.
Агар на пок бувад, аз бало нахоҳад ҷаст,
В-агар дар асл бувад пок, сабр хоҳад кард.
Албатта, мавзуи ишқ ва исёнҳои қалбии инсонӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва васфи маҳбубаву назокати гуфтори ошиқ яке аз мавзуъҳои ҷовидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзуъҳои асосии лирикаи Аҳмади Дониш низ ҳаст.
Чунончи, дар ин ғазал мегӯяд:
Абрӯйи чун ҳилоли ту ҷонро шикор кард,
Мижгони обдори ту дил беқарор кард.
Дасти булӯрранги ту қадри гуҳар шикаст,
Лабҳои чун ақиқи ту ёқут хор кард.
Аз чоки пираҳан чу намуд он тани ҳарир,
Олам пур аз таровати бӯйи баҳор кард.
Калпӯши зар, ки маст ба торак ниҳодааст,
Бо қомати чу дурру гуҳар интишор кард.
Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек
Лутфи дигар ба бӯсаам уммедвор кард.
Ғазали мазкур хеле хуб аст, вале дар ҳар сурат ҳунармандона нест, зеро Аҳмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу ҷомеашинос аст. Ашъори ӯ, пеш аз ҳама, бо сабабе, баҳонае ва ё дар мавридҳои зарурӣ эҷод шудааст.