Маълум аст, ки тандурустӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат буда, дар даврони шуравӣ ба дараҷаи баланди худ расида буд, вале ҷанги шаҳрвандӣ ва тағйир ёфтани сохтори давлатӣ ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ низ таъсири худро расонд. Дар давраи гузариш, сарфи назар аз душвориҳои иқтисодӣ, техникӣ, кӯч бастани мутахассисони пуртаҷриба, камбудиҳои соҳаи тандурустӣ торафт паси сар шуда, барои рушди он то имрӯз тамоми чораҳои зарурӣ дида шудаанд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хидматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим» (с. 2023) дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (30.09.2021, №414) таҳия гардид, ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ, аз ҷумла Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (соли 2023) бомаром идома дорад, ки ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Тибқи барномаҳои мушаххаси давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир идома дорад.
Дар ҷумҳурӣ оид ба тандурустии шаҳрвандон дар самтҳои зерин тадбирҳо андешида мешаванд: таъмири табобатхонаҳои мавҷуда; бо техникаи навтарин ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ; аз кишварҳои хориҷ ворид кардани беҳтарин дорувориҳо ва дар дохили мамлакат ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо; тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳа ва ташкили раванди такмили савияи дониши онҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он; эҳё, рушд ва самаранок истифода бурдани тибби халқӣ; аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд кардани кормандони соҳаи тиб.
Бо дарназардошти он, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаро ҳамасола зиёд карда, то 3,3 миллиард сомонӣ расонидааст, ки 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин давра зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин шудаанд. Маҳз туфайли чорабиниҳои мушаххас ва маблағгузории мақсаднок ба соҳаи тандурустӣ сол то сол шумораи муассиса ва кормандони тиббӣ зиёд мегарданд. Масалан, агар соли 1990 Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ ва 52 ҳазору 800 нафар корманд дошта бошад, пас дар давраи муосир шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 4700 ва кормандон ба 78 ҳазору 800 нафар расидааст. Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводди муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.
Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад. Бо ин мақсад, агар дар соли 2020 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуда бошад, дар доираи омодагӣ барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб 2000 иншооти тандурустӣ ва дар давоми соли 2023юм 132 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (22.12. 2023 ) сохта, ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне, дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст.
Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Пайдо ва паҳн шудани бемории сироятии коронавирус барои низоми тандурустии кишвар имтиҳони ҷиддие буд, ки табибон онро паси сар карданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16000 кат омода карда шуд. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва беҳдошти сифати хидматрасонии тиббӣ боиси тадриҷан кам шудани фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиӣ аҳолии мамлакат гардидааст. Аз ин ҳисоб афзоиши табиӣ аҳолӣ мунтазам дар сатҳи 2,1 дарсад таъмин гардида, соли 2021 ба 2,4 дарсад расида буд. Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 76,3 сол баробар аст. Ҳол он ки соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард. Дар бист соли ахир нишондиҳандаи фавти умумӣ 40 дарсад, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 дарсад ва кӯдакони то 5-сола 85 дарсад кам гардид. Дар натиҷаи тадбирҳои барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ амалигардида, соли 2020 нисбат ба соли 1991 фавти кӯдакон 3 баробар ва фавти модарон 4 баробар коҳиш ёфт. Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.
Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон низ мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.
Дар марҳалаи муосир туфайли кумаки амалии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон базаи моддию техникии табобатхонаҳо ва хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ торафт беҳтар мегардад. Солҳои охир хидмати тибби оилавӣ ташкил ёфтааст, ки ҳоло дар соҳа бештар аз 500 нафар духтур ба ҳайси табиби оилавӣ кор мекунанд. Самараи кори онҳо мусбат буда, бо дастгирии идораҳои тиббии ҷумҳурӣ ва ёрии моддии созмонҳои байналмилалӣ ин шакли хидмати тиббӣ торафт инкишоф меёбад.
Чӣ тавре маълум аст, дар баланд гардидани сифати хидматрасонии тиббӣ ва дастрас гардидани он ҳалли масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ басо муҳим аст. Маҳз барои ҳамин дар давраи соҳибистиқлолӣ 33 ҳазор нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва беш аз 158 ҳазор нафар коллеҷҳои тиббиро хатм карда, сафи табибон ва корманди миёнаи тибро афзун гардонидаанд.
Дар ҷумҳурӣ дар қатори табибони ботаҷриба як зумра олимон, духтурони соҳаи саломатии мардум ба камол расидаанд, ки номи онҳо дар арсаи байналмилалӣ маълум ва машҳур аст. Дар ин соҳа саҳми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон калон аст. Дар донишгоҳ устодон, докторони илми тиб, профессорон: Н. У. Усмонов, У. Ю. Сироҷиддинова, Ф. А. Абдураҳмонов, Н. Ҳ. Ҳомидов, К. М. Қурбонов, Ҷ. Р. Сангинов ва дигарон ба донишҷӯён дарс гуфта, ҳамзамон, дар табобатхонаҳо ба беморон шифо мебахшанд.
Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки гарави пешрафту муваффақиятҳои ҷомеа мебошад, чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муайян гардидааст. Тайи сӣ соли охир ҷиҳати беҳтар намудан ва такмили сохтори тандурустӣ, самаранокии фаъолияти солими сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнии соҳаву инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ рушд меёбад. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳа садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ, дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шудаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама