Сарфи назар аз душвориҳои давраи гузариш, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклу усулҳои баланд бардоштани мақоми шахс ва ҳавасмандии он пайдо гардидаанд. Аз ҷумла, кормандони соҳаи илму фарҳанг, пешқадамони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мунтазам бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо сарфароз мегарданд. Туфайли муайян шудани ҷоизаҳои ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ сафи эҷодкорон, хусусан, аз ҳисоби ҷавонон, сол то сол меафзояд. Аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд намудани шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани онҳо мебошад.
Хурсандибахш аст, ки чунин ҳавасмандӣ ба синну сол вобаста набуда, пеш аз ҳама, ба натиҷаи кори илмию эҷодӣ ва меҳнати пурсамари шахс вобаста аст. Бинобар ин, ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, бахусус, илму фарҳанг, барои меҳнати пурсамар ва корҳои илмию эҷодиашон соҳиби унвонҳои «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва дигар унвони фахрӣ мегарданд.
Таъсис дода шудани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» шаҳодати тантанаи соҳибистиқлолии кишвар буда, дорои аҳаммияти таърихӣ аст. Ин унвон то ҳол ба шахсоне дода шудааст, ки хидмати онҳо дар назди халқи тоҷик, таъсис ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст. Ба ин унвони олӣ Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур мушарраф гардидаанд.
САДРИДДИН АЙНӢ
Барои хидматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлоли Тоҷикистон, рушди тамаддун ва худшиносии миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми сентябри соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро, дар оилаи деҳқон таваллуд ёфта, 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Ӯ асосгузори адабиёти давраи навини тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои осори илмиаш Садриддин Айнӣ соҳиби унвони доктори илми филология, академик ва Ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
С. Айнӣ дар назму наср асарҳои пурмазмунро офарид, ки дар шакли «Куллиёт» ва мунтахаботи шашҷилда ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ чоп шудаанд. Ӯ як силсила асарҳои таърихӣ навиштааст. Аз ҷумла, дар асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ» ва чанде дигар таърихи халқамон холисона инъикос ёфтааст. Инчунин туфайли нашри очерку рисолаҳои бахшида ба Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Восифӣ, Саъдӣ, Бедил, хусусан бо чопи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ба ҷаҳониён исбот кард, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим арзи вуҷуд дошта, дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми хоссае дорад.
Ҳамин тавр, дар шароити мураккаби солҳои 20–30-юми қарни бист С. Айнӣ дар пойдориву рушди забони тоҷикӣ, фарҳанги миллӣ, дар ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи сазовор гузоштааст.
БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 1997 барои хидматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлоли Тоҷикистон, рушди тамаддун ва худшиносии миллӣ ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Академик Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд, дар оилаи коргари роҳи оҳан таваллуд ёфта, 12-уми июли соли 1977 аз олам чашм пӯшидааст. Дар ташаккули Бобоҷон Ғафуров чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, башардӯст, олими сатҳи ҷаҳонӣ модари маърифатпарвари ӯ, шоираи ширинкалом Розия Озод нақши босазо гузоштааст.
Бобоҷон Ғафуров дар тули ҳаёти худ дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва давлатӣ бомуваффақият кор кардааст. Ӯ солҳои 1946 – 1956 вазифаи котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Фаъолияти илмию эҷодии Бобоҷон Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ оид ба масъалаи мавҷудияти халқи тоҷик дар баробари дигар қавму халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби пантуркистон зери суол қарор гирифта буд. Бинобар ин фарзанди фарзонаи миллат ба хотири исботи ҳақиқати таърихӣ тасмим гирифт, ки дар асоси сарчашмаҳои инкорнашаванда мақоми халқи хешро дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок намояд. Ҳанӯз дар солҳои 30-юм Б. Ғафуров ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шуруъ намуда, соли 1941 дар мавзуи «Таърихи фирқаи исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ ва 25-уми феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзуи «Таърихи халқи тоҷик» бомуваффақият ҳимоя кардааст.
