5. ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ – СИЁСӢ

Азнавсозии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ. Азбаски дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ демократияи сотсиалистӣ маҳдуд шуда буд, зарурати такмил ва инкишофи ин масъала ба миён омад. Вазъият талаб мекард, ки пеш аз ҳама, дар фаъолияти шуроҳо, ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ: ҳизб, иттифоқҳои касаба, комсомол, шуроҳои занон шакл ва усулҳои навини кор, ки ба замони осоишта мувофиқ мебошанд, истифода бурда шаванд.

Дар шароити ҷанг демократияи дохилидавлатӣ маҳдуд гардида, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ марказонида шуда буд. Вазъият талаб мекард, ки дар ин қисмат тағйирот ба амал оварда, роҳбарӣ ва афкори коллективӣ барқарор карда шавад. Дар фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ тарзи идоракунии маъмуриятчигӣ ба роҳ монда шуда, дар баъзе мавридҳо ташкилоти ҳизбӣ вазифаҳои ташкилоти шуравӣ ва хоҷагиро иваз мекарданд. Бинобар ин бояд зудтар сохтори роҳбарӣ ва тарзи демократикунонии ҷомеа ба низом медаромад. Пеш аз ҳама, кор аз такмил ва инкишофи фаъолияти Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ва шуроҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. Ҳайати шуроҳо аз ҳисоби ҷанговарони аз ҷанг баргашта пурқувват гардида, ба демократикунонии фаъолияти онҳо диққат дода шуд. Бо ин мақсад моҳи феврали соли 1947 интихоботи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ва моҳи январи соли 1948 интихоботи шуроҳои маҳаллии вакилони меҳнаткашон гузаронида шуд. Дар натиҷа шуроҳо аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам шуда, иштироки омма дар ҳалли масъалаҳои хоҷагӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ афзуд. Шумораи вакилони халқ дар шуроҳо сол то сол зиёд мешуд. Дар аввали солҳои 50-ум ба Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон 291 нафар, ба шуроҳои деҳот ва шаҳрчаҳо 908 вакил интихоб шуда, фаъолияти самаранок нишон медоданд.

Ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ. Ҳизбиён, ки солҳои ҷанг дар сафи пеш истода, бар зидди урдуи фашистӣ мубориза мебурданд, дар ҳаёти осоишта обрӯ ва эътибори боз ҳам баланд пайдо намуданд. Аз ҷанг 16235 узв ва номзад ба ҳизб баргашта, сафи ташкилоти ҳизбиро пурқувват намуданд. Дар натиҷа, соли 1948 Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз 2323 ташкилоти ибтидоӣ иборат гардида, дар ҳайати худ 31786 номзад ва аъзоёни ҳизбро муттаҳид намуд. Солҳои баъдиҷангӣ бо сарварии ташкилоти ҳизбӣ корҳои барқароркунӣ ва тарбиявию фарҳангӣ сурат гирифтанд.

Дар солҳои баъдиҷангии барқароркунии хоҷагии халқ фаъолияти ташкилотчигӣ, илмию фарҳангӣ ва тарбиявии Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, Пленуми ҳаждаҳуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (3 – 5-уми июни соли 1946) ӯро котиби якуми ҳизб интихоб намуд (солҳои 1946 – 1956). Фаъолияти ҳизбӣ ва давлатии Б. Ғ. Ғафуров гуногунҷабҳа буда, ӯ чун сарвари хирадманд тавонист баҳри зудтар барқарор кардани хоҷагии халқ корҳои зеринро ба сомон расонад: ба корҳои ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намудани кадрҳои болаёқат; амалан баланд бардоштани мақоми фарҳанг; муътадилсозии муносибат бо сарварони ҳукумати иттифоқӣ, ба ҷумҳурӣ ворид намудани маблағ, техника ва технологияи нави истеҳсолӣ; кӯчонидани мардуми ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба водиҳо, азхуд кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҳамин роҳ бештар истеҳсол намудани маводди ғизоӣ, пахта, пила ва амсоли инҳо.

Бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров аз ҷумҳуриҳои бародарӣ ба кишвар беҳтарин мутахассисон, олимон, мисли А. А. Семёнов, М. С. Андреев, И. С. Брагинский, Е. Н. Павловский, А. Ю. Якубовский, Д. Е. Хайтун, Б. А. Литвинский ва садҳо омӯзгор, муҳандис, техник, духтур даъват гардида буданд, ки онҳо бо фаъолияти пурсамари худ дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

Солҳои баъдиҷангӣ нақши Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар барқароркунии иқтисодиёти мамлакат афзун шуда, ҳуқуқҳои ташкилот васеъ гардид. Бо ташкилёбии Шурои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон (моҳи сентябри соли 1948-ум 108 ҳазор узв дошт), фаъолияти он дар самти беҳтаргардонии шароити иҷтимоӣ ва маишии шаҳрвандон, афзунгардонии фарҳанги умумии мардум вусъат ёфт. Ташкилот масъалаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашонро асоси кори худ медонист. Фаъолияти Иттифоқҳои касаба, хусусан, дар гузаронидани корҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатӣ назаррас буда, тайи солҳои 1948 – 1950 маблағгузории ташкилот дар ин самт то 20 дарсад зиёд гардид.

