САРСУХАН

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сатҳу сифати омӯхтани таърихи ватан дар ҷомеа торафт беҳтар мегардад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз кардааст: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Ба ифодаи дигар, агар инсон таърихи гузаштаи худро наомӯзад, табиист, ки аз роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулияту бенишон умр ба сар мебарад...

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотироти таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем»[1].

Дар асару мақола, суханрониҳо ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус, дар китоби бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», консепсияи нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Ба воситаи ин консепсия шоҳроҳе муайян карда шудааст, ки шаҳрвандонамон таърих ва фарҳанги бойи хешро омӯхта, сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфиди аҷдодӣ баланд ва ғанӣ мегардонанд.

Китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11-ум дар асоси барномаи таълимӣ, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст, таълиф гардида, марҳалаи таърихи навтарини кишвар (солҳои 1946 – 2025)-ро дар бар мегирад. Китоб аз ду фасл ва даҳ боб иборат мебошад. Фасли якум хонандаро бо давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ (солҳои 1946 – 1950) ва хусусиятҳои хосси рушди Тоҷикистон дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ шинос мекунад. Фасли дуюми китоб ба давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин фасл масъалаҳои зерин: шароити таърихӣ ва раванди ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандӣ, сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон, гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, афзудани нуфузи фарҳанг дар тарбияи шаҳрвандон, робитаҳо бо тоҷикони берунмарзӣ, инчунин нақши кишвар дар ҷаҳони муосир, таҳлил ва ҷамъбаст гардиданд.

Дар охири ҳар боб баъзе сарчашмаҳо, намунаҳои тестӣ (санҷишӣ) ва саволу супоришҳо оварда шудаанд.

Хонандагони муҳтарам бояд бидонанд, ки таърихи қарни XX-и халқи тоҷик гуногунранг буда, баъзе саҳифаҳои он то ҳанӯз дуруст таҳлил ва таҳқиқ нашуда, камбудиҳои ҷиддии дар ҷомеа рухдода таҳлили амиқи худро наёфтаанд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми таълим ба масъалаҳои зерин диққати махсус додан лозим аст: сабақҳои таърихии ҷазодиҳиҳои сиёсии солҳои 30-юм ва баъди ҷанг; сабабҳои солҳои тулонӣ дар Тоҷикистон рушд накардани саноати вазнин; диққати лозим надодан ба ободии мавзеъҳои кӯҳистон; дар сохтмон, шаҳрсозӣ самаранок истифода нашудани тарзи меъмории миллӣ (хусусан, наққошӣ, кандакорӣ); дар соҳаи кишоварзӣ дуруст истифода нагардидани захираҳои об ва ғайра.

Дар назди хонандагони синфи 11, инчунин вазифаҳои омӯзиши таърихи давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодаанд. Донистани масъалаҳои назариявӣ ва амалии таърихи муосири кишвар ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имкон медиҳад, ки сатҳи дониши таърихии худро боз ҳам такмил ва қобилияти сухандониву суханрониашонро сайқал диҳанд.

Барои ҳаматарафа донистани таърихи навини хеш ба хонанда тавсия карда мешавад, ки ба омӯхтани сарчашмаҳо диққати махсус дода, бо ҷойҳои таърихӣ, сохтмонҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шавад; аз матбуоти даврӣ ва барномаҳои радио ва телевизион низ самаранок истифода барад.

Умедворем, ки китоби дарсии пешниҳодшуда дар васеъ намудани андешаву ҷаҳонбинӣ, инкишофи зеҳнии хонандагон саҳми назаррас гузошта, ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳоро тақвият мебахшад.

Реклама