4. ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ҶОМЕА ВА ИСЛОҲОТИ СОХТОРИ СИЁСӢ

Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ рахна задан ба фазои нави сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи шуравӣ як силсила мушкилии хурду бузургро ба миён овард, ки боиси баҳсу мунозираҳои тезутунд, задухӯрди ақидаҳо гардида, мавҷудияти гурӯҳҳои иҷтимоии манфиатҳояшон гуногунро ошкор сохт. Рӯз то рӯз шиддат гирифтани муносибатҳои байниҳамдигарии синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоии мамлакат тақозо менамуд, ки раванди демократикунонии ҷомеа тезонида ва ислоҳоти сохтори сиёсӣ ҳарчи зудтар гузаронида шавад. Дар ҳамин марҳалаи ҳассоси таърихӣ сиёсати бозсозии М. Горбачёв ба манфиати аксари мардум ҷавобгӯ гардид.

Яке аз равандҳои асосии бозсозӣ демократикунонии ҳаёти мамлакат буд, ки дар рафти он бояд: механизми боэътимоде баҳри баланд бардоштани фаъолнокии шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои давлатию ҷамъиятӣ ташаккул меёфт; ҳуқуқи инсон ҳимоя карда мешуд; ба шаҳрвандон фарҳанги сиёсии умумибашарӣ дастрас мегардид.

Дар консепсияи демократикунонии ҷомеа ошкорбаёнӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, он дар чорчӯбаи қонун амал мекард. Туфайли ошкорбаёнӣ дар коллективҳои меҳнатӣ андешаронии ҷасурона ба амал меомад. Ошкорбаёнӣ талаб менамуд, ки рӯйдодҳои ҷомеаи сотсиалистӣ ҳақиқатнигорона, холисона ва воқеъбинона инъикос шаванд. Маҳз туфайли ошкорбаёнӣ мебоист дар мамлакат муҳити нави ахлоқӣ ба вуҷуд оварда шуда, дар тамоми соҳаҳо – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ васеъ паҳн мегардид, ғубори замони рукудро рӯфта мепартофт ва ба солим гардидани фазои маънавии мамлакат мусоидат мекард. Туфайли ошкорбаёнӣ дар коллективҳои меҳнатӣ андешаронии ҷасурона на танҳо оид ба фаъолияти шахсони масъул, балки сиёсати хориҷию иқтисодии ҳизбу давлат ба амал меомад. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани гуногунандешии сотсиалистӣ оҳистаоҳиста сохтори бисёрҳизбӣ ва тамоюли худмуайянкунӣ ба вуҷуд омад. Мавҷи ошкорбаёнӣ даҳҳо иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ, худфаъолиятиро ба вуҷуд овард, ки онҳо манфиатҳои табақаҳои алоҳида ва гурӯҳҳои одамонро ифода мекарданд.

Ба андозаи истиқрор ёфтани усулҳои демократӣ: дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ маҳдудиятҳо барҳам дода шуданд; бойгониву китобхонаҳое, ки дар онҳо баъзе мавод ва нашрияҳо махфӣ нигоҳ дошта мешуданд, дари худро ба муҳаққиқону хонандагон боз намуданд; номи неки шахсоне, ки солҳои шахспарастӣ беасос ҷазои сиёсӣ дида буданд, барқарор гардид.

Рушди демократия таваҷҷуҳи одамонро нисбат ба ҳаллу фасли корҳои давлатӣ ва муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти дохилию хориҷии мамлакат зиёд намуд ва аз қалби онҳо чанги бетафовутии сиёсиро нисбати ин масъалаҳо берун кард. Дар ҷараёни бозсозӣ маълум шуд, ки сохтори ҳақиқии сиёсӣ дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ на танҳо дар чорчӯбаи қонун мувофиқат намекунад, балки ба иҷрои супоришҳо, амру фармонҳо ва дастурҳои иродавӣ равона карда шуда буданд.

Азбаски сохтори сиёсии дар ибтидои бозсозӣ баамаломада чунин камбудӣ ва норасоиҳои миқёсан бузургро ошкор сохт, ки онҳо амалан рушду тараққиёти кишварро бозмедоштанд, ислоҳоти сиёсӣ талаби пухтарасидаи замон гардид.

Мавриди зикр аст, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ва волоияти қонун дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ки туфайли он рушди дастгоҳҳои демократӣ, риояи усулҳои адолати иҷтимоӣ, таъмини озодии шахсият ва ҳуқуқи шахрванд имконпазир мегардид, яке аз умдатарин вазифаҳое буд, ки мебоист дар ҷараёни бозсозӣ ҳаллу фасл гардад. Аз ин лиҳоз, баҳри истеҳком бахшидани қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ташаккули ҳукумати халқӣ ислоҳоти васеи ҳуқуқӣ пешбинӣ карда шуд. Дар мамлакат аз тарзҳои фармонфармоии маъмурӣ даст кашида, ба сохтори нави интихобот ва аз рӯйи масъалаҳои ҳаётан муҳим райъпурсӣ (референдум) ҷорӣ гардид.

Ҳамин тавр, бозсозӣ мебоист ҷомеаи сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки садди роҳи он мешуданд, барҳам медод. Мутаассифона, нақшаҳои бозсозӣ иҷро нагардида, торафт моҳияти он тағйир меёфт: дар баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС сухан дар бораи азнавсозии сохтори сотсиалистӣ нарафта, баръакс, роҳи рушди ғайрисотсиалистӣ пеш гирифта шуд; шитобкориҳои беасос ва зери ниқоби бозсозӣ гузаронида шудани баъзе чорабиниҳо ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонида, муаммоҳои миллиро мадди назар намуд; эълони усулҳои демократӣ бештари мавридҳо на дар амал, балки дар сухан буду бас.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зуҳуроти карахтӣ дар чӣ ифода меёбад?
  2. Бозсозӣ ба мамлакат чӣ дод?

Мавзуъҳо барои навиштани реферат:

  • Сабабҳои ба амал омадани буҳрон дар мамлакат.
  • Бозсозӣ ва оқибатҳои он дар Тоҷикистон.
  • Ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон дар солҳои бозсозӣ.

Реклама