Дар асри нав бе пешрафти илм дар ҳаёти иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз масъалаи рушди соҳаи илм ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» (24.12.2022) вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонда, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намуда истодааст. Дар ин замина, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (01.01.2023) тасдиқ гардид, ки тартиби ташкил ва баргузории озмуни лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии замонавӣ, грантӣ ва барномавии мақсаднокро танзим менамояд. Зикр кардан бомаврид аст, ки дар солҳои 2015 – 2025 ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.
Дар марҳалаи омӯхташаванда барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ва соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки назар ба соли 2023 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳукумат дар бештар аз сӣ соли истиқлол баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои статегии кишвар чораҳои мушаххасро доир ба инкишофи илми ватанӣ ҷуста, аз як тараф, ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табииву техникӣ наврасону ҷавононро ҷалб намуда, мақсади аз байни онҳо ба воя расонидани истеъдодҳои нодирро амалӣ мегардонад, аз тарафи дигар, бо дастгириву ҳавастмандкунии ҳамаҷониба ба олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон барои корҳои эҷодии илмияшон шароити хуб фароҳам меорад. Дар айни ҳол барои вусъат бахшидани илмҳои ҷомеашиносӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда, олимону мутахассисони соҳа водор карда мешаванд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёди тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро дар роҳи ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик ба таври шоиста иҷро намоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри рушди устувори илми ватанӣ, хусусан, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ниҳоди асосии пешбарандаи он Академияи илмҳо соли 2020 ба мақоми баланди миллӣ сазовор гардонида шуд. Ба пажуҳишгоҳҳои Академия барои таҷҳизонидани лабораторияҳо, ташкили экспедитсияҳо, омодасозӣ ва нашри асарҳои илмӣ маблағҳои калон ҷудо карда мешавад. Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонда шуд, яъне, 54 баробар афзоиш дода шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ: пажуҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, Маркази илмии кишоварзии Помир, Маркази ҷумҳуриявии илмиву таҳқиқотии пиллапарварӣ аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд, Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Дар низоми илму маорифи кишвар ду ниҳоди муҳим: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф фаъолият мекунанд, ки таҳқиқи илмии масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба зиммаи онҳо гузошта шудааст. Ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин ҷо зикри чанд нуқта муҳим ба назар мерасад: якум, дар асри пешрафти босуръати илм, техникаву технологияҳо давлатро бо низоми асримиёнагӣ ва хурофоту тафаккури ақибмонда обод кардан ғайриимкон аст, зеро ояндаро бидуни технологияҳои пешрафтаи коммуникатсиониву рақамӣ тасаввур кардан аз имкон берун мебошад; дуюм, пешрафти илм, бе ташаккули тафаккури илмиву техникии муосир, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ дар байни наврасону ҷавонон ва ихтироъкориву навоварӣ ғайри имкон аст; сеюм, танҳо кадрҳои пешрафтаву донишманд, соҳибмаърифату баландихтисос ва навовару ихтироъкор метавонанд давлатро соҳибӣ кунанд ва тараққиёти онро таъмин намоянд. Муҳим он аст, ки ҳалли масъалаи мазкур ба рушди ояндаи Тоҷикистон ва табдил ёфтани он ба кишвари саноативу аграрӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, дар пажуҳишгоҳҳои муассисаи илмии мазкур дар баробари пайваста таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникӣ ва озмоишгоҳӣ, инчунин, диққати махсус ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дода мешавад. Ин аст, ки сол то сол шумораи нафароне, ки дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо таҳсил менамоянд афзун мегардад. Масалан, агар соли 1991 149 ҷавон дар аспирантура таҳсил намуда бошад, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 расид, ки ин 8 баробар зиёд аст. Дар ин замина шумораи узви Академияи миллии илмҳо низ ду баробар афзудааст.
