3. ШАРОИТИ ТАЪРИХИИ ТАШКИЛЁБИИ ҶУМҲУРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои он соҳибистиқлол гардиданд. Тоҷикистон то ташкилёбии ҷумҳурии соҳибистиқлол дорои заминаи мустаҳками иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буд. Вазъи моддӣ ва маънавии шаҳрвандон низ хуб буд. Аҳолии ҷумҳурӣ босавод ва дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанг олимони забардаст, духтурону муҳандисони соҳитаҷриба дошт. Захираҳои фаровони табиӣ, тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, пахтакорӣ, самтҳои гуногуни саноат барои боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии халқ заминаи хуб ба шумор мерафтанд. Вале охири солҳои 80 – ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омада, вазъи иҷтимоию иқтисодиро тоқатфарсо намуд. Хусусияти хосси марҳалаи таърихии мазкур дар он буд, ки: робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳо вайрон ва гусаста гардиданд; норасоии захираҳои молиявию моддӣ бармало эҳсос мешуд; истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ дар арафаи таваққуфи пурра қарор дошт; соҳаи кишоварзӣ низ ба буҳрон печида буд.

Дар ибтидои солҳои 90-ум сатҳи истеҳсолот якбора паст гардида, таъсири манфии худро ба дараҷаи некуаҳолии шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонид ва яке аз сабабҳои асосии коҳишёбии назарраси вазъи иҷтимоии мамлакат шуд. Соли 1990 даромади миллӣ 98,2 дарсадро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 1985 (102,2 дарсад) коҳиш ёфта буд. Чунин зуҳуроти манфӣ, мисли вайрон карда шудани интизоми меҳнат, афзунгардии шумораи коршиканиҳо, тез-тез ҷойивазкунии кадрҳо дида мешуд. Алалхусус, вазъи деҳоти ҷумҳурӣ, ки қисми асосии аҳолӣ дар он ҷо ҳаёт ва фаъолияти меҳнатӣ мебурданд, басо мураккаб гардида, бо кор фаро гирифтани аксари мардум ғайриимкон шуда буд. Дар натиҷа вазъи иқтисодии аҳолӣ якбора ба пастӣ рафта, шумораи бекорон дар байни аҳолӣ ба таври назаррас афзоиш меёфт ва ба пайваста афзунгардии камбизоатии аксарияти мутлақи шаҳрвандон таҳдид менамуд. Хусусан, дар ҷумҳурӣ маводди мавриди ниёзи мардум рӯз то рӯз кам шуда, бо сабаби аз кор мондани корхонаҳои хурду калони саноатӣ торафт нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ боло рафт. Дар мамлакат раванди ғайридавлатӣ гардондани сарвати халқ пурқувват шуда, дар рафти татбиқи он камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода шуданд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ низ нисбати сарвати халқ беэътиноӣ зоҳир намуда, хусусан, молу мулки объектҳои калони саноатиро ҳифз накард, дар натиҷа онҳоро ғорат намуданд.

Ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷумҳурӣ низ хеле муташанниҷ гардида, коҳиш меёфт. Татбиқи пурраи худро наёфтани ислоҳоти иқтисодӣ ба қутбгароии ҷомеа оварда расонид. Дар партави тадбирҳои аз боло демократикунонии ҷомеа, сиёсати бозсозӣ ва тафаккури нав, фаъолнокии сиёсии аҳолӣ рӯз то рӯз афзун мегардид. Аз як тараф, буҳрони иқтисодӣ, аз тарафи дигар, ислоҳоти сиёсӣ боиси зуҳурёбии муносибати манфӣ ба низоми мавҷуда, дур шудан аз арзишҳои қаблӣ ва баъзан комилан рад кардани музаффариятҳои марҳалаи таърихии сотсиалистии халқи тоҷик гардид. Қувваҳои марказгурез пурқувват ва мубориза барои истиқлоли давлативу эҳёи анъанаҳои миллӣ афзун шуд. Майл ва таваҷҷуҳ ба ниҳодҳои динӣ, тамоюл ба исломи сиёсӣ ва фарҳанги гузашта бо орзуҳо барои расидан ба истиқлоли миллӣ, эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ, тақвияти нақши забони миллӣ ва мақоми забони давлатӣ гирифтани он, омезиш ёфт. Алалхусус, ба ташаккул ва фаъолияти иттиҳодияҳои нав, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби Шурои Олии ҷумҳурӣ санаи 12-уми декабри соли 1990 қабул гардидани қарор «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон» сабаб гардида, ба қонунигардонии фаъолияти ин гуна ташкилот замина гузошт. Азбаски ҳадафи онҳо ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ; гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ; мубориза барои арзишҳое, ки диққати аксарияти шаҳрвандони ҷумҳуриро ба худ ҷалб мекарданд буд, дар ин росто ҳизбҳо ва ҷунбишҳои нав зуд дар байни омма эътимод ва нуфуз пайдо карданд. Ҳамзамон, Ҳизби коммунист неру ва нуфузи пешинаи худро аз даст медод.

