1. ВАЗЪИ БУҲРОНӢ ДАР ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГӢ

Ҳарчанд дар солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80-уми асри ХХ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ИҶШС пешравиҳо ба амал омада бошанд ҳам, аммо равандҳои манфиву камбудиҳои ҷиддии дар мамлакат рухдода, онро ба ҳолати «карахтӣ» ё айёми «рукуд» оварда расонд. Бояд тазаккур дод, ки бештари зуҳуроти манфӣ на аз сохтори сиёсии мамлакат, балки аз тарзи идоракунӣ бармеомад.

Чӣ тавре ки маълум аст, мувофиқи моддаи 6-уми Конститутсияи ИҶШС Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ ядрои сиёсӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, дар марҳалаи таърихии омӯхташаванда сохтори идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифта, дар услуби идоракунии он камбудиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд: дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо риоя накардан ба усулҳои демократии гуногунандешӣ ва ошкорбаёнӣ; рушд ёфтани зуҳуроти аҳкомпарастӣ ва шахспарастӣ дар кори ғоявии ҳизб; аз марказ муайян гардидани шумораи ба сафи ҳизб дохилшавандагон ва фоизи ҷинсии он; ба сабаби он ки ба вазифаҳои баланди ҳизбӣ, давлатӣ ва хоҷагӣ, асосан, аъзои ҳизб пешбарӣ мешуданд, бо ҳар роҳ ба ҳизб дохил шудани шахсони белаёқати мансабпараст; мувофиқат накардани ҷазо ба ҳизбиёни қонуниятҳои сотсиалистиро вайронкарда (гунаҳкорон ба ҷазои ҳизбӣ маҳдуд мегардиданд ё ба дигар кор гузаронида мешуданд). Ҳамаи ин камбудиву каҷравиҳо ба сохтори сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонданд.

Дар кори роҳбарии ҳизб аз болои ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ба камбудиҳо роҳ дода шуда, мустақилии онҳо ба назар гирифта намешуд. Чунончи, танҳо баъди дар КМ ҲК Тоҷикистон маъқул донистани рӯзномаи пленуми КМ ЛКСМ-и ҷумҳурӣ, он метавонист баргузор гардад. Дар натиҷаи чунин каҷравиҳо, мустақилӣ ва фаъолнокии созмонҳои ҷамъиятӣ торафт паст шуда, роҳбарии ҳизбӣ ба онҳо пайваста меафзуд.

Сол то сол ҳаёти сиёсии мамлакат ба буҳрони умумӣ дучор гардида, дар он мушкилоти амиқу ҷиддӣ пухта мерасид. Сабаби асосӣ, пеш аз ҳама, дар сохтори амалкунандаи маъмурии идоракунии давлатӣ, яккаҳизбиву яккаидеологӣ, принсипҳои синфият ва ҳизбият буд. Дар ИҶШС масъалаҳои муҳимтарини ҳизбӣ, давлатию ҷамъиятӣ бо роҳи ғайридемократӣ ҳалли худро ёфта, дар ҷомеа амал намудани гуногунандешӣ ғайриимкон буд. Тарзи идоракунии ташаккулёфтаи давлатӣ камбудӣ ва норасоиҳои миқёсан бузургро, ки ба инкишофи устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат садди роҳ мегардиданд, ошкор сохт. Шароити нави таърихӣ ба рушди ниҳодҳои демократии ҷомеа такон дода, таваҷҷуҳи шаҳрвандонро нисбати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти дохилию хориҷии мамлакат зиёд намуд. Натиҷаи он ташкилёбии даҳҳо иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ, созмону ҳизбҳои гуногуни нав, ки манфиатҳои табақаҳои алоҳидаи ҷамъиятиро ифода намуда, торафт фаъолияти зидди Ҳизби коммунистиашонро афзуну пурқувват менамуданд, гардид.

Дар сиёсати хориҷӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ рух доданд, ки ба обрӯйи Иттиҳоди Шуравӣ таъсири манфӣ расонданд: якум, дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон эътибори ИҶШС-ро дар арсаи байналмилалӣ торафт паст менамуд; дуюм, мусобиқаи иқтисодӣ, илмӣ-техникии ИҶШС бо Ғарб ба нокомиҳо оварда, торафт ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакатро муташанниҷ мегардонид. Дар мамлакат гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ талаби пухтарасидаи замон гардид.

Дар бахши фарҳангу маънавиёт ва корҳои тарбиявӣ низ душворӣ, камбудиҳо ва маҳдудиятҳои ҷиддӣ зуҳур карданд: бюрократизм, расмиятчигӣ нисбат ба фаъолияти ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мушоҳида карда мешуд; бе иҷозати марказ дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷии дуру наздик сафар карда наметавонистанд; баъзан гирифтани иҷозатнома барои сафари гурӯҳҳои ҳунарӣ на ин ки моҳҳо, балки солҳо тул мекашид: дар ҷумҳурӣ ҷинояткорӣ, ришвахӯрӣ, қаллобӣ, маҳалгароӣ, бадмастӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, тороҷи молу мулки давлату хоҷагии кооперативӣ-колхозӣ авҷ гирифтанд. Туфайли истиқрори усулҳои демократӣ дар ҳаёти ҷамъияту давлатии мамлакат тадриҷан маҳдудиятҳои мавҷудаи соҳаи фарҳанг низ аз байн бурда мешуданд. Бойгониву китобхонаҳое, ки дар хазинаҳои онҳо баъзе мавод ва нашрияҳо бо муҳри комилан махфӣ маҳфуз буданд, дари худро ба муҳаққиқону хонандагон боз намуданд.

Яке аз қадамҳои устувор дар ҷодаи пурқувватгардонии бахши фарҳангу тарбия дар охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани ҳаракат роҷеъ ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мебошад. Намояндагони фаъоли он тайи моҳҳои январ – июли соли 1989 тавассути ВАО – рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион мавқеи худро роҷеъ ба масъалаи забони тоҷикӣ ва анъанаҳои миллӣ баён мекарданд. Инчунин бо ин мақсад 22-юми феврали соли 1989 дар ш. Душанбе гирдиҳамоии серодами шаҳрвандон барпо гардида буд. Гирдиҳамомадагон талаб мекарданд, ки дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Дар натиҷа 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул намуд, ки мувофиқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Дар партави қонуни мазкур 14-уми октябри соли 1989 Анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) барпо шуда, раиси он Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интихоб гардид.

Ҳамин тавр, бидуни муваффақиятҳои дар нимаи охири солҳои 70-ум – ибтидои 80-ум ба даст овардашуда, ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангии ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон ба буҳрон кашида шуд. Дар ҷомеа неруҳои демократӣ фаъол гардида, зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсиву соҳаи фарҳанг ногузир шуд.

Реклама