Узви пайваста (академикҳо)-и Академияи миллии Тоҷикистон: М. И. Илолов, Т. Н. Назаров, С. Ҳ. Неъматуллоев, Ф. Раҳимӣ, У. М. Мирсаидов, Н. Раҷабов, К. Олимов ва дигарон саҳми арзандаи худро дар пешрафти илм, тайёр намудани олимони ҷавон мегузоранд. Олимони ҷумҳурӣ бо натиҷаи таҳқиқоти худ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, соҳиби мукофот ва дигар туҳфаҳои арзанда мегарданд.
Дар даҳсолаҳои ахир олимони ҷомеашиноси мактабҳои олии кишвар низ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ таҳқиқотҳои илмии худро оид ба масъалаҳои мубрами таърих, адабиёт, фалсафаи халқи тоҷик, фаъолияти ҳизбу созмонҳо нашр кардаанд.
Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис додашуд. Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлат нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои нақши арзишманд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олимони Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Бо дарназардошти он ки рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошанд, дар ҷумҳурӣ солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд, ки дар ин замина чор санади дахлдор қабул гардид. Дар асоси ин иқдом аз ҷониби вазорату идораҳои масъул як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шуданд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон соли 2021 шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат»[6] таъсис дода, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» эълон карда шуд ва бо мақсади ташвиқи омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмуни зикршуда ғолиб мешаванд, мукофоти пулӣ муқаррар гардид. Барои дастгирии омӯзгорони пешқадами фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ низ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуд.
Чӣ тавре маълум аст, дар баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандон адабиёт мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Бинобар ин шоирон ва нависандагон як силсила асарҳо офарида, дар ташаккули маънавиёти аҳолии кишвар саҳм мегузоранд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шоир ва нависандагони шинохта: Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ӯрун Кӯҳзод, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самадов, Сорбон, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, Салимшо Ҳалимшо, Камол Насрулло, Баҳманёр, Усмон Назирӣ, Ҳадиса Қурбонова, Фарзона, Сиёвуш, Рустами Ваҳҳоб, Олимхон Исматӣ, Ато Ҳамдам, Латофат Кенҷаева, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дигарон асарҳо эҷод карда, онҳоро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бо забонҳои гуногун нашр кардаанд.
Ходимони соҳаи санъат низ бо маҳорати эҷодиашон фарҳанги умумии шаҳрвандонро баланд мебардоранд. Ансамблҳои гуногуни касбӣ ва халқӣ пайваста барномаҳои худро нав намуда, табъи зебоипарастии мардумро баланд бардошта, ба онҳо барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас дар ҳаёту фаъолияти меҳнатиашон илҳом мебахшанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон санъати классикӣ ва мардумии тоҷик боз ҳам рушд меёбад. Хусусан, дар натиҷаи амалӣ гаштани фармонҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили ансамблҳои давлатии шашмақомсароён ва фалаксароён сатҳи фарҳанги зебоипарастии шаҳрвандон торафт баланд мегардад.
Ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ: Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Абдулло Назриев, Одина Ҳошим, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов, Саидқул Билолов, Адҳам Холиқов, Сурайё Қосимова, Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Нигина Амонқулова ва дигарон бо ҳунари волои худ дар дили мухлисон маъво гирифтаанд.
Туфайли ғамхории Ҳукумати кишвар дар зарфи бештар аз сӣ соли гузашта санъаткорону ҳунармандони Тоҷикистон ба даҳҳо мамлакати дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари миллии тоҷиконро ба таври арзанда муаррифӣ карданд.
Телевизион ва радиои Тоҷикистон низ дар гирд овардани дастаҳои ҳунарии мардумӣ хидмат карда, мунтазам доир ба суруд, рақс ва навозандаи беҳтарин озмунҳо мегузаронанд.
Хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон баҳри пешрафти санъат ва умуман, фарҳанги халқи тоҷик низ хидмати беҳамто мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар бештар аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илм, адабиёт ва санъат туфайли ғамхории пайваста рушд ёфта, барои ба давлати тараққикардаи ҷаҳон табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоянд.
Реклама