Дар Тоҷикистони солҳои баъдиҷангӣ ҷавонон аксари аҳолиро ташкил дода, неруи муҳимми пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб мерафтанд. Аз ин сабаб, ҷалби ҷавонон ба кори пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле масъалаи муҳим ба шумор мерафт. Инро ба назар гирифта, Анҷуманҳои VII (с. 1946), VIII (с. 1949), IX (с. 1950)-и Комсомоли Тоҷикистон вазифаҳои ҷавононро дар кори тарбиявӣ ва истеҳсолӣ муайян намуданд. Зери партави қарорҳои анҷуманҳо дар солҳои панҷсолаи чорум ҷавонон ва комсомолони ҷумҳурӣ дар барқароркунию инкишофи минбаъдаи хоҷагии халқ фаъолона иштирок намуда, дар бунёди корхонаҳо, колхозу совхозҳои нав, азхуд намудани заминҳои бекорхобида, сохтани шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро намудани нақшаҳои меҳнатиашон саҳм гузоштанд. Танҳо соли 1948 бештар аз 4 ҳазор нафар комсомол ва коргари ҷавони корхонаҳои ҷумҳурӣ нақшаи истеҳсолии солонаро пеш аз муҳлат иҷро карданд. Бештар аз 200 нафар комсомол ба ҳисоби соли 1951 маҳсулот мебароварданд. Навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар байни ҷавонон вусъат ёфт.

Занони Тоҷикистон низ дар солҳои баъдиҷангӣ дар барқароркунии хоҷагии халқ саҳми худро гузоштанд. Онҳо мисли солҳои ҷанг дар саноат ва хусусан, дар саҳроҳои колхозӣ қувваи асосиро ташкил медоданд. Фаъолияти ҷамъиятӣ ва меҳнатии занон ба пешрафти ҷомеа таъсири калон мерасонид. Бинобар ин дар назди ташкилоти ҳизбӣ шуъбаҳои занон таъсис дода шуданд, ки онҳо бевосита ба ҳаракати занон роҳбарӣ мекарданд. Инчунин дар назди КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва кумитаҳои комсомолӣ комиссияҳои махсус таъсис дода шуданд, ки онҳо дар байни духтарон кори пурсамари тарбиявӣ мебурданд. Дар натиҷаи пурзӯр гардидани кори тарбиявӣ мавқеи ҷамъиятии занон дар солҳои баъдиҷангӣ устувор гардид. Дар натиҷа, 9 нафар занони ҷумҳурӣ дар ҳайати Шурои Олии ИҶШС, 86 нафар дар ҳайати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, 700 нафари онҳо дар ҳайати шуроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва 2870 нафар дар ҳайати шуроҳои деҳот фаъолият мекарданд.

Ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги умумии шаҳрвандон воситаҳои ахбор ва дигар воситаҳои таблиғотиро самарабахш истифода мекарданд. Соли 1948 ҷамъияти «Дониш»-и ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт, ки он дар якҷоягӣ бо ташкилоти сиёсӣ ва оммавӣ дар байни шаҳрвандон кори самараноки ғоявӣ-сиёсӣ бурда, донишҳои илмию техникӣ ва сиёсиро таблиғ мекард. Нотиқон ва таблиғгарони ҷамъиятӣ дар коллективҳои меҳнатӣ мунтазам аз рӯйи мавзуъҳои рӯзмарраю муҳим суханронӣ намуда, саҳми худро дар фаҳмондадиҳии вазъи дохилии мамлакат ва ҳаёти байналмилалӣ мегузоштанд.

Маълум аст, ки дар ҷоннок намудани кори тарбиявӣ ва баланд гардидани сатҳи дониши сиёсии мардуми кишвар нақши матбуоти даврӣ назаррас аст. Бинобар ин соли 1945 дар ҷумҳурӣ нашри рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Сталинская молодёжь» ва «Пионери Тоҷикистон» ба роҳ монда шуд. Фаъолияти маҷалла, рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар таблиғи корнамоиҳои меҳнатии заҳматкашони кишвар, натиҷаҳои мусобиқаҳои сотсиалистӣ дар коллективҳои меҳнатӣ, таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ пурқувват гардид.

15-уми ноябри соли 1946 бори аввал Гимни ҶШС Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков) садо дод.

То ин вақт танҳо Гимни Иттиҳоди Шуравӣ шунавонида мешуд.

Ҳамин тариқ, баробари ба итмом расидани ҷанг вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Дар мамлакат фаъолияти ҳизбу шуроҳо ва ташкилоти ҷамъиятиву сиёсӣ аз сари нав ҷоннок гардида, ҷумҳурӣ самти созандагиву бунёдкориро пеш гирифт.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Баъд аз ҷанг дар вазъи байналмилалӣ чӣ гуна тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад?
  2. Солҳои азнавбарқароркунӣ дар Тоҷикистон кадом корхонаҳои нав ба кор даромаданд?
  3. Кай дар мамлакат тартиби карточкагӣ ба молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ бекор ва ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд?
  4. Дар Тоҷикистон кадом ташкилоти сиёсию ҷамъиятӣ амал мекарданд?

Мавзуъҳо барои навиштани реферат:

  • Ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон дар солҳои азнавбарқароркунии хоҷагии халқ.
  • Фарҳанги халқи тоҷик ва мақоми он дар солҳои барқароркунии хоҷагии халқ.
  • Таъсисёбии ташкилоти байналмилалии демократии оммавӣ дар солҳои баъдиҷангӣ.
  • Ташаккул ёфтани сохтори ҷаҳонии сотсиалистӣ.
  • Академик Б. Ғ. Ғафуров – арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

Реклама