Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дорои аҳаммияти байналмилалӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон, пурқувват гардидани ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонид. Акнун дар рӯзнома амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, ҳарбӣ кӯшиш карда мешуд.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳу ваҳдатро мустаҳкам мегардонад, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва бозгашти ҳамватанон мусоидат намуданд. Дар ин бобат, алалхусус, қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки мувофиқи он гурезаҳо ва узви оилаи онҳо ба ҷойи доимии истиқомат таъмин гардида, барои интиқоли ройгони молу мулки онҳо шароит фароҳам оварда, ба онҳо барои барқарор кардани манзилҳои харобшуда ва хариди чорво қарзҳои имиёзнок дода мешуданд, шаҳодат медиҳад.
Масъалаи бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ кори осон набуд. Дар паҳлуи омили бадбинӣ ва қасд як силсила омилҳои дигар, аз ҷумла, сӯхта шудани даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, ғорат шудани техника ва молу мулк, хароб гардидани замини корӣ, набудани пул ҷой доштанд, ки иҷрои ин корро душвор менамуданд. Кумакҳое, ки ҳукумат мекард ё созмонҳои башардӯсти байналмилалӣ мерасониданд, барои ҳалли мушкилот кофӣ набуданд. Гузашта аз он, ҳанӯз роҳбарияти мухолифин ба бозгашти гурезаҳо ризоят надошт.
Бинобар ин дар ин самт чораҳои мушаххас, ба монанди вохӯриҳои намояндагони мақомоти низомии кишвар бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин; таҳияи барномаҳо ва мақолаҳои махсус дар васоити ахбори оммавӣ (аз ҷумла, барномаи «Хоки Ватан»-и радиои тоҷик), ки барои бозгашти фирориён хидмати босазо карданд, андешида мешуданд. Барои самаранок амалӣ гардидани чорабиниҳои мазкур қабул ва ворид намудани иловаҳо ба қонунҳои «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи озодии виҷдон» нақши арзанда бозиданд.
Масъалаи сулҳу ягонагӣ дар сарзамини тоҷикон ва василаҳои ба вуҷуд овардани ваҳдати табақаҳои мухталифи ҷомеа низ ба амали Ҳукумат ва ҳамаи мақомоти идорӣ вобастагӣ доштанд. Қонуни афв имкон дод, ки садҳо нафар одамони ҷинояташон ба фаъолияти иҷтимоию сиёсиашон иртиботдошта бахшида шаванд. Дар ҳамин чаҳорчӯб фармонҳои Президентро дар масъалаи ҷамъи силоҳ ёдоварӣ кардан лозим аст, ки ин раванд дар асл аз аввали соли 1993 шуруъ шуда буд. Тавассути ин амал ҳазорҳо силоҳ, аз ҷумла техникаи ҳарбӣ аз дасти мардум гирифта шуданд. Ҳукумат барои исботи он ки давраи нав шуруъ мешавад, яъне, замони муқовимати мусаллаҳ ба охир мерасад, моҳи марти соли 1993 пешниҳоди роҳбарияти Фронти халқиро дар бораи ба анҷом расидани вазифаи ин созмон ба назар гирифта, барои пароканда шудани он дастур дод.
Дар мамлакат, инчунин, тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ дохил кардани намояндагони мухолиф, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи ҳизбҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекунад, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам карданд.
Дар Тоҷикистон шароит барои татбиқи сиёсати байналмилалии сулҳ ҳам фароҳам омад. Сафарҳои расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Туркия, Эрон, Покистон, Чин, ба як қатор мамлакатҳои ИДМ, иштирокаш дар нишастҳои байналмилалӣ ва суханрониҳояш дар иҷлосияҳои СММ (солҳои 1993, 1994 ва 1995), эътироф шудани давлати тоҷикон аз тарафи қариб тамоми мамлакатҳои ҷаҳон намунаҳои ба вуҷуд омадани пояи сулҳу ваҳдат дар мамлакат ба шумор мераванд.
Ҳамин тавр, бояд дарк намоем, ки нигоҳ доштани сулҳ, ваҳдати миллӣ вазифаи конститутсионии мақомоти ҳокимият ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Реклама