Яке аз хидматҳои бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм аз он иборат аст, ки вай консепсияи методологӣ ва назариявии таърихро дар мисоли таърихи халқи тоҷик кор карда баромад.
Ӯ соҳиби қариб 400 асару мақола доир ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Танҳо барои навиштани шоҳасари «Тоҷикон» беш аз 30 соли умрашро бахшид ва асаре офарид, ки он яке аз китобҳои беҳтарини аср шинохта шудааст. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Карочӣ, Варшава бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Барои фаъолияти баланди илмӣ чандин донишгоҳ ва академияҳои хориҷӣ ба ӯ унвони доктори фахрӣ дода, узви академия интихоб кардаанд. Аз ҷумла ӯ доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон (1973), Донишгоҳи Олигархи Ҳиндустон (1970) ва узви хориҷии Академияи илм ва санъати Босния ва Ҳерсоговина (с. 1973) интихоб гардидааст.
Фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров гуногунҷанба буда, ӯ дар солҳои 60-70-ум доир ба таърихи қадим, таърихи асримиёнаи Шарқ, масъалаҳои ҳаракатҳои миллию озодихоҳии халқҳо ва сиёсати байналмилалии ИҶШС як силсила асарҳо таълиф намудааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар вазифаи директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (1956–1977) кор карда, ба омӯхтан ва интишори таърихи мамлакатҳои Шарқ диққати махсус додааст. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забонҳои англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳимми таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров мактаби бузург ва эътирофшудаи шарқшиносонро асос гузошт. Туфайли фаъолияти илмию ҷамъиятии ӯ миёни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва хусусан, мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратию фарҳангӣ ба амал омаданд.
Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷике буд, ки ӯро дар миқёси ҷаҳон ва Шарқ хуб мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 оромгоҳи Б. Ғафуровро дар шаҳри Душанбе зиёрат карда, чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Шарқ мебошад».
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА САРФАРОЗ ГАРДОНИДАНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО УНВОНИ ОЛИИ «ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хидмати содиқона ба халқ бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов.
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999, №923.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Падар ва модар фарзандони худ, аз ҷумла, Эмомалиро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан, инсондӯстӣ ва хоксорӣ тарбия кардаанд.
Фаъолияти меҳнатиро Эмомалӣ Раҳмон соли 1971 ба ҳайси устои барқи корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа сар карда, сипас, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи баҳрӣ даъват шуда, хизматро дар Шарқи Дур ба итмом расонидааст. Баъди бозгашт дар совхози ба номи Ленин ба кор даромада, соли 1982 шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти меҳнатиро Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи коргар оғоз карда, раиси иттифоқи касабаи совхози ба номи Ленин, сипас, директори он шуда кор кард. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Эмомалӣ Раҳмон бо пирӯзиаш дар интихобот ва вакили Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуданаш бештар гардид.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба вазифаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд.
Аз минбари ҳамон иҷлосияи таърихӣ ӯ савганд ёд карда буд, ки тамоми қувваи худро баҳри хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳ, ваҳдат ва ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо дареғ намедорад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи додааш вафо кард.
Таҳти сарварии ӯ дар ҷумҳуриамон ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ татбиқ гардида, обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сол то сол баланд шуда истодааст.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва ваҳдат мусоидат мекунанд. Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, тафаккури нав оид ба сиёсати байналхалқӣ дар нутқҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар форумҳои байналмилалӣ баён ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат ва сиёсатмадори варзида тавонист Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ намуда, обрӯйи кишварро боз ҳам баланд бардорад, то ки Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳҳои ҳалли мушкили асосии Тоҷикистон дар қарни XXI дар асарҳои пурмуҳтавои ӯ: «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» хеле мушаххас баён ёфтаанд. Дар фасли «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», масъалаҳои методологӣ ва назариявии таърихи халқи тоҷик таҳлил гардидаанд, ки омӯзиши он дар худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар кумаки амалӣ мерасонад.
Санаи 9-уми декабри соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қонун қабул намуданд.
Хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ низ қадршиносӣ гардидаанд. Дар ин бора узви фахрӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиб интихоб шудани ӯ шаҳодат медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоён дар роҳи таҳкими сулҳ ва саҳми арзанда дар пешрафти илм бо ситораи тилоии Алберт Швейсер мукофотонида шудааст.
Корпуси Байналмилалии сулҳ соли 2000-ум саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ ба назар гирифта, ӯро бо Ҷоизаи байналмилалии Сулҳ мушарраф гардонид.
МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 майи соли 2001 омадааст: «Барои хидматҳои бузург ва матонат дар бунёди пояҳои Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи адабиёт, фарҳанг ва тарғиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба фарзанди шарафманди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад».
Мирзо Турсунзода 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор таваллуд ёфта, 24 сентябри соли 1977 вафот кардааст. Ӯ пас аз хатми дорулмуаллимини Тошканд (с. 1930) дар вазифаҳои гуногун – рӯзноманигор, мутасаддии соҳаи адабиёту санъати ҷумҳурӣ кор карда, солҳои тулонӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва ҷамъиятии ӯ борҳо қадр шудааст. Соли 1961 Мирзо Турсунзода «Шоири халқии Тоҷикистон» ва соли 1967 ба унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» мушарраф гардид. Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии Академияи илмҳои Тоҷикистон (с. 1951) узви ҳақиқии он буд.
Мирзо Турсунзода барои эҷодиёти пурмаҳсули худ бо ҷоизаҳои гуногун: Мукофоти давлатии ИҶШС (с. 1948), Мукофоти Ленинӣ (с. 1960), барандаи Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (с. 1963), Мукофоти байналмилалии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (с. 1968) ноил гардидааст.Академик Мирзо Турсунзода чун ходими ҷамъиятӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, инчунин, дар миқёси байналмилалӣ низ машҳур гардида, муборизи ҳақиқии роҳи сулҳ, ҳаёти осоишта ва дӯстии байни халқҳои ҷаҳон буд.
Мирзо Турсунзода мисли устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин халқи сарзамини Осиёи Миёна буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Ӯ дар вақти сафарҳои сершумораш ба ҳайси раиси Кумитаи шуравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо бо ифтихор худро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ менамуд. Ба шарофати фаъолияти бевоситаи устодон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров Тоҷикистонро, хусусан, дар Осиёю ва Африқо хеле хуб мешинохтанд.
Эҷодиёти Мирзо Турсунзода гуногунрангу пурмазмун буда, шеъру достон, драма ва мақолаҳои публитсистию илмиаш мардумро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги баланди умумӣ ва сиёсӣ тарбия мекунанд. Аз рӯйи асарҳои ӯ филмҳои бадеии «Ҳасани аробакаш», «Бо амри дил», «Субҳи Ганг» ба навор гирифта шудаанд.
Осори Мирзо Турсунзода, ки дар «Куллиёт»-и чорҷилдааш (солҳои 1971–1985) нашр шудаанд, мавзуъҳои гуногунро дар бар мегиранд. Масалан, дар васфи занону духтарони тоҷик шеърҳои «Бӯйи гул ояд аз ӯ», «Зан посбони оташ аст», «Дарди ман боло гирифт»-о навишта, симои зани озоди тоҷикро тасвир кардааст.
Роҳи пурбаракати тайкардаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, хусусан насли нав рас, ибратбахш мебошад. Онҳо имрӯз метавонанд мисли устод саҳми арзандаи худро дар пешрафти Тоҷикистони азизи худ гузоранд.
Соли 2011 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзодаро бо тантанаи бузург ҷашн гирифтанд.
НУСРАТУЛЛО МАХСУМ (ЛУТФУЛЛОЕВ НУСРАТУЛЛО)
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми июни соли 2006 оварда шудааст: «Барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хидматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло) унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад».
Нусратулло Махсум 1-уми июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Кизии ноҳияи Рашт (Ғарм)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Барои беҳтар намудани ҳаёти иқтисодии хонаводагӣ ва шинос шудан бо вазъи иҷтимоию сиёсии дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна чун коргар дар яке аз корхонаҳои Хӯқанд аз соли 1895 то 1906 кор мекунад. Барои дар ҳаракати коргарӣ иштирок карданаш аз кор ронда мешавад. Ӯ ба зодгоҳаш баргашта, то сарнагун шудани Аморати Бухоро (с.1920) дар заминҳои сарватмандон ба деҳқонӣ машғул мешавад.
Нусратулло Махсум ҳангоми мардикорӣ бо шахсиятҳои пешқадам ва инқилобгар шинос шуда, савияи умумии сиёсиашро баланд намуда, баҳри дигаргун гардидани ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо кардани давлатдории халқи тоҷик тамоми ҳастии худро бахшид. Ӯ дар барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Солҳои 20-30-юм Нусратулло Махсум дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ: намояндаи КИМ-и Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, узви Комиссияи фавқулодаи диктатории КИМ-и ҶХШБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, Раиси Комиҷроияи вилояти Ғарм кор кард. Ӯ аввалин Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буда, солҳои 1929 – 1933 масъулияти сарварии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Нусратулло Махсум дар солҳои барои халқи тоҷик хеле мураккаб дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ фаъолият карда, барои ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтор ва баъдан Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ саҳми калон гузошт.
Ӯ чун фидоии миллат дар ҷодаи давлатдории тоҷикон, тантанаи Ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардонидани фирориёни тоҷик аз Афғонистон, ташкили муҳоҷирати деҳқонони кӯҳистон барои азхуд кардани заминҳои бекорхобидаи водиҳо, амалан озод намудани зани тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Мутаассифона, душманон муваффақиятҳои халқи тоҷикро дар роҳи эҳё ва таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, сохтмони ҷомеаи нав дида натавониста, сарварони давлат, аз ҷумла, Нусратулло Махсумро ба ҷазои сиёсӣ гирифтор карданд. Хушбахтона, ҳақиқат ғалаба кард ва номи неки бегуноҳ ҷазодидагон барқарор шуд. Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Нусратулло Махсум низ ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мушарраф гардид.
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми июни соли 2006 фарзанди бошарафи халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хидматҳои бузургаш дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳ рамони Тоҷикистон» сарфароз гардид.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршневи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Ӯ чун коргар солҳои 1914 – 1919 дар корхонаҳои Тошканд кор карда, бо шахсони пешқадами фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ шинос шуда, савияи умумӣ ва сиёсии худро баланд бардоштааст. Фаъолияти давлатии ӯ соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун корманди идораи тақсими озуқа оғоз ёфта, баъди як сол дар ҳайати Комиссияи ҳарбии сиёсӣ ба Бадахшон фиристода мешавад.
Солҳои 1921 – 1923 Шириншоҳ Шоҳтемур дар вазифаи Раиси Кумитаи инқилобӣ ва Раиси Комиссияи ҳарбии сиёсӣ кор кардааст. Солҳои 1923 – 1928 ӯ дар идораҳои баландмақоми Ҳизби Коммунис тии Туркистон кор карда, аз соли 1929 то соли 1932 вазифаи котиби дуюми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро иҷро намудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур баъди хатми Университети Коммунис- тии заҳматкашони Шарқ солҳои 1933 – 1937 вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистонро ба зимма дошт.
Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур шахси ростқавл, меҳнатдӯст, ватанпарвар буда, баҳри ободии Тоҷикистони азиз хидмати босазо намуда, дар рушди ҳаёти хоҷагӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии сокинони ҷумҳурӣ ҳиссагузор мебошад. Ӯ дар пурқувват намудани ташкилоти сиёсию ҷамъиятӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқати миллӣ саҳми калон гузоштааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам соли 1937 бо ҳукми ноҳақ чун «душмани халқ» ба қатл расонда мешавад. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемурро қадрдонӣ намуда, ӯро ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» муносиб донистанд.
Реклама