Мавриди зикр аст, ки баъзе аз иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои навташаккулёфта, ки дар оғози фаъолият манфиатҳои ҷамъиятиро ифода карда бошанд, бо мурури замон инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳӣ, маҳаллӣ гардиданд. Сабаб, пеш аз ҳама дар: якум, вуҷуд надоштани иқтисодиёти ягонаи миллӣ, ки дар натиҷаи он сатҳи иқтисодии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягона набуд; дуюм, қавӣ набудани маънавиёти муттаҳидсозандаи миллат буд.

Ташкил ёфтани гурӯҳҳо ва маҳфилҳои сиёсии сершумор дар пойтахт ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъияти ҷамъиятию сиёсиро боз ҳам мураккаб карданд.

Дар зинаи аввали ташаккули афкор ва ақидаҳои мухталифи сиёсӣ нақши муайянеро маҳфили «Рӯ ба рӯ» (1989) бозида буд, ки ҳадафаш то ҳадди имкон гузаронидани тағйироти хос дар сатҳи шуури фардӣ ва мафкураи шаҳрвандон, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва малакаи сиёсии ҷомеа буд. Вобаста ба омилҳои объективию субъективӣ моҳи январи соли 1990 маҳфил фаъолияти худро қатъ кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ фаъолнокии созмонҳои «Растохез», «Дирафши Ковиён», «Ошкоро», «Ҳамдилон», «Эҳёи Хуҷанд», «Бохтар», «Суғдиён», «Пайванд», «Куруши Кабир», «Зарафшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон» дида мешуд. Мутаассифона, созмону маҳфилҳо таҷрибаи кофии бурдани муборизаи сиёсиро надоштанд. Неруҳои мухолиф натавонистанд бесарусомонӣ ва нооромиҳоро дар кишвар пешгирӣ кунанд. Азбаски барои беҳбудии ҷомеа ғояи созандае пешниҳод накарданд, тадриҷан мавқеи онҳо дар байни аҳолӣ тағйир ёфт.

Неруҳои мухолиф бо амалҳои харобиовари худ тақсимоти ҷомеа, афзунгардии муқовимати гурӯҳҳои мухталиф, алалхусус, минтақавӣ, сиёсӣ ва мазҳабиро шиддат бахшиданд.

Ҳамзамон, сатҳи фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, ки дар шароити сохтори яккаҳизбӣ ташаккул ёфта буд, дар зинаи паст қарор дошт. Бинобар ин, дар аввал, хусусан, ҷавонон, роҳҳои муборизаи сиёсиро дуруст нафаҳмида, ба корҳои ношоям даст мезаданд.

Муборизаи сиёсии байни ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои алоҳида барои ҳокимияту мансаб ва доираи таъсир, ки дар ибтидои солҳои 90-ум асри ХХ оғоз ёфта буд, ба бесарусомониҳо ва хунрезии санаи 12-14-уми феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе оварда расонид. Баҳонаи сар задани он аз тарафи як гурӯҳи тундгароён овозае, ки гӯё роҳбарияти ҷумҳурӣ ба гурезаҳои армание, ки аз Боку омадаанд, хонаҳои навбунёди пойтахтро тақдим карда бошад, гардид. Мавриди зикр аст, ки масъалаи манзил дар Тоҷикистони ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба як мушкилии ҳалнашаванда табдил ёфта буд. Аз сабаби зиёд будани шумораи аҳолии Душанбе ва канораҳои он, паст будани иқтидори сохтмонии шаҳрдории пойтахт мардум даҳҳо сол барои гирифтани манзил дар навбат меистоданд. Дар айни ҳол мутахассисони таклифгаргирдида бе навбат бо хонаҳо таъмин мегардиданд, ки ин ҳолат норозигии аҳолии шаҳрро афзун мегардонид. Маҳз, пеш аз ҳама, муаммоҳои ҳалногардидаи соҳаи иҷтимоии кишвар ихтилофи шадидро дар ҷомеа зуҳур намуда, ба шуруъ гардидани амалиёти зидди ҳукуматии неруҳои мухолиф дастак шуд.

