4. САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ ХАЛҚ

Ҷанги бузурги ватанӣ хоҷагии халқи мамлакатро хароб ва дараҷаи некуаҳволии мардумро хеле паст намуд. Бинобар он пас аз анҷоми ҷанг барои беҳтар намудани некуаҳволии шаҳрвандони мамлакат таъҷилан якчанд тадбирҳо андешида шуданд. Пеш аз ҳама, ҷиҳати муътадил намудани реҷаи меҳнат корҳои мушаххасе, монанди ҷорӣ гардидани рӯзи кории ҳаштсоата, ба ҳафтаи кории шашрӯза гузарондани раванди фаъолияти заҳматкашон, барқарор намудани рӯзи истироҳат ва рухсатии меҳнатӣ, зиёд кардани музди меҳнати коргарон, деҳқонон, хидматчиён ва нафақаи маъюбони ҷанг амалӣ гардиданд. Дар натиҷа, соли 1950 нафақа ва кумаки моддии маъюбони ҷанг қариб ба 70 миллион сӯм расонида шуда, давлат барои маъракаҳои иҷтимоию фарҳангӣ беш аз 3 миллион сӯм ҷудо кард.

Дар баланд гардидани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони мамлакат инчунин аз ҷониби Ҳукумати ИҶШС соли 1947 қабул намудани қарорҳо оид ба бекор намудани тартиби карточкагӣ ба молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва гузаронидани ислоҳоти пулӣ, ки дар натиҷаи он қурби рубли шуравӣ хеле баланд гардид; туфайли комёбиҳои назарраси солҳо 1946 – 1950 дар инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат се маротиба арзон гардидани нархи маҳсулоти ниёзи мардум – хӯрокворӣ, либос ва ғайра нақши муҳим бозиданд.

Солҳои баъдиҷангӣ ба афзоиши шумораи муассисаҳои табобатӣ, шифохонаҳо (санатория) боғчаҳои бачагон, истироҳатгоҳҳои пионерӣ аҳаммияти хосса дода мешуд. Туфайли он танҳо соли 1950 дар лагерҳои пионерӣ ва истироҳатгоҳҳо беш аз 11 ҳазор бачагон истироҳат карданд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани саломатии шаҳрвандон, инчунин ба масъалаи тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳимми ҳифзи саломатӣ ва ташаккули ҷисмонию маънавӣ диққат дода мешуд. Зеро фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамуд. Бинобар он солҳои баъдиҷангӣ дар Тоҷикистон 63 ҳазор варзишгар ва зиёда аз ҳазор коллективи варзишӣ вуҷуд доштанд, ки 279 коллективи онҳо дар колхозҳо фаъолият мекарданд.

Ба бунёди инфрасохтори шаҳру деҳоти кишвар низ диққати махсус дода шуда, тайи солҳои 1946 – 1950 дар Тоҷикистон 418,3 ҳазор метри мураббаъ манзилгоҳ бунёд гардид. Дар шаҳру деҳот нуқтаҳои радио афзуда, шаҳрвандон аз тариқи он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабӣ ошно мегардиданд. Чароғи барқӣ дар ҳаёти деҳот бештар роҳ меёфт.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи бомуваффақият иҷро шудани вазифаҳои панҷсолаи азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ ва пешравии устувори истеҳсолот дар рӯзгори мардум як қатор беҳбудиҳо ба назар мерасиданд: дараҷаи некуаҳволии халқ баланд гардида, дар зиндагии тамоми табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ тағйирот эҳсос карда мешуд; ба тандурустии аҳолӣ диққати махсус дода шуда, шумораи муассисаҳои табобатӣ ва истироҳатӣ сол аз сол зиёд мегардид; симои шаҳру шаҳракҳо, ноҳияю деҳаҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, миқдори манзилгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ афзун мегардид.

Реклама