Сарварони ошӯбгар гирдиҳамоии бисёрнафараро (зиёда аз 30 ҳазор) ташкил дода, иборат аз 17 нафар «Кумитаи халқӣ»-ро таъсис намуданд. Онҳо талаб мекарданд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов, Ғоибназар Паллаев ва Иззатулло Ҳаёев ба истеъфо раванд. Дар рафти ин ошӯбҳо дуздӣ, ғоратгарӣ, оташ задани иморатҳо, гаравгонгирӣ, латукӯби шаҳрандон низ авҷ гирифтанд.

Ҳодисаҳои февралӣ на танҳо ноустувории режими мавҷуда, балки суқути пурраи худи сохторро возеҳ намуданд. Гирдиҳамоиҳо, гарчанде ки барои гурӯҳҳои мухолиф номуваффақ ба анҷом расид, дар асл худи баргузор шудани онҳо нишонаи паст гардидани обрӯ ва шикасти минбаъдаи ҳукумат гардид. Исломгароён ва тундгароёни «Растохез» нуфузи худро густариш ва сафҳои худро тақвият дода, роҳбарони мухолиф дар байни аҳолии ҷумҳурӣ мавқеи муайян пайдо карданд.

Баъд аз воқеаҳои нохуши моҳи феврали соли 1990 вазъ дар ҷумҳурӣ хеле тезутунд гардид. Аз як тараф, байни собиқ Ҳизби ҳукмрони коммунистӣ ва аз тарафи дигар, қувваҳои муттаҳидаи майлони рост: Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷунбиши мардумии «Растохез», Ҳизби наҳзати исломӣ,[3] созмони «Лаъли Бадахшон» ва Қозиёти ҷумҳурӣ торафт мубориза авҷ гирифта, раванди бо роҳи осоишта демократикунонии мамлакат аз байн мерафт.

Ходими давлатию ҷамъиятӣ Қаҳҳор Маҳкамов

Зикр кардан лозим аст, ки интихоби аввалин ва охирин Президенти ҶШС Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар даврони Шуравӣ тавассути парлумон баргузор гардида буд, бештар хусусияти декларативӣ дошт, на ин ки интихобӣ. Қ. Маҳкамов, ки 30-юми ноябри соли 1990 Президент интихоб гардид, наметавонист шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки дар ҷумҳурӣ баамаломадаро ба эътидол орад.

Зеро неруҳои сиёсии мухолифин ба мақоми президентӣ интихоб шудани Қаҳҳор Маҳкамовро напазируфта, хусусан, ноустувории авзои ИҶШС-ро истифода бурда, барои ноором кардани ҷомеа ва ба даст даровардани ҳокимият шадидан мубориза бурданд.

Буҳрони сиёсӣ, хусусан, бо ташкил ёфтани ду майдон – «Шаҳидон» ва «Озодӣ» дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе тезутунд гардид. Торафт шиорҳои зиддикоммунистӣ баланд садо медоданд, талаби ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов ҷиддӣ гузошта мешуд.

Бо мақсади рӯй надодани хунрезӣ Қ. Маҳкамов 31-уми августи соли 1991 ба истеъфо рафта, Қадриддин Аслонов вазифаи иҷрокунандаи президентро ба уҳда гирифт ва фармонро оид ба манъ намудани фаъолияти Ҳизби коммунистӣ интишор намуд.

Ҳамин тавр, гирдиҳамоиҳои пайдарпай, ки аз тарафи мухолифин ташкил карда шуда буданд, дар ниҳоят боиси истеъфои Қ. Маҳкамов гардид.

Омӯзиши масъалаи шароити таърихии ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хулосае меорад, ки дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки: якум, барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд; дуюм, эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти ифротгароии сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле пурқувват гардидаанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандони сустирода таҳти таъсири тамоилҳои тундгароёна ва неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, Тоҷикистонро ба изтироби низоъҳои дохиливу баